Перейти к основному содержанию

Имрӯз (04.01.2025) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он кормандони институт ширкат варзиданд.

Миззи мудавварро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м.Раҳимзода А.О. кушода, оиди якчанд масъалаҳои калидӣ, ки дар меҳвари паёми навбарӣ таваҷҷуҳро зиёдтар ҷалб менамуд, ин пеш аз ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакат, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо, ҳифзу қироати “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ, диди тоза ва пажуҳишҳои саривақтӣ дар шинохти “Наврӯз”, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла одамрабоӣ, терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, инчунин ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ҳурмату эҳтиром миёни ҷавонон ва калонсолон, эҳтиром ба зан – модар, этикаи касбӣ, маърифати молиявии шаҳрвандон ва варзишу ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим буданд баромад намуданд.

Инчунин, ходими калони илмӣ н.и.ф.м. Шарифзода А. дар мавзӯи «Рушди маориф - масъулияти умумимиллӣ » суханрнӣ намуда, зикр намуд, ки Пешвои миллат дар паёми худ таъкид карданд, ки рушди соҳаи маориф масъулияти умумимиллӣ мебошад ва ин маънои онро дорад, ки натанҳо давлат балки тамоми табақаҳои ҷомеъа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошанд.