Перейти к основному содержанию

31231313Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир – терроризм ва экстремизм муваффақ гардад. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша меронад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Дар варақаҳои хабарии мақомотҳои пешрафтаи хабарӣ, номҳои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣшомил шудаанд бештарпайдо мешаванд. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад.

Зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар минтақаи Осиёи Миёна аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Вазъияти геополитикии Осиёи Марказӣ нишон дод, ки таъсири минтақаҳои ноустувор аз қабили Қафқоз, вилояти мухтори Синзияни Чин, Афғонистон, Шарқи Наздик боиси нооромии сиёсӣ гардад. Дар робита ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, табиӣ, иқлимӣ ва таърихӣ водиҳои Фарғона ва Қаротеғин, ки қисман минтақаҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд, имконияти кам доранд барои рушди фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ҳамзамон ин минтақаҳо майдонҳои муносиббарои пинҳон кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, батаври пинҳони ташвиқот кардани идеологияи ифротгароии худ дар байни аҳолии маҳаллӣ имконияти хуб пайдо карданд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурӯхтани яроқу аслиҳа ба гурӯҳҳои гуногун ва оғоз кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурӯҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ ва дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки бо хатари ифротгарои муқовимат намоянд. Зеро роҳи ягонаи муқовимат бо чунин падидаи номатлуб, дастаҷамъона ба вуҷуд овардани роҳҳои коҳишдиҳандаи ин хатар ва мубориза бар зиддӣ он мебошад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хатари ифротгарои ҳар яке бо роҳҳои мухталиф муқовимат менамоянд ва хусусияти ҳар кишвари минтақа гуногун ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир чораҳо барои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгароиро боз ҳам қавитар намуданд. Дар Тоҷикистон бори аввал 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисттон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” интишор шудааст, ки асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат бо ифротгароиро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амниятии давлатро муайян менамояд.

Инчунин, дар Тоҷикистон барои муқовимат бо ифротгароӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм (ифротгарои) ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва “Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм (ифротгарои) ва терроризм” қабул шуд. Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонид.

Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаи мубориза бар зидди ифротгароии сиёсӣ-динӣ ва пешгрии он яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва инчунин мақомоти худидоракунии маҳалливу ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб меравад.

Дар кишвар низоми муқовимат бо ифротгарои ва терроризм ташкил ва рушд ёфта истодааст. Унсурҳои асосии ин низомро: Прокуратураи Генералии кишвар ва воҳидҳои дахлдори Кумитаи амнияти миллӣ, инчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар ва мақомоти маҳаллӣ (комитети маҳаллӣ) дар бар мегиранд. Ҳамзамон, ҳамчун унсурҳои ёрирасон дар ин низом васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар фаъолият менамоянд.

Бо мақсади мубориза бо ифротгарои Ҷумҳурии Узбекистон бо фармони Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев Қонун “Дар бораи муқовимат бо экстремизм (ифротгарои)” аз 30.07.2018 №ҚҶУ-489 қабул шудааст. Мақсади қонуни мазкур танзими муносибатҳо дар самти муқовимат бо ифротгарои мебошад. Дар қонунуни мазкур ба мафҳумҳои “ифротгароӣ”, “фаъолияти ифротгароӣ” ва “гурӯҳҳои ифротгароӣ” ифодаи дақиқ ва фаҳмо дода шудааст.

Барои муқовимат дар самти ифротгароӣ ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ дар Узбекистон корҳои дахлдор гузаронида мешавад, ки он дар ҳамкории мақомати давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҳар сол барномаҳои махсуси давлатӣ барои мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, маводҳои таблиғоти дар интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ), баланд бардоштани таҳаммулпазирии ҷавонон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Қазоқистон. Муқовимат бо терроризм ва ифротгарои динӣ (мазҳабӣ) дар Қазоқистон хусусиятҳои худро дорад ва яке аз самтҳои таъмини амнияти миллии давлат ба ҳисоб меравад.

Санади асосии барои муқовимат бо ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ин Қонун “Дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризм” аз 18 феврали соли 2005 ба ҳисоб меравад, ки базаи асосиро барои дарки моҳияти ифротгароӣ (амалҳои ифротгароӣ) ташкил медиҳад.

Ҳуҷҷати дигари қабулшудае, ки он ҳам хеле муҳим аст, барномаи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) барои солҳои 2018-2020 ба ҳисоб меравад. Дар сарлавҳаи ин ҳуҷҷат омадааст, ки хатари ҷиддӣ барои амнияти миллии кишвар ин масъалаи ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

30 январи соли 2017 дар паёми солонаи худ ба мардум Президенти ҳамонвақтаи кишвар Нурсултон Назарбоев барномаи давлатии “Қазоқистони рақамӣ” – ро таҳия намуд, ки яке аз қисмҳои он ба самти мубориза бар зидии терроризм, ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) ва кибертерроризм равона шуда буд.

Инчунин, дар кишвар барои солҳои 2017-2020 Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои давлатии ин кишвар барномаи давлатии “Мубориза бо ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) ва терроризм дар Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро таҳия намудааст.

Тавре, ки дар лоиҳа қайд карда шудааст, ҳадафи барнома то охири солҳои 2020 - 20% (дар муқоиса бо соли 2016) кам намудани шумораи одамоне, ки ғояҳои ифротиро пайравӣ менамоянд ва барои барангехтани кинаву адовати қавмӣ, миллӣ ва динӣ (мазҳабӣ) мусоидат мекунанд. Ба 95% баланд бардоштани самаранокии кори мақомотҳои дахлдор оид ба пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва амлаҳои террористӣ дар Қазоқистон пешбинӣ шудааст. Инчунин, мувофиқи ин санад то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ки сатҳи амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар кишвар коҳиш дода мешавад ва рафъи оқибатҳои он ҳадди ақал 95%-ро ташкил хоҳад дод.

Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр барои муқовимат бо ифротгарои ва терроризм дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкории худро ба роҳ мондааст. Моҳи ноябри соли 2019 дар Ашқобод оид ба мавзӯи ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мубориза бо терроризм ва ифротгарои машваратҳо баргузор шуданд. Дар он ҷо намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Туркманистон имкони густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро дар доираи созмони мазкур баррасӣ намуданд.

Ғайр аз он, иштирокчиёни вохӯри таъкид доштанд, ки барои муқовимат бо ифротгарои ва терроризм васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури хеле муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамкорӣ бо онҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

НУРАФШОН БОЗОРОВА- Докторант PhD-и бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ