Имрӯз (25.11.2024) таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Зимни ҷаласа рафти иҷрои барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи (30.05.2024) қайд гардида буд, ки дар арзёбии фаъолияти ҳар як олим ду меъёр аслӣ ва асосӣ ҳисобида мешавад. Дар аввал бояд корҳои илмию таҳқиқотӣдар сатҳи зарурӣ баргузор карда шаванд. Баъдан барои омода намудани кадрҳои илмӣ масъулин бояд чораҳои мушаххас андешанд.
Дар робита ба ин Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»- ро дар ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 банд иборат аст. Ҳамчунин дар 12 банди ин масъулияти иҷрои бандҳо бар души Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, яке аз масъалаҳои асосие, ки мо дар доираи барномаи мазкур иҷро намоем ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд тайёр кардани кадрҳои баланди илмӣ қаблан бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзимкунандаи самти мазкурро омода ва пешниҳод намоем.
Таъкид гардид, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣмутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.