Перейти к основному содержанию
Қабули эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 24 августи соли 1990 ва дар таърихи 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забону фарҳанги миллӣ заминаи созгор муҳайё кард, вале аз ин ҳаводиси фараҳбахш чанде нагузашта, бо таҳрику тавтиаи душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар Тоҷикистон оташи ҷанги дохилӣ забона зад, ки кишварро харобу бозори забону фарҳанги миллиро касод намуд ва ҳазорон мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурд.

Давлату миллат ва забону фарҳанги миллӣ дар ин марҳалаи сарнавиштсоз ба раҳогари ормоние ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлатро комилан ба дасти худ гирифта, киштии муроди миллатро аз ин гирдоби фано ба соҳили наҷот саломат бирасонад. Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар ҳамон рӯзгори тираву душвори фоҷиабор дар як мақолаи худ зери унвони «Наҷоти мо аз давлати миллист», ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (№26 аз 25 июни соли 1992) ба нашр расид, бо дили пурумед ба фардои дурахшони миллат ҳадс зада буд, ки «мумкин аст, шахсияти барҷастае пайдо шавад, ки умдатарин эҳтиёҷоти миллиро амиқан дарк карда, тибқи онҳо бо ҷиддияту қатъияти тамом амал намояд ва давлати иқтидорманди адолатбунёде барпо кунад. Он гоҳ миллат аз рӯйи амалиёту назариёти вай манфиатҳои худро амиқтар дарк мекунад ва ӯро дастгирӣ карда, бо ӯ идеали миллиро ҷомаи амал мепӯшонад...».

Дуои абармардоне чун устод Шакурӣ мустаҷоб шуд ва ба бахти мардуми мо ва савобдиди вакилони фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.

Метавон гуфт, ки бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид.

Сухани ноб ва ширину шевои форсии тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини ҷонбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Абуалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Саноию Аттор, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Соибу Сайидо, Бедилу Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаву Улуғзода... дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод.

Ғояти камоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.

Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.

Ин нукта низ шоистаи таъкид аст, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар ин замина баҳои баланд дода, кору амали эшонро бо талошҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи сӣ ва чили садаи бист барои аз осебҳо раҳо кардани забони тоҷикӣ мубориза мекард ва шогирдону пайравонаш талошҳои ӯро идома доданд, қиёс намуда, гуфта буд: «Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон... он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд».

Ба андешаи устод Шакурӣ бар асари ин иқдом «Дар ҳамин понздаҳ-бист соли охир як чизи бисёр муҳим рӯй дод, ки шумораи касоне, ки ба забони мо босаводона ва хуб гап мезананд, зиёдтар шудааст. Мо телевизион тамошо мекунем, радио гӯш мекунем, дар маҷлисҳо менишинем, дар мулоқотҳо бо роҳбарони идораҳо, бо мансабдорон рӯ ба рӯ мешавем ва мебинем, ки дар байни онҳо касоне, ки бо тоҷикии хуб суҳбат мекунанд ва ба дараҷаи муайян саводи тоҷикӣ доранд, торафт зиёдтар мешаванд. Ин бисёр муваффақияти муҳим аст, ки забони хуби тоҷикӣ ба дараҷаи баландтарин мансабҳо, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ расидааст».

Эҳёи номҳои аслии таърихӣ ва номгузорӣ ба мавзеу маҳалҳое, ки бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои кӯчӣ табдили ном кардаанд, аз иқдомҳои дигари муҳимми Пешвои миллат дар роҳи рушду таҳкими забон ва эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бо шарофати ин иқдом дар харитаи ҷаҳон дар қаламрави Тоҷикистон номҳои Суғд, Бохтар, Хуҷанд ва ғ. дубора арзи ҳастӣ намуда, ба пайванди наслҳо тақвият бахшид.

Сомонӣ ном гирифтани яке аз унсурҳои муҳимми давлатдории миллӣ – пули миллӣ бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дарҷи қитъаи шеър дар паси пул аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, ки ҳампайвандии забону фарҳанг ва иқтисоду молияи моро барои имрӯзу фардо таъмин мекунад.

Бори нахуст дар таърихи нави давлатдории Тоҷикистон бо салоҳдиди Пешвои миллат Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва раёсати он ба зиммаи забоншиноси маъруф, устоди шодравон Додихудои Саймиддин вогузор гардид.

Бо пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки қабл аз рӯзгори Истиқлол ба тасвиб расида буд, таҷдиди назар карда шавад. Бино бар ин, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расид ва ин таърих рӯзи азиздошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки ҳамасола дар кишвари мо бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мешавад.

Бояд гуфт, ки қонуни мазкур дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави мамлакат дар рӯзгори файзбори истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин қонун дар баробари забони тоҷикӣ вазъи ҳуқуқии дигар забонҳои бумии ин марзу бум (забони яғнобӣ ва забонҳои помирӣ), ҳамчунин забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта шудааст.

Бо фароҳам омадани имкону шароит бо ташаббуси Пешвои миллат марҳала ба марҳала барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, ахиран Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси Ҳукумати мамлакат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ солҳои оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадаф ва вазифаҳои барнома асосан нигаҳдошти асолат ва ҳувияти забони модарӣ чун омили ҳастӣ ва бақои миллат дар рӯзгори мо мебошад.

Пешвои миллат дар чанд суханронии худ мухолифати шадидашро ба тамоюли одию омиёна кардани забони адабӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки забони кӯчаву бозор ҳаргиз наметавонад ҷавобгӯйи ниёзмандиҳои аҳли ҷомеа дар рӯзгори имрӯзаи пешрафти босуръати илму фан бошад. Баръакс, Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон таъкид бар он дорад, ки вақти он аст забони давлатӣ дар кишвари мо бо саъйу кӯшиши зиёиён ба пояи забони илм ва технологияи пешқадами муосир расонида шавад ва побапойи замон рушду боландагӣ ёбад.

Ёдоварӣ мебояд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон андеша ва мулоҳизаҳои худро дар бораи забон дар аксари асару мақола ва суханрониҳои худ, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» баён намудааст. Ба хусус, ҷилдҳои аввалу дувуми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз ва комгорию нокомиҳои он аз замони ташаккул то ибтидои асри XX дар бар мегирад, дастури хуби омӯзиши таърихи забон барои дӯстдорону алоқамандони забони модарист.

Дар ҳамин китоб Пешвои миллат таъкид ба он дорад, ки «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳимми забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид».

Ба назар чунин мерасад, ки худи Пешвои миллат низ дар фурӯ нишондани оташи ҷанги бародаркуш ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик бо силоҳи ваҳдатофари забон, ки нахустсухани фаъолияти давлатдорияш: «ман ба шумо сулҳ меоварам» буд, мубориза кард ва пирӯз омад.

Дар охир зикри ин матлаб муҳим дониста мешавад, ки устоди бузургвор Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки умри дарози пурбаракат сарфи рушди забону фарҳанги миллӣ намуд, нақши меҳварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи рушди забон ва худшиносии миллӣ дар рӯзгори Истиқлол таъкид карда, бо самимияту садоқати ба худ хос фармуда буд: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд». Ин сухани устоди зиндаёд ҳақиқатест, ки ҷойи ҳеч шакку тардид надорад.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон