Перейти к основному содержанию

19 ноябри соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иттифоқи касабаи олимону кормандони АМИТ бо иштироки муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ Миралӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа якчанд масъалаҳои мубрам доир ба шароити кору фаъолияти илмии олимону кормандон дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо, инчунин муҳайё намудани шароити зист, дастгирии олимони ҷавон, саҳм гузоштан дар пешбурди сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар чорабиниҳои илмию ҷумҳуриявӣ, навиштани мақолаҳои илмию омавӣ доир ба ҷашну санаҳои таърихӣ баррасӣ гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа масъулин зикр доштанд, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса равона намудаанд. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии олимони ҷавон ва барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ дода истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар пайравӣ аз ин сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кушиш доранд, ки маҳз барои беҳтар намудани шароити зист ва кору фаъолияти олимону кормандон чораҳои мушаххас андешанд.