Перейти к основному содержанию

01 ноябри соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти сарпарастии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар шаҳри Роғун хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон” бахшида ба 16- ноябр “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғоз роҳбари дастгоҳи НБО- Роғун суханронӣ намуда, ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои роҳандозӣ намудани чунин иқдому ташаббусҳои саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Дар идома директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки рушди соҳаи энергетика ба тарақиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши арзишманд мебозад. Ҳамин аст, ки бо азму талоши созандаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони азими НБО- Роғун камари ҳиммат баста, барои дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон чораҳои муассир меандешанд.

Таъкид гардид, ки пас аз пурра ба истифода ин неругоҳи бузурги аср имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Дар ин замина Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Сипас, раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳиддин Зиёев дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан ҳам расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегие мебошад, ки маҳз бо азму иродаи бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд.

Дар идома як қатор аз олимону мутахассисон доир ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сохтмони НБО- Роғун ва дастёбӣ ба Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.