Перейти к основному содержанию

“Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни биэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳамасола санаи 23 февралро халқи тоҷик рӯзи таъсисёбии яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як муҳаббати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ ба хизматчиён ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолият, амният ва тамомияти арзии кишвари азизамон мебошад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти кишвар хизмат мекунад. Он дар шароити душвори сиёсиву иҷтимоӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст.

Дар давоми солҳои сипаришуда Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ то кунун се марҳиларо паси сар намудааст. Марҳилаи аввал, ки, аллакай сипарӣ шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Давраи асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳануз ҳам идома дорад.

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ҳамасола бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо хизматчиёни ҳарбӣ гузаронида мешавад.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҷашн барои хизматчиёни ҳарбӣ, балки рамзи Ваҳдат, истиқлолият ва сулҳи мардуми мо мебошад. Артиши миллӣ барои ҳар як шаҳрванд нишондиҳандаи ҳифзи арзишҳои давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Артиши миллӣ вазифаи ҳифзи марзҳои давлатӣ, таъмини амнияти дохилӣ ва омодагӣ ба ҷавобгӯ будан ба таҳдидҳои имконпазирро ба уҳда дорад. Дар ин замина, хизматчиёни ҳарбӣ на танҳо ҳимояи мустақими кишварро ба зимма доранд, балки бо иштироки худ дар корҳои башардӯстона, бартараф намудани офатҳои табиӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои гуногун саҳми босазо мегузоранд.

Тайи солҳои охир Артиши миллии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин гардида, сатҳи омодагии хизматчиёни ҳарбӣ хеле беҳтар шудааст. Омӯзишҳои мунтазам, машқҳои муштараки байналмилалӣ бо артиши кишварҳои ҳамсоя ва ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон заминаи устувори инкишофи артиши моро таъмин намудаанд.

Хулоса Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як муассисаи муҳими давлатӣ, балки як омили асосии ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ мебошад. Мо ҷавонон бо ифтихор ва ҳисси ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайвандем, ки ин нишондиҳандаи эътимод ва меҳри мардум ба артиши миллӣ мебошад.

Мо низ дар баробари дигар шаҳрвндон пас аз хатми донишгоҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда,қарзи худро дар назди Ватан иҷро кардем ва аз ҷавонони имрӯза даъват менамоем, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда, ҳамчун насли ватандӯст қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан - Модари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарбаландона иҷро намоянд.

Мо бояд ба хизмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони баландрутбаи артиш қадр гузорем ва саҳми арзандаи худро дар рушди ин ниҳоди муҳими давлатӣ бигузорем, зеро артиши миллӣ кафили боэътимоди амнияти кишварамон буда, рамзи ифтихор ва сарбаландии миллии мо мебошад.

Мирзоев Амирҷон - мудири сектори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд

Исматдинов Мӯминҷон – ходими илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд