Перейти к основному содержанию

3 декабри соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонконференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон», бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Конференсияро директори Институт д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд ки инсонияти мутараққӣ солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро, ки дар Париж 10 декабри с. 1948 қабул шудааст, бо тантана ҷашн мегирад. Дар ин санад бори аввал стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҷой дода шуда, он ба 500 забонҳои ҷаҳон дастрас мебошад ва ҳамчун санади аз ҳама зиёд тарҷумашаванда ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Ин санад ба таъсиси низомҳои миллӣ ва минтақавии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ниҳодҳо ва қонунгузории давлатҳо таъсири рӯҳбаландкунанда мерасонад ва ба пойдевори низоми ҳимояи ҳуқуқи инсон мубаддал гаштааст. Мавсуф даъват ба амал овард, ки аз низоми ҳимоятие, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон пойдевори он аст, пайваста пуштибонӣ намоем

Баъд сухан ба мудири Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ҳамин Институт д.и.ҳ., профессор Саидумар Раҷабов дода шуд. Ӯ дар мавзуи «Стандартҳои ҳуқуқи инсон дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ» баромад намуда, мафҳуми «стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон» ва сарчашмаҳои онро таҳлил намуд. Нотиқ дар асоси омӯзиши ақидаҳои олимони мухталифи ватанию хориҷӣтаърифи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро таҳия намуда, нақши онҳоро дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ ва сиёсати миллӣ нишон дод.

Сухани навбатиро сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институт узви вобастаи АМИТ, д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. гирифта, дар мавзуи «Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун қисми таркибии ҳуқуқи инсон» баромад намуд. Ӯ муҳим будани ин ҳуқуқро бо такя ба Конститутсияи ҶТ(моддаи 12) асоснок карда, фаъолияти соҳибкорӣ, намудҳои он, нақши инҳисор дар он ва дигар ҷанбаҳои ин фаъолиятро таҳлил намуда, зарурияти онро барои рушди иқтисодиёти кишвар, таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣхеле муҳим арзёбӣнамуд.

Дар баромади сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институт д.и.ҳ., профессор Шарипов Т.Ш. дар мавзуи «Мутобиқати қонунгузории ҷиноятӣ бо санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон» масоили мубрам – бартарияти Конститутсияи ҶТ нисбати санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда суханронӣ намуд. Ӯ афзуд, ки ин санадҳо мустақиман ба инобат гирифта намешаванд ва барои татбиқи онҳо дар амалияи судӣбояд меъёрҳои ин санадҳо дар Кодекси ҷиноятӣ ҷой дода шуда, мушаххас карда шаванд.

Дар баромади дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент Абдуллозода П.С. сухан дар бораи муаммои истирдод дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон рафт. Баъзе меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, мисли ҳукм баровардан дар ғиёби шахс, эҷод кардани монеаҳо ҳини истирдоди ҷинояткор аз давлатҳои хориҷӣ ба санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мухолифат доранд ва барои ҳалли онҳо пешниҳодҳо ироа намуд.

Дар музокираҳо иштирокчиёни конференсия Бобоҷонзода И.Ҳ., Каҳҳоров Ғ., Ҷонбобоиён С., Муродова Т. ва дигарон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои қаноатдиҳанда гирифтанд.

Давоми конференсия дар бахшҳо доир гардида, дар он Холинов Д.М. – докторанти PHD шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон дар замони сулҳ ва ҷанг», Давлатзода А.Б. – докторанти PHD шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии дар мавзуи «Шарҳи универсалии даврӣ», Ҷабборов Ф.Н. – д.и.ҳ. ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии дар мавзуи «Ҳуқуқ ба об ҳамчун қисми таркибии ҳуқуқи инсон», Раҳмонзода Ш.Қ. – унвонҷӯи шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавзуи «Такмили механизмҳои имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии экологӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигарон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.