Перейти к основному содержанию
Дар низоми давлатдории муосир Паём ба парлумон як ҳуҷҷати намунавӣ, санади расмӣ, барномасоз ва муайянкунанда ё дастурест, ки барои кори ҳамаи сохторҳо роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии мамлакатро таҳлил намуда ва вазифагузориҳоро барои соли оянда ва солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар Паём дастовардҳо дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда мешавад.

Боиси хурсандист, ки Паёми имсола дар бинои нави хуштарҳу замонавӣ ва барҳавои мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Сарвари давлат кормандони ин мақоми олиро табрик намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба халқу ватан ҳидоят намуданд.

Дар як Паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабтдошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар оғози Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр шуд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Дар замони муосир шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа рақамикунонии иқтисодиёт ва роҳандозии барномаҳои рақамиву электронӣ арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад”.

Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ ва дар Паёмҳои каблӣ оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки то охири соли 2025 ҳамаи намуди пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия буда, табдирҳои мазкур имкон медиҳад, ки дар рушди ҷомеа ва давлат боз ҳам қадамҳои устувор гузошта шавад.

Яке аз монеаҳои ҷиддие, ки дар пешорӯи рушди ҷомеа ва давлат қарор дошт, ин мушкилиҳо дар самти таъминоти аҳолӣ бо барқ маҳсуб меёбад. Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакат, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд ва марҳила ба марҳила ба ин ҳадафи олии пешгирифтаи Роҳбари давлат хоҳем расид. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ зикр намуданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». Яъне, ин яке аз дастовардҳои бузургтарин мебошад, ки халқи тоҷик зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба он ноил мегардад.

Натиҷаи таҳлили Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, ҳамзамон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки масъулини соҳаҳои зикргардидаро мебояд, баҳри рушди соҳсҳои номбурда кушиш ба харҷ диҳанд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро бар арсаи гармшавии иқлим дар солҳои охири асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.

Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад мебошад.

Пешниҳодҳои саривақтӣ ва зарурии Пешвои муаззами миллат ба созмони бонуфузи байналмилалии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва ҷонибдорӣ ёфтани ин пешниҳодҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инҳо масъалаҳое, ҳастанд, ки на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба нафъи тамоми сайёра аст. Аз он ҷумла ташаббуси қаблии Пешвои муаззами миллат, ки солҳои 2018 – 2028 – ро даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон доштанд, ки ин ба манфиати тамоми сайёра аст, чун ки ҳамарӯза аз навиштаҳои матбуотии олимону таҳқиқотчиён ва ё аз тариқи оинаи нилгуну шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему мебинем, ки чи қадар аҳолии рӯи замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва мақсад аз масъалагузории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии ҷаҳон мебошад.

Ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар боло ёдовар шудем, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аст, инҳам бошад, аз муътадилии обу ҳаво, сарчашмаи таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолии ҷаҳон, ҳифз ва эмин нигоҳ доштани мардум аз офатҳои табиӣ ва осоиштагии аҳолии ҷаҳони муосирр дар бар мегирад.

Расулзода Ҳомидҷон – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон