Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардиданаш дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллиро ба манфиати халқу давлат равона сохта, то санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад, қабул ва мавриди амал қарор дод.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқадасоти миллӣ ба шумор меравад ва ин пеш аз ҳама дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст.
Ҳар сол рӯзи 24 ноябрро дар мамлакат ҳамчун рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. 24-майи соли 2011 маҳз бо иқдоми Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рамзҳои давлатӣ парчам ва нишон поягузорӣ шуданд ва парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба баландии 165 метраи худ дар ҷаҳон ҷои аввал истода, дар китоби “Рекордҳои Генес” сабти ном шудааст.
Албата ин ифтихори бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик ва дастоварди истиқлолияти кишварамон мебошад.
Парчами миллӣ, аввалин рамзи худшиносӣ ва муаянкунандаи қудрати сиёсӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки яке аз миллатҳои соҳибтаъриху тамаддун дар ақсои олам шинохта шудаанд, дар аввалин марҳилаҳои давлатдории худ дорои пачам буданд. Далели ин нуқта достони “Коваи оҳакнгар”- “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.
Парчами аввалини давлати Тоҷикон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Пайдоишаш аз соли 1922 ба шумор мерафт. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал соли 1929 ва маротибаи дуюм 24 феврали соли 1931 Конститутсияи худро қабул кард, ки моддаи 93 он дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сухан мерафт. Ба моддаи санади меъёрӣ ҳуқуқие, ки муносибатро танзим мекард, чанд маротиба низ тағирот ворид карда шуда буд. Масалан дар соли 1938 дар моддаи мазкур калимаи Ҷумҳурӣ ба калимаи Республика иваз карда шуд. Ва ниҳоят 20 марти соли 1953 охирин бор рассом М.П. Шликов онро дар тасвири нав пешниҳод кард. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар натиҷа коммисияи махсус барои таҳияи парчами давлатӣ ташкил карда шуд.
Парчам 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол тасдиқ гардид. Аслан рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекард, инъикоси худро ёфта буданд.
Баъдан 12-майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии парчам, нишон ва суруди миллиро муқарар менамояд. Яъне пештар низомномаҳои марбут бо рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидагӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқарар менамоянд.
11- ноябри соли 2009 вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки мувофиқи он ҳарсола дар кишвар 24-ноябр ҳамчун рӯзи парчам ҷашн гирифта мешавад, қарор қабул карданд.
Тибқи талаботи моддаи – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷойҳои зерин бо таври доимӣ афрухта мешавад:
-дар боло ё пештоқи бино ва ё дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомотҳои дигари иҷрокунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ.
Парчам ин муттаҳид намудани мардум барои мақсадҳои ягона мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозааш бо риояи даққиқи ҳаҷму рангиасл тасвир карда шуда, ин аз се ранг иборат аст: сурх, сафед ва сабз. Дар парчам, тоҷ, ҳафт ситора бо ранги тиллоӣ ҷой гирифтаанд. Ранги сурх-мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият. Ранги сафед- бахту иқболи сафед, покизагӣ. Ранги сабз- саъйу кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан. Тоҷ- рамзи истиқлолияту озодии кишвар, ҳафт ситора рамзи ҳафт диёри таърихию зебоманзари Тоҷикистон- Суғд, Зарафшон, Рашт, Ҳисор, Вахш, Хатлону Бадахшон мебошад. Дар Бадахшон то имрӯз ранги сурх нишони хушбахтӣ, хушҳолӣ ва некуаҳволӣ, сафед нишонаи покӣ ва рӯшноӣ, сабз нишонаи табиат ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошад. Парчамҳо беш аз 3000 сол таърих дошта, аввалин бор дар Миср, Чин, Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешаванд.
Дар асоси гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки парчами давлатӣ муқаддасоти милли кишвар ба ҳисоб рафта дар арсаи байналмиллалӣмуаррифкунандаи давлату миллат буда, аз соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлат шаҳодат медиҳад.
Қайд намудани рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 24- ноябри соли 2009 сурат гирифтааст, ки ҳар сол ин санаи муборак дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Расулов Т.М.- ходими калони илмии Муассисаи давалатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Расули Ф.Т.- ходими илмии Муассисаи давалатии «Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»