Таҳти ин унвон имрӯз дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати АМИТ 10- умин Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо., Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша., Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон., Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт., Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқи Насиба., муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Юсуфӣ Хайринисо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози конфронс Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша суханронӣ намуда нақши занонро дар рушду такомули илм, муаррифии ҳаёт ва фаъолияти олимаҳои шинохтаи тоҷик, дастоварду комёбиҳои занон дар ҷодаи пажӯҳиши илмӣ муҳим арзёбӣ намуд. Сипас дар ҷараёни суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо нақши занону бонувони кишваро дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷаъмиятиву сиёсӣ муҳим арзёби намуд.
Дар идомаи конфронси мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханрони қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа марҳила ба марҳила боло рафта вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардидаанд.