Перейти к основному содержанию

1231Абӯалӣ Сино нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуфи закӣ, шоир ва табиби мумтозест, ки то ҳанӯз олами илмро бо бузургии донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, дар Бухорои шариф сарзамини аҷдодию ниёгонамон ба дунё омадааст. Абӯалӣ Сино дар бисёр соҳаҳои илмҳои замонаш то ба ҷое расидааст, ки ба унвонҳои гуногуни олии Шайхурраис, Раисулуқало (сардори оқилон) Хуҷҷатулҳак, (исботкунандаи ҳак,) ва устод, муаллим сазовор гардидааст. Баҳсу талошҳо нисбати мансубияти ӯ ба кадом халқияту миллат мутаалиқ будан чанд аср боз дар байни арабу турк ва дигар халқҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки ин хеле аҷиб аст. Вале аз тарҷумаи ҳоле, ки худи ӯ навиштааст бармеояд, ки модарашон Ситорабону тоҷики Бухороӣ ва падарашон Абдулло аз тоҷикони Балх будааст. Дигар ба баҳс кашидани ин масъала, азхуд кардан ӯ бояд маънӣ надошта бошад.

Худи ӯ гӯё, ки ин даъвоҳоро ҳанӯз дар замони зиндагонияшон беасос ҳисобида, изҳор менамояд, ки :

Бупаҳрезу ҳазар мекун, мабодо ки расад бар ту,

Дами гуфтори шамшерам ва ё шамшери гуфторам.

Бузургии ӯро истифода намуда, имрӯз қавмҳои хонабардуши саҳроӣ, ки дар замони зиндагонии ӯ ҳамчун халқият вуҷуд надоштанд, даъвои мансубияти миллии ӯро доранд. Аз чӣ бошад ҳама мехоанд, ки ӯро азхуд кунанд ва Сино нафаре аз миллати онҳо бошад?

Мавриди қайд аст, ки Сино шахсияти нотакрорест, ки дар замонаш ба ҳама посухҳо ба ҷуз аз марг ҷавоб гуфта метавонист. Ин аст, ки дар тули зёда аз 1000 сол мо тоҷикон ва дигар эронтаборон ба ному нангу илму дониши ӯ ифтихору эҳтиром мегузорем. То ҳанӯз шеъри ҳазорсолаи Сино самимияту кайфияти худро гум накардааст. Сино устоди забон низ ҳаст, ки аввалин китоби дарсии “фонетикаро” навиштааст.

Академик , Мусо Диноршоев изҳори андеша доштанд, ки: Хизмати Абуалӣ Сино дар соҳаи маърифати инсонӣ , фақат иборат аз он нест, ки ӯ ба як ҷиддияти хос ташхиси илмӣ , назарияи пешгирии касалӣ ва табобати онро ба вуҷуд овардааст, балки саҳми ӯ дар он кашфиёту он идеяҳое мебошад, ки ояндаи илми тибро пешгӯӣ мекарданд.[1]

Воқеан, хизматҳои Абӯалӣ Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ минҷумла дар илми тиб ва фалсафа низ хеле бузург аст.

Ӯ мавзӯи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст: якум, мавзӯе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дуввум, мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад, ҳикмати амалист, чун ки дар ҷомеа аз ҷумла сиёсат, ахлоқ, чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунад.

Танҳо асарҳои ба илм тиб бахшидаи ин мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки аксари асарҳои тиббии ӯ ба ғайр аз “Рисолаи набз” бо забони арабӣ таълиф шудаанд. Рисолаи набз”-и ӯ бо забони модариашон иншо гардидааст.ки бисёриҳо намедонанд.

Аз 276 китоби калону хурде, ки Ибни Сино таълиф намудааст, 182-тоаш ба масъалаҳои фалсафа ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Машҳуртарин китобҳои фалсафии ӯ “Китоб-уш Шифо”, “Китоби Наҷот”, “Ишорат” ва “Донишнома” мебошанд. “Донишнома”-ро ӯ ба забони модариаш таълиф намудааст, ки он аввалин асари фалсафии бо забони тоҷикӣ-форсӣ таълифёфта ба шумор меравад.[2]

Ақидаҳои тиббии Сино дар ташаккулу инкишофи донишу истеъдоди назари ва амалии бисёр олимону фозилон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳатто дар тули асрҳои зиёд байни олимони тиббу файласуфон баҳсу мунозираҳои зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Нисбати бузургию донишмандии ин ҳакими хирадманд на танҳо китобу мақолаҳои зиёд, балки бештари бузургону олимони дунё суханони неку воломақом навиштаанд.

Тарафи дигари бузургии таълимоти Сино аз он иборат аст, ки ӯ бештар ба илмҳои табиӣ ва дақиқ такя намуда, ақидаҳои таълиму тарбиявии худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар китоби “Қонуни тиб” ин мутафаккири борикбин баъзе ченакҳои илми варзишро бо қонунҳои асосии илми тиб мувофиқа намуда, тарбияи баданро ҳамчун илме, ки сиҳатӣ ва саломатии инсонро муҳофизат менамояд, муаррифӣ менамояд.

Ӯ вобаста ба ин дар «Уруҷуза фи-т-тиб» менависад: «Тиб асосан ҳомии саломатист. Вай касалро аз руи нишондодҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад».

Бузургтарин асари ӯ “ Қонуни тиб”, ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошанд ӯро машҳури дунё гардонидааст, ки соли 1020-ум онро ба итмом расонидааст. «Қонуни тиб» бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар аср XII бо забони лотинӣ баргардонида шудааст.Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бемисл бо нашрҳои чудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъд аз ин “Қонуни тиб» зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.

Албатта, доштани чунин нобиға дар рӯзгор ба худ муҳиммияти хосса дорад, ки айни замон, мавриди баҳсҳои мухталиф гардидааст. Худи ба андешаи Сино, “шахсоне, ки ҳақиқату моҳияти дунёро маърифат мекунанд, покдил, шуҷоъ ва боғайратанд. Онҳоро бояд одамон ориф ва донишманд номанд”. Вале нафароне, ки дар илм ба дуруғпардозӣ гирифтор шуда, бузургони дигаронро аз худ менамоянд аз асли воқеа бехабаранд. Чунин гуфтори Сино дар бора онҳо “ дониши ақлӣ ба ҳастии ашёи ҷузъӣ муҳтоҷ нест ва ашёро бе ин ҳам тасвир мекунанд” [3] рост меояд. Аз ин бармеояд, ки даъвои азхуд намудани Шайхурраис Абуалӣ Сино дигар на мантиқ дораду на маъно. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ибни Синоро ба мансубияти миллӣ аз худ кардани бегонагон амри муҳол аст. Ӯ худаш дар ҳамон замон менависад, ки: “ турку зангӣ ғулом” аст. Пас имрӯз даъвоҳои туркона назар доштан чӣ мантиқ доранд.Аз инҷо , дар мақола чунин хулосабардорӣ када мешавад:

Аввалан, касоне, ки ӯро аз миллати худ барои бузург шуданашон даъво доранд ба онҳо иззату обрӯ ва тавоноии илмӣ орзу менамоем.Албатта офтобро ба домон пӯшида намешавад.

Дуюм, ин амали онҳо баъди соҳибистиқлолӣ барои муаррифии миллату халқияти ҷавони хеш мебошад.Магар имрӯз бо номи қотилони давру замон Чингизу Темур ва дигар бадхоҳон ифтихор доштан мумкин аст? Албатта не. Аз ин рӯ, аз худ кардани шахсиятҳои таърихии дигар миллатҳо, китобу дафтар ва фарҳангӣ онҳо ягона роҳе барои худмуаррифии дуруғини фарҳангии онҳо мебошад.

Сеюм, аз худ намудани бузургони мо аз ҷониби бегонагон ин хавфу хатар ва таҳдидҳои репутатсиониеро ба бор меоранд, ки дар айни замон, ҳамчун нерӯи нарм ба муқобили мо истифода бурда, мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ дошта, арзишҳои миллии худро ҳифз карда тавонем. Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби бегонагон азхуд намудани шаҳрҳои таърихӣ, арзишҳо ва тақлид ба расму русуми мо мисли бемориест,ки як хуруҷ мекунаду боз хомӯш мешавад. Аммо шунидану дидани ин ҳақиқати талх новобаста аз оне ки таъсири манфӣ дорад , аммо дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи башарият паст задани авлоду фарҳанги чунин даъвогарон ва бебунёдони таърихист.

Хамин тавр, Абуалӣ Сино файласуф, донишманд ва равшангари розҳои ниҳонии илми тоҷик буда, ҳамчун фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамеша тарғиби ақлу хирадро аз дигар андешаҳо боло гузоштааст. Ӯ ибрози андеша менамояд, ки инсон бояд фикри худро аз олоишу омезиши разилу нопок солим дорад. Ин аст, ки эшон ақлро меъёри рушду нумуи ҷомеа ва инсон донистааст. Аз ин рӯ , имрӯз дар асри ХХ1, ки дигарон ба кайҳон расидаанд, даъвоҳои кӣ аз кучост, дар куҷо ба дунё омадааст, мансубият ба кадом қавму миллат дорад? бунёде надоранд. Офтоб офтоб аст, аз нурҳои гармии он истифода баред, офтоб мллату мазҳаб надорад аз он ғизо гиред ва сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону намоед, ки ӯ Синоӣ бузургро ба мою шумо ва дунё тақдим кард.

Муҳаммад Абдураҳмон,узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор