Имрӯз (19.02.2024) вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти астрофизикаи АМИТ баргузор гардид. Дар вохурӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи олимони ҷавон дар олимпиядаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ раҳнамоӣ намуд.
Зимни вохурӣ доир ба масъалаҳои самаранок истифодабарии озмоишгоҳҳо, зиёд кардани сафи номзадону олимони соҳа, ҷоннок кардани кор дар расадхонаҳои шаҳри Ҳисор, Расадхонаи астрономии Санглох дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Расадхонаи астрономии Помир, маслиҳатҳои судманд дода, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба “Бистсолаи омӯзиши рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои боз ҳам баланд бардоштани кор ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан дар самти астрофизика ба масъулини институт маслиҳатҳои муфиду судманд ва дастурҳои мушаххас доданд.