Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми бофарҳанг, созанда ва ободкори Тоҷикистон ҳар сол 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомати бузург ва дастовезҳои меҳнатӣ ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат, мардуми саховатпеша ва бонангу номуси Тоҷикистон ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар маркази ҷумҳурӣ, вилоёт ва ноҳияҳо даст ба ободкориву созандагӣ зада тибқи роҳнамудҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти дӯстдоштаашон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҳаёти осуда ва ором, ба хотири ободии маҳалҳои зисташон саъю кӯшиш менамоянд.

Ободкориву созандагӣ ва эҷодкорӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ба як ҳаракат, ҷумбиш ва ё мусобиқа табдил ёфтааст. Ҳар як нафаре, ки имконият дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки гӯшае аз деҳа, ҷамоа, ноҳия ва шаҳри хешро ободу зебо гардонад, Дар натиҷаи дилсӯзӣ ба ватан ва эҳтиром ба Пешвои миллат, мардум дар маҳалҳои зисташон ба сохтмони пулҳо, макотиб, ҳаммом, каналу ҷӯйборҳо, ҳамвору қирпӯш кардани роҳҳо, ташкили боғҳо ва парвариши ниҳолҳои мевадору бе мева, кабудизоркунӣ, сохтмони манзилҳои зисти ҳозиразамон ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалҳои зисташон аз таҳти дил меҳнат мекунанд. Дар раъси ин ҳаракат худи Ҷаноби Олӣ-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.
Банда чанд соле пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифои вазифа мекардам. Ҳар сол ақаллан як бор Президени мӯҳтарами мо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ширкат дар ин ё он чорабинии аҳамияти байналхалқӣ дошта ва ё бо даъвати раҳбарияти Эрон бо сафарҳои корӣ, давлатӣ, дӯстона ва ғайра ташриф меоварданд.

Дар бозгашт Президенти мамлакат дар борхонаи ҳавопаймо (багажное отделение) аз ин кишвар дарахтҳо, гулу гиёҳҳои зебо ва камёбро баъзан ҳамчун тӯҳфа аз ҶИЭ ва бештар ҳолатҳо харидорӣ намуда ба Тоҷикистони азиз меоварданд. Ҳамчунин, ҳар сол бо супориши Пешво мутахассисини соҳаи боғдорӣ ва кабудизокунии ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омада, тавассути роҳи заминӣ бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм ба шаҳру навоҳии Эрон сафар карда, аз он ҷо дарахтони гароннарх ва гулу гиёхҳои зебу зинатбахшро харидорӣ намуда ба Душанбе меоварданд.

Ҳоло ин сарсабзиҳои Душанбешаҳр, гулкории чаманистонҳо ва боғҳои истироҳатӣ, сабзу зебо гардонидани хиёбонҳо ва майдонҳои атрофи идороту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ худ аз худ ба амал наомадаанд, балки бо Сардорӣ ва ҳидояту пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат ва меҳнати зиёди дастандаркорони соҳаҳои мухталиф ба вуҷуд омадаанд. Мо бе ягон муболиға метавонем шаҳри Душанберо шаҳри гулҳо ва дарахтони зебо номгузорӣ намоем. Ҳамаи ин ободиҳо, созандагиҳо, сарсабзиҳову зебогиҳо бо шарофати Ҷаноби Олӣ буда, аз завқи баланди Пешвои миллат дарак медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат дар бисёре аз суханрониҳояшон мардумро ба ободу зебо гардонидани ватани аҷдодияшон, маҳалли зисташон даъват намуда, борҳо фармудаанд,ки мо бояд барои ояндагони худамон як Ватани ободу зебо ва сарсабзу озода ба мерос гузорем ва ин ватани маҳбубро, ки номаш Тоҷикистон аст, сидқан дӯст дорем.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар-ин башоратест аз сохтмони мактаб, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, идороти фарҳангӣ, китобхонаву музей, тӯйхонаҳо, обод гардонидани гӯшае аз ноободиҳо, бо чашми дигар нигоҳ кардан ба шароити хонаву дар ва маҳалли зист, хулоса, монанд ва наздик кардани деҳот ба шаҳр мебошад.

Ҳоло шаҳри Душанберо шинохта намешавад. Дар тамоми гӯшаву канор ва маркази шаҳр сохтмонҳои гуногун бо суръат ҷараён дорад. Касоне, ки чанд сол қабл аз Душанбе бар асари нооромиҳои солхои навадум аз кишвар рафта буданд ва ҳоло барои дидорбинӣ бо хешу таборашон ба ин ҷо омадаанд, ҳайрон шуда ҳатто роҳгум мезананд.

Амнияти Душабешаҳр ва тамоми кишвар, боз як падидаи ноёбест дар минтақа. Ду-се сол қабл шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои муътабари умумиҷаҳонӣ дар қатори 10 шаҳри дорои амнияти комил ворид карда шуда буд. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мо агар солҳои 90-умро бо имрӯз муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон мебошад. Дар ин масъала низ нақши асосиро Президенти кишвар бозида, дар як муддати кӯтоҳ амнияти ому томро на танҳо дар Душанбе, балки дар тамом қаламрави мамлакат таъмин намуданд.

Моро лозим ва зарур аст, ки дастовардҳои Истиқлолияти давлатиямонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба созандагӣ, ободкорӣ ва зебову сарсабз гардонидани кишварамон идома диҳем.

Н.Холназаров, ходими калони илмии Шуъбаи Шарқии Наздик ва Миёнаи Институти омузиши масъалаи давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ