Перейти к основному содержанию

Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» эълон гардида, он ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Он барои бартараф кардани монеаҳо ва кумак расондан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътироф ва саҳми бонувон дар рушди илм таъсис ёфт. Ба хотири болоравии савияи маърифати аҳолии кишвари азизамон аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, ба хусус сарвари олии он, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Президенти кишвар дар ироаи ҳамасолаи Паёмҳои худ таъкидан илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи зеҳнии ҷомеа муаррифӣ менамоянд.

Пӯшида нест, ки занону модарон қувваи бузурги ҷомеа ва тарбиятгару насли созандаи Ватананд. Тамоми бузургони олам дар домани сабзи модар ба камол расида, арзи ҳастӣ карда, тамоми сайёраро нигаҳбонӣ намудаанд. Аз ин хотир, мегӯянд, ки «модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад».

Дар воқеъ, занон қишри фаъоли ҷомеа буда, дар иҷрои босифати вазифаҳои бар зимма дошта пурмасъуланду баробари мардон қадамҳои устувор мегузоранд.

Ба андешаи ин ҷониб, мартаба ва манзалати занро ҳанӯз Фирдавсии бузург дар “Шоҳнома”-и безаволаш тасвир кардааст. Имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона, тариқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳову манзалати зан баланд бардошта шудааст. Тавре зикр гардид, далели ин гуфтаҳо қонуну қарорҳо доир ба баланд бардоштани мартабаи зан дар ҷомеа ва махсусан дар артишанд. Дар Артиши Тоҷикистон занону хизматчиёни ҳарбӣ дар баробари мардон ширкат меварзанд, ҳеҷ кас ҳуқуқҳои онҳоро поймол намекунад. Рӯз то рӯз барои боз ҳам беҳтар намудани хизмати онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида мешавад.

Албатта, занони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Бояд гуфт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занон имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳми назарас доранд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.Умедворем, занони тоҷик бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумӯи ватани азизамон, тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд.

Ҳамин тавр, ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе нақши зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ ва ғайра саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар бағоят бузург аст.

Дастовардҳои олимаҳои тоҷикистонӣ дар тамоми бахш-ҳои илм хеле ҷолиб ва қобили қайданд. Дар байни олимаҳои мо махсусан олимаҳои бахши илми тиб нисбатан сершумор ва хеле фаъол буда, онҳо дар бартараф, пешгирӣ ва муолиҷа намудани бисёр касалиҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Асарҳои бузургҳаҷму дорои аҳамияти калони илмидоштаи онҳо дар соҳаҳои гинекология, терапия, педиатрия, офталмология, кардиология, фармакология на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз марзи он ҳам маълуму машҳуранд.

Дар соҳаҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, адабиёт, таърих, фалсафа, иқтисод низ олимаҳои тоҷикистонӣ корҳои илмии шоиставу арзандаро анҷом додаанд. Илова бар ин, онҳо бо олимони бурунмарзӣ робитаҳои илмиро барқарор карда, дар бисёр тадқиқоти илмӣ ҳамкории бевосита доранд.

Рӯзи байналмилалии Модар, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, реша дар умқи таърих дорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи эҳтиром, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Новобаста аз ин, иди баҳору зебоӣ, иди Рӯзи Модар ҷашни таърихӣ ва сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ, 8-уми март эътироф аз гулу туҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар мебошад.

Ҳамаи модарон ва бонувони тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор, ки оғози эҳёи табият мебошад, яъне Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, барои онҳо беҳтарин хушиҳои зиндагиро самимона таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ ҳамеша дар хонадони Зан-Модари тоҷик ҳукмфармо бошад . Лоиқи бузург ҳатто қисми зиёди шеърҳояшонро дар васфи модар навиштааст,ки мегӯяд:

Сад ҷону дил фидои як муддаъои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтҷӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Зан-Модар офарандаи ҳаёт аз азал дар бунёд гузоштану обод кардани зиндагии инсоният нақши бориз дорад. Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Модар сарчашмаи муҳаббатти беканор, аз ҷумла қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад ва ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Ҳамчунон гуфта шудааст, ки “саодати зиндагӣ дар мафҳуми зан нуҳуфтааст”. Ва бо ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуда буданд: “Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Хуршедзода Шабнам Хуршед - ходими илмии озмоишгоҳи “Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ