Санъати ҳарбии аҷдоди қадими тоҷикон
Қадимтарин сарчашмаҳои хаттии қабоили ориёитабор - «Ригведа» ва «Авесто» гувоҳӣ медиҳанд, ки дар давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд табақаи низомиён вуҷуд дошт, ки “саворагони дучархаҳои ҷангӣ” унвон дошта, бо вижагиҳои либос ва умуман, намуди зоҳирӣ аз дигар гуруҳҳои ҷамъиятӣ фарқ мекарданд. Бо ташаккулёбии давлатдориҳои мазкур дар сарзамини Осиёи Миёна санъати ҳарбӣ низ рушду такомул меёфт. Агар қаблан ҷангҳо характери байни қабилавӣ дошта бошанд, акнун сипоҳиён рисолати дигар – ҳифзи якпорчагии давлат ва муҳофизати сарҳадҳои онро пайгирӣ мекарданд. Марзҳои давлатҳои мазкур бо истеҳкомҳо иҳота шуда буданд. Артиши давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд аз сарбозони савораи мусаллаҳ иборат буд, ки зиреҳ ва кулоҳ ба бар карда буданд. Ин гуна таҷҳизот ва навъҳои аслиҳа баъдтар дар охири асри V пеш аз милод дар Эрон ва Осиёи Ғарбӣ низ паҳн шуда буд.
Яроқу аслиҳа
Дар мавриди яроқу аслиҳаи бохтариён ва суғдиёни қадим бояд иброз дошт, ки онҳо зимни ҳамла ба душман бештар аз ханҷар ва шамшерҳои оҳанин ва баъзан биринҷӣ истифода мебурданд. Сарбозони бохтарӣ ханҷарҳои хешро, ки феълан бо номи корд маъмул аст ва дар сарчашмаҳо бо истилоҳи «акинак» ёд мешавад, дар камарбанди тарафи рости худ нигоҳдорӣ мекарданд. Дарозии шамшерҳои онҳо то 1,2 м. мерасид. Дар набард аксар вақт табарҳои ҷангии оҳанини як ва дудама—сагариҳо истифода мешуданд. Дар набардҳо аз найзаҳо низ, ки хеле дароз буданд, васеъ истифода мебурданд. Воқеан, бояд зикр кард, ки бохтариёни қадим найзаандозони хеле моҳир буданд, ки сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд. Тиру камон низ ҳамчун силоҳи дурандоз дар байни бохтариён ва суғдиён хеле маъмул гашта буд. Барои омода кардани тирҳои бохтарӣ, суғдӣ, парфиёнӣ ва хоразмӣ асосан аз най истифода мебурданд.
Тактика ва стратегия. Иншооти мудофиавӣ-ҳарбӣ
Бештар аз дуюним ҳазор сол пеш аз ин аҷдоди тоҷикон усулҳои бурдани чангро коркард намуданд. Хеле моҳирона аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода мебурданд.
Ҳанӯз дар асрҳои VII-V пеш аз милод дар Бохтар истеҳкомҳо сохта шуда буданд. Дар Бохтари Шимолӣ, дар поёноби руди Кофарниҳон, дар шаҳраки Қалъаи Мири ноҳияи Қубодиён маҷмуаи истиқоматии хеле харобшудаи замони бохтариёни қадим кашф шудааст, ки гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ин ҷо бисьёр унсурҳои таҷҳизоти ҳарбӣ, тирҳои биринҷӣ, ки ба давраи подшоҳии Бохтар тааллуқ доранд, пайдо гардиданд.
Дар лашкари Ҳахоманишиён бохтариён хеле зиёд буданд. Ба ҷуз аз бохтариҳо, ба ин лашкар суғдиҳо ва ҳиндуҳо низ дохил мешуданд. Савораи вазнини мусаллаҳ, бори аввал дар лашкари Ҳахоманишиҳо дар миёнаҳои асри V пеш аз мелод пайдо мешавад. Бояд зикр кард, ки ғалабаро аз болои юнониҳо маҳз онҳо таъмин намуда буданд.
Санъати чангии Ҳайтолиён
Санъати ҳарбии аҷдоди тоҷикон дар садсолаҳои баъдӣ рушду такомул ёфта, дар ибтидои асрҳои миёна ба авҷи баланд расид. Ҳайтолиён, ки як давраи кутоҳе ҳукмронӣ кардаанд, аз ҷиҳати маҳорати ҳарбӣ аз бисьёр давлатҳои минтақа бартарӣ доштанд. Санъати ҳарбии онҳо, бахусус дар стратегия ва усулҳои гузаронидани набардҳо таҷассум мегардид. Барои мудофиа аз усулҳои гуногуни ҳарбӣ, аз қабили кандани ҳандакҳои чуқур васеъ истифода мебурданд. Артиши Ҳайтолиён хеле пурқувват буда, ба шарофати инфрасохтори пешрафтаи иқтисодӣ, кишоварзӣ ва истеҳсолоти ҳунармандӣ бо яроҳу аслиҳаи беҳтарин мусаллаҳ буданд. Ҳайтолиён ақибгоҳи мустаҳкам доштанд. Дар ҷангҳои ҳалкунанда Ҳайтолиён усули акибнишиниро ба кор бурда, душманро ба доми худ мекашиданд. Ҳайтолиён нишонзанҳои моҳир маҳсуб меёфтанд. Вале аслиҳаи асосии онҳо шамшер буд, ки 94 см дарозӣ дошт.
Ҳолати ҳарбӣ-ҷангии Бармакиён, Тоҳириён ва Саффориён
Дар идораи харбии хилофат яке аз сулолаҳои маҳалӣ бо исми Бармакиён тавонистанд, ки аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ артиши бузурге таъсис диҳанд, ки гӯё ба 500 ҳазор нафар мерасид. Лашкари тавонои Бармакиён ҳатто ба хилофати араб тахдид мекард (ИТН. Т.2. С.321). Дар замони Тоҳириён феодалҳои маҳаллӣ отрядҳои ғозиёнро, ки ба истилоҳ «муборизони эътиқод» ва «ал-мутавул», ки маънояш «ихтиёриён» мебошанд, таъсис доданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Саффориён дар ибтидо ду ҳазор сарбоз доштанд, вале аллакай дар солҳои 874-75 теъдоди лашкари онҳо ба 15000 аскари савора ба пиёда расида буд. Сарбозони Яқуб ибни Лайси саффор хеле хуб мусаллаҳ шуда буданд. Дар набардҳои ҳалкунанда, махсусан ҳангоми забт кардани калъаҳо, Яъқуб аз 5 ҳазор шутури бохтарӣ ва 10 ҳазор хар истифода мебурд. Илова бар ин, дар ҷангҳо филҳои ҷангӣ низ истифода мешуданд, ки миёни урдуи душман тарсу ваҳм бармеангехтанд.
САНЪАТИ ҲАРБИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Таркиб, сохтор ва навъҳои Артиш дар давлати Сомониён дар замони подшоҳии Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ асос гузошта шуд. Дар сафи лашкари Сомониён дар баробари тоҷикон, туркҳо, арабҳо, курдҳо, ҳиндуҳо ва намояндагони дигар миллатҳо хизмат мекарданд. Вазифаи ҳиндуҳо аз нигоҳубин ва назорати филҳои ҷангӣ иборат буд. Дар дафтари низомии давлати Сомониён ҳуҷҷати муҳимми нигоҳдории маълумот - китоби баҳисобгирии афсарон мавҷуд буд. Дар он тамоми маълумот дар бораи шахсияти ҳар як сарвари низомӣ, аз ҷумла насаб, ном, миллат ва навъи қушун, инчунин вазъи хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли як сол сабт шудааст. Тибқи иттилоъи ин санад ҷанговарони давлати Сомониён ҳуқуқ надоштанд, ки ба артиши дигар кишварҳо шомил гарданд. Танҳо ҷанговарони доимӣва касбӣ мунтазам маош мегирифтанд. Дар давраи ҷангҳо фармони сафарбаркунии умумӣ содир гардида, аз ҳисоби аҳолии деҳот ҳайати лашкар пурра карда мешуд. Яке аз вижагиҳои лашкари Сомониён дар он буд, ки он ба ду тоифа – посбонони доимӣ ва дастаҳои муваққатӣ тақсим мешуд. Мақоми аз ҳама баландро дар лашкари Сомониён сипаҳсолор - сарлашкар ишғол мекард. Мутаассифона, дар нимаи дуюми асри Х амирони сомонӣ, ки худ бештар ба айшу ишрат дода шуда буданд, зимоми идории лашкарро ба ғуломони турк доданд, ки ин ҳолат, ба ақидаи муҳаққиқон, яке аз сабабҳои инқироз ва парокандашавии давлати бузурги Сомониён маҳсуб меёбад.
ТАКТИКА ВА СТРАТЕГИЯ
Усулҳои гузаронидани набард дар лашкари Сомониён вижагиҳои худро дошт. Яке аз усулҳои маъмул он буд, ки сарбозон дар панҷ сутун саф мекашиданд. Қисмати пеш ё дастаҳои пешгард, қисми қафо, паҳлӯҳои рост ва чап. Қисмати марказ муҳимтарин сутун маҳсуб меёфт. Ҳуҷумро ба урдуи душман дастаҳои савора оғоз мекарданд, аз паси онҳо сарбозони пиёда ва тирандозон ҳуҷумро идома медоданд. Барои ҳуҷуми ногаҳонӣ сарбозон аз ду ҷониб камин мегирифтанд. Бо ин мақсад бештар гузаргоҳҳои куҳӣ дар роҳи душман истифода бурда мешуданд. Дар ин гуна гузаргоҳҳо дастаҳои пешгом аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода намуда, душманро ба дарунтари дара мекашиданд. Дар лаҳзаи муносиб дастаҳои камингирифта ногаҳон ба душман ҳуҷум оварда, муҳорибаро ба фоидаи хеш анҷом медоданд.
АРТИШ ВА ХИЗМАТИ ХАРБӢ ДАР АМОРАТИ БУХОРО
Аз асрҳои XIV–XVто замони таъсис ёфтани аморати Бухоро низоми лашкар, стратегияи ҳарбӣ, тактикаи ҷангӣ ва мудофиа, рутбаҳо ва мансабҳои ҳарбӣ, вазифаҳо амалан бетағйир монданд. Қоидаҳои ҳарбӣ дар асоси анъанаҳои муғулҳо ва аҳолии маҳаллӣ тартиб ёфта буданд. Дар низоми лашкардории аморати Бухоро танҳо дар асри XIX таҳаввулот ба амал омада, артиши доимӣтаъсис дода шуд. Марҳалаи якуми ташкил ёфтани артиши мунтазами аморати Бухоро то солҳои 30-юми асри XIX давом кардааст. Марҳалаи дуюми ташаккули идораи лашкар ва низоми ҳарбии аморати Бухоро то солхои 60-уми асри XIX идома кардааст.
Дар замони амир Насрулло (1827—1860) лашкари аморат ба дастаҳои 100-нафарӣ тақсим шуда, ба ҳар як даста як мири сад сардорӣ мекард. Ба дастаи иборат аз 50 нафар панҷбошӣ роҳбарӣ мекард. Дастаҳои даҳнафарӣ низ мавҷуд буданд, ки тахти фармондеҳии даҳбошӣ қарор доштанд.
Дар охири асри ХХ дар аморат баъзе ислоҳот гузаронида шуд. Ислоҳоти низомии соли 1895, ки амир Сайид Абдулаҳадхон анҷом дод, ба шумораи сарбозон дахл дошт. Вай шумораи сарбозонро аз 11.400 то 10.000 нафар кам кард, ки он аз 12 батальон (8200 сарбоз, 52 офицер ва 12 командири дивизия), 2 эскадрильяи савора (600 сарбоз, 5 офицер ва 2 командири артиш) иборат буд. Дар солҳои 1917—1920 артиши аморати Бухоро аз ҳафт дивизия иборат буд.
ДАР АРТИШИ ШУРАВӢ
Артиши ҷавони Шуравӣ дар Тоҷикистон дар давраи муборизаи зидди гуруҳҳои босмачиён ташкил шуда буд. Бояд зикр кард, ки Давлати Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои бародарӣ артишҳои миллӣ таъсис надод. Намояндагони ин ҷумҳуриҳо дар сафи Артиши Шуравӣ хизмат карда, маҳорати ҷангии худро баланд мебардоштанд. Аввалин қисми низомии Артиши Сурх аз ҷониби ихтиёриён дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд. Дар ин қисми ҳарбӣ аз тоҷикони маҳаллӣ нахустин афсарони сурх Чура Зокиров, Баротбек Хотамбек, Юсуф Маюнус, Ахмад Узбеков, Дадабой Холматов, Абдуғафор Бокибой, Усмон Газиев, Турсун Нурматов, Додо Норматов хизмат мекарданд.
ШУҶОАТИ ТОҶИКОН ДАР ҶБВ
Саҳми ҷанговарони тоҷик, бахусус дар набардҳои ҶБВ хеле назаррас аст. Дар ҶБВ аз Тоҷикистон 290000 нафар сафарбар шуда, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд. 58000 ҷанговарони тоҷик бо ордену медал сарфароз шуданд. 54 нафар унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 19 нафар ба ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардиданд.
Дар Тоҷикистон дивизияи 20-уми ордени Лениндори Савораи куҳӣ дар моҳи октябри соли 1941 таъсис ёфта буд. Ин дивизия ба муҳофизати Москва фиристода шуда, баъдтар дар муҳорибаҳои зиёд дар бисьёр фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуд. Моҳи декабри соли 1941 дар Тоҷикистон бригадаҳои алоҳидаи тирандози 98 ва 99 ташкил карда шуданд. Дар солҳои 1941—1942 дивизияҳои 104, 61 ва 63-уми савора ташкил карда шуданд. Баъдан боз якчанд воҳидҳои ҷудогона ба фронт фиристода шуданд, ки дар байни онҳо баталёни 31-уми алоҳидаи тирандози тоҷикон низ буд. Илова бар ин, тоҷикон дар ҳайати 11 воҳиди нави низомӣ, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буданд, меҷангиданд. Дар байни онҳо баталёнҳои 45-уми савораи эҳтиётӣ, 179-уми миномётӣ ва 213-уми гвардиявии артиллерия, полки 106-уми ҳавоии ҳуҷумкунанда фарқ мекарданд. Дар солҳои минбаъдаи ҷанг полки 45-уми савораи эҳтиётӣ ва полки 179-уми миномётчиён ташкил карда шуд. Ҳамаи ин қисмҳои ҳарбӣ, ки дар ҳайати онҳо тоҷикон низ буданд, дар муҳорибаҳои калони такдирсоз ба муқобили истилогарони фашистӣ иштирок доштанд.
Ташаккул ва рушди ҚМ Тоҷикистони соҳибистиқлол
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба се марҳила тақсим кард. Давраи аввал аз соли 1992 – аз таъсис ёфтани Кумитаи дифоъ оғоз гардида, то моҳи июни соли 1997 давом кардааст. Ҳадафи асосии давраи аввал таъсиси Артиши миллӣ– ташкили қувваҳои мусаллаҳи қодир ба таъмини истиқлолият, якпорчагии Ватан ва ҳаёти осоишта буд. Дар ин давра асосҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» ва дигар қонунҳои муҳимми ташкилӣ ва хуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда шуданд.
Давраи дуюм аз соли 1997 оғоз шуда, то соли 2005-ро дар бар мегирад. Ин давраи азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ мебошад. Дар ин давра навъҳои асосӣ — қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва қувваҳои мудофиаи ҳавоӣ ташкил карда шуданд.
Давраи сеюм, ки аз соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома карда истодааст, барои бозсозӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии Вазорати мудофиа шароит фароҳам овард. Ҳамин тавр, дар тӯли 32 соли фаъолияташ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои таъсиси ибтидоии қисмҳои ҳарбӣ (1992—1997), ташкили Артиши миллӣ ва ташкили навъҳои гуногуни қӯшунҳо (1997-2005) ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад, паси сар кардааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ марҳилаи ташаккул, рушд, муттаҳидшавӣ ва таҳкими сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронида. дар санъати ҳарбӣ, тактика ва стратегия дар Осиёи Марказӣ яке аз артишҳои пешгом маҳсуб меёбад.
Мирзоев Ҷ.А. - ходими пешбари Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ