Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печ буда, халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар масири таърих ҷоннисориҳои зиёде кардааст.
Ватани ҳамаи тоҷикони дунё Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз нигоҳдошт ва ҳифзи он вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки 16-уми ноябри соли 2024 аз гузашти Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-соли рассо пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин саннаи муҳими тақдирсозро дар фазои танинандози сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд. Зеро маҳз 32 сол муқаддам бо иштироки вакилони халқ, баҳри ба як низоми муайян овардани авзои сиёсии ҷомеа дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ баргузор гардид. Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ, даъвати XII меравад, ёдовар мешавем, ки то расидан ба ин айём чӣ мушкилотро аз сар гузаронидем ва ниҳоят ба ҳадаф расидем.
Дар меҳвари Маҷлиси машваратӣ бештар аз ҳама доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шурои Олӣ талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.
Масъалаи муҳим ва мубрами Иҷлосия интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, баррасии масоили интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндаи халқ Мирзоев А. аз ҳавзаи интихоботии № 47, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан намуда, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии Данғара ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 вакили халқ, ки дар Иҷлосия ширкат меварзиданд, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ савганд ёд намуд, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ҳамеша содиқ мемонад, инчунин қайд намуд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо тавонист, дар фазои сулҳу оромӣ, дустӣ, эҳтиром ва эътирофи якдигар рушду равнақ намояд.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхонаи миллӣ, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор додааст. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон дохил гардид.
Имрӯзҳо бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз як гиребон сар бароварда, сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намояд.
Достиева Дилафруз - лаборанти калони Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ