Перейти к основному содержанию

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рамзҳои сиёсӣ, ки парчам яке аз муҳимтарини онҳо ба шумор рафта, дар баробари нишони миллӣ, суруди миллӣ таҷассумгари маҷудияти давлат дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад, рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ буда, арзиши муҳиме барои ҳар як миллат мебошад.

Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатеро ифода менамояд, ки мавҷудият ва амалу идоракунӣ, ҳудуд ва хусусиятҳои миллӣ-иҷтимоии аҳолии он, дарк ва ифодаи манфиатҳои миллиаш аз ҷониби ҷомеаи умум ба таври расмӣ қабул шуда бошад. Хусусан соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне зиёда аз яксаду навад кишвари ҷаҳон-узви Созмони Милали Муттаҳид, таҷассуми ташаккули истиқлоли сиёсии он буда боиси ифтихору эхтироми шаҳрвандони кишвари мо мебошад.

Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон мавқеи онро дар ҳаёти сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ тағйироти куллиро ба миён овард, ки пеш аз ҳама дар ҷой ва мақоми муайянро соҳиб гардидани кишвар дар арсаи байналмилалӣ зоҳир гардид. Дар муддати кутоҳи таърихӣ Тоҷикистон мебоист ба истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ ноил гардад, ки дар шароити солҳои 90 ва нобасомониҳои дар пай овардаи он яке аз корҳои хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Имруз мо бо ифтихор мегуем, ки таҳти роҳбарии пурсамар ва дурбинонаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ҳамаи мушкилотро паси сар намуда ба истиқлоли воқеии худ дар ҳамаи самтҳо ноил ва бо қудрату тавоноии ҷавонмардона онро таҳкиму истеҳком бахшида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ташккули истиқлоли худ ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии сатҳи олӣ чун намояндаи аввали миллат иштирок ва суханрониҳо намуда ба ҷаҳониён оид ба пайдоиши давлати нав, сиёсати дохиливу хориҷии он ахборот дод, бо ташаббусҳои наҷиби сатҳи глобалӣ баромад карда ҳувияти сулҳдустона, хирадпарварона ва озодидусти тоҷиконро муаррифӣ кард.

Истиқлолияти сиёсии кишвар дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тағқироти куллиро ба миён оварда зарурати ба таври фаврӣ барқарор ва ё эҷод намудани рамзҳои сиёсии давлатиро ба миён овард. Рамзҳои сиёсӣ муаррифгари кишвар, хатти пешгирифтаи сиёсӣ ва орзуву ормонҳо, яъне идеологияи давлатро дар дохил ва хориҷи он ифода менамоянд. Онҳо барои барҳам додани қафомонии иҷтимоиву иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ заминаи воқеӣ муҳайё менамоянд.[1]

Рамзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзишҳои олӣ, муқаддасотеанд, ки нишон, парчам, суруди миллӣ буда дахлнопазирии онҳо тариқи қонун ҳимоя карда мешаванд. Рамзи давлатӣ ин нишонаи махусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳангию сиёсб ва миллии ифодакунандаи мазмуни ғоявӣ ва ҳувияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст.[2] Парчами давлатӣ дар байни нишонаҳои дигари давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамчун рамзи давлатӣ метавонад ҷузъҳои муайяни нишони миллиро дар бар гирад.

Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод мешуд. Рисолати парчамдорӣ пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда онро дар парчами худ ифода намоянд.

Таърихи парчамдории тоҷикон гарчанде бо таърихи бостонии миллат вобастагии қавӣ дошта он бо дирафши ковиёнӣ марбут дониста мешавад, рамзиёти парчамҳои таърихи навтарини Тоҷикистон онро ифода намекард. Агар ба парчами давлатии Тоҷикистони даврони шуравӣ, ки камаш 7 маротиба тағйири шакл кардааст, рамзиёти таърихӣ дида намешавад. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҷумҳурии навтаъсис аз таърихи пешинаи худ даст кашида ба истилоҳи Мавлоно, пайрави нав буда аз куҳна даст мекашид ва ба истилоҳи Ҳофизи Шерозӣ олам ва одами навро месохт. Дар ин олами нав, ки давлати коргару деҳқонро таҷассум мекард, рамзиёти меҳнати ин ду қишри ҷомеа, боигарии деҳқонӣ-пахта ва гандум, рамзи ситора ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ ифода шуда буданд. Дар нишони давлатии то соли 1992 ситораи осмонии пешина ба ситораи сурх табдил шуда бо рамзиёти давлатҳои дохили Иттифоқ ҳамгун карда шуд. Дигар рамзи парчам ва нишон албатта офтоб ва нурҳои тиллоии он буд, ки аз табиати офтобии кишвар дарак дода рамзи ояндаи дурахшони онро ифода мекард. Дар парчами солҳои 1924 то 1953 номи ҷумҳурӣ бо расми хатти қабулшуда дарҷ карда шуда бошад, баъди соли 1953 номи кишвар дар парчам дарҷ карда намешавад.

Муҳаққиқи рамзиёти давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Саъдӣ хеле дуруст қайд карда аст, ки дар рамзҳои сиёсӣ фаозия ва сохтори мафҳумии онҳо вазифаи коммуникатсиониро ба ҷо меоваранд, ки ҳадаф-ҷалби диққати шумораи бештари ҳамфикрону тарафдорон аст.[3]

Аз ин лиҳоз, дар парчами соли 1991, ки дар он танҳо рангҳои миллӣ мавҷуд буда ягон ишорати дигаре ба чашм намерасад, таъсири муҳорибаи неруҳои мухталифи сиёсии навтаъсиси солзои 80-90-ум таҷассум ёфтааст. Дар ин давра дар муддати кутоҳ беш аз 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 12 ҷунбишҳои мардумӣ, созмон ва иттиҳодияҳои халқӣ 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ба миён омада ҳар яке ба ҳокимият, раванди идораи ҷомеа таъсир ворид карда, манфиатҳои худро пеш мебурданд. Онҳо новобаста аз мақом ва нақше, ки дар ҷомеа ва раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ доштанд ба сиёсати калон даст мезаданд ва саъи тақсими ҳокимиятро доштанд.[4]

Ин ваъияти ногувор дар шаклу намуди парчами он давра ифода гардид, ки дар он ваҳдату ягонагӣ, мақсаду мароми умум, ғояи муттаҳидгари амиқ дида намешавад ва танҳо ишорате ба мавҷудияти кишвар боқӣ мондааст.

Ҳамин тавр, дарки ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятдорӣ аз арзишу манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҷомеа дар замони соҳибислиқлолӣ хеле муҳим аст. Масъалаи истиҷлолияти сиёсӣ бошад бо макон, замон ва низоми арзишҳо ва рамзҳои сиёсӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.

Парчами миллӣ рамзи фарқкунандаи давлаӣ, ҳудудҳои марзии давлатии он мебошад, ки бо рангу нишонаҳои махсус ифода ёфта бо санадҳои қонунгузории махсус танзим карда мешавад.[5]

Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст. Дар он сароғози таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар гузошта шуда бо тасдиқ ва пешниҳоди Парчами давлат чун муқаддасоти миллӣ, роҳбарияти олии ишвар оид ба нияти неки зери он муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаиистиқлол эълом дошт. Азбаски вазъи кишвар хеле ноором буд, танҳо дар соли 1999 низомномаи марбут қабул ва тартиби афрохтан ва тасвири он муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ташаббуси қонунгузории хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда дар он тартиби афрохтани Прачам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Дар ин Қонун ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар будани Парчами давлатӣ эътироф гардида, худи Қонун 12 майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори қонуни мазкур гуфта мешавад: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.[6]

Эътироф гардидани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ рамзи ватандорӣ ва самимона дуст доштани Ватани маҳбуб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муҳтараму азиз донистани ҳар қатра хоку оби он ба шумор меравад. Меҳру муҳаббат ба Ватан эҳсоси олӣ аст ва алоҳаи шадидтар аз меҳри Ватан вуҷуд надорад. Тавре Мавлонои бузургвор мегуяд:

Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,

Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?[7]

Парчами парафшон ифодаи обоодии ватан буда, акси он – нишонаи таназзули ҳар гун мамлакат аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандагари дирузу имруз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоягари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавони рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллатро бо таърихи куҳани худ ифода менамояд.

Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Он моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзуб ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллӣ қувваи сафарбар ва муттаҳидгари қавӣ дорад, ки барои муттаҳиду воҳид шудан даъват менамояд. Он ифодагари ватандустиву миҳанпарварӣ буда илҳомбахши ҷидду ҷаҳди мардум барои дифои марзу буми муқаддаси ватан, эъмори ҷомеаи адолатпарвари оянда мебошад. Он нишонаи бақоми давлат, ваҳдау ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ мебошад. Ҷорӣ кардани оини наҷиби парчамдории ниёгор дар байни ҷавонон дар онҳо ҳисси ифтихори ватандорӣ ва дарки масъулияти онро мепарварад.

Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими стратегияи давлат ба шумор меравад. Насли ҷавон, ки даҳшат ва вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро надидааст, метавонад таҳти таъсири фарҳангҳои ғайр қарор гирад. Бинобар ин дар байни ҷавонону наврасон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ то таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул дода шуда онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намуд.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.

Дар ин руз аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30ми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд. Минбаъд ин иқдоми наҷибро мардуми кишвар ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳар маркази воҳиди маъмурии худ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо обод кардани боғу гулгаштҳои зебо бо тарзу намуди беҳтарини меъмориву шаҳрсозӣ эъмор намуда дар он ҷо бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ин анъанаи ниёгон чорабиниҳои муҳими давлатӣ, тарбиявиву фарҳангӣ баргузор ва лаҳзаҳои нотакрори ҳаёташонро қайд менамоянд. Дар ин ҷои муқаддас кудакони мо аввалин дарси сиёсии худро бо дарки рамзиёти парчам меомузанд, ки онро Президенти кишвар хеле хуб шарҳ додаанд: “Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарзанги миллӣ ва сиёсӣ буда, Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабх- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррумӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.[8]

Аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён иъикос ёфта он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Шери болдор, ки дар маркази Дирафши Ковиён ҷойгир шудааст рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат буда он дар руи осмони кабул инъикос ёфтааст. Тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари асоси Нишони давлатии кишвар буда дар қисмати болоии чубдасти Ливо лавҳаи заррин бо номи насаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ шудааст. Нуги ҷубдасти Ливо шакли гунбази зариинро дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани эҳтироми он ҷавобгарӣ муайян намудааст. Дар он таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле ки набошад манъ карда шудааст.

Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ догтан дар қисмати болоии қасрҳо ва жар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд.

Маҳмадҷонова М.Т. раиси Шурои бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон