Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони ҷавони илмӣ, докторантҳо, омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати дарёфти Ҷоиза ва дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон озмун эълон менамояд:
- дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ;
- дар соҳаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ;
- дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.
Барои баррасӣ корҳои илмие қабул карда мешаванд, ки дар рушди илм, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар аҳаммияти муҳим дошта, бо аслияти худ дар гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмӣ фарқ мекунанд, ҳамчунин ба офаридан ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқ намудани равандҳои пешрафтаи технологӣ, мавод, мошин ва механизмҳо мусоидат менамоянд.
Ба дарёфти ҷоиза корҳои кормандони ҷавони илмӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии синнашон то 35-сола (дар ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ) қабул карда мешаванд.
Корҳо бояд дар 2 нусха дар шакли чопӣ пешниҳод карда шаванд. Ба ҳар як кори пешбаришаванда пешниҳод (дар як нусха) замима карда мешавад, ки дар он нусха аз протоколи ҷаласаҳои шурои олимон, мушовараи вазоратҳо ё шурои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешбарии корҳо ва муаллифони онҳо ба дарёфти ҷоизаҳо; номи кор, замони анҷом ёфтан ва дар истеҳсолот татбиқ шудани он, баҳододи умумии кор, миқёси амалисозии он ва нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ нишон дода мешаванд.
Барои пешниҳоди кор ҳамчунин маълумотҳои зерин замима карда мешавад:
- ному насаби корманд (аз рӯйи шиноснома), санаи таваллуд, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (номзади илм, доктори илм, профессор), ҷойи кор, вазифа, сӯроға ва рақами телефон;
- шарҳи мухтасари кор (дар 1 нусха) бо имзои муаллиф.
Кори илмӣ бо ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд дар ду ҷузва (папка) бо навиштаҷоти «Ба дарёфти ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон» пешниҳод карда шавад. Дар рӯйи ҷузва номи муассисаи илмӣ ё муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки он ҷо кор иҷро шудааст, номи кор, ному насаби муаллиф навишта мешавад.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.12. 2024.
Рақами телефон барои тамос: 221-04-77, 919810212, 927040908
Шахси масъул: раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ н.и.ф. Зиёев С.Н.