Перейти к основному содержанию

Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, дар таърихи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нишасти 13-уми курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро ба ин курс шодбош намуданд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суҳбат қайд намуданд, ки: “Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илмомӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намудаанд ва бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст”.