Перейти к основному содержанию

Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз замонҳои қадим ҷомеа ба таъсири ахлоқии занон такя мекард. Ин аст, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Зан - модар олиҳаест, ки дар оила роҳат ба вуҷуд оварда, дар хона тартиботу тозагӣ, фазои хуб ва гармии муносибатҳои аҳли хонадонро нигоҳ медорад, инчунин фарзандонашро ба воя мерасонад, дӯст медорад ва ҳимоя мекунад. Барои хушбахтии фарзандон беҳтарин шароити зиндагиро муҳайё месозад. Зан - модар ҳар кореро, ки ба ӯҳда гирад, онро бо масъулият анҷом медиҳад. Аз ин рӯ зан - модари тоҷик шоистаи таҳсин, эҳтиром ва обрӯ дар ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ гардидааст. Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.

Ҳамин тавр, дар ҷомеаи муосир зан будан маънои тавоно буданро дорад. Зан тамоми душвориҳо ва табъизро рафъ намуда, дорои қобилияти дарки ҳақиқат мебошад. Бояд тазаккур дод, ки зан - модар фарзандони худро дар оила ва ҷомеа ҳифз карда метавонад ва дар баробари ин бонуи хонадон буданро ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Мусаллам аст, ки яке аз нақшҳои асосии зан ин модар будан аст. Моҳияти аслии зан дар худи табиат нуҳуфта аст. Зан дар ҳаёти ҳар як шахс дар шаклҳои гуногун нақшҳои зиёдеро мебозад. Аз лаҳзаи ба дунё омадан то охири умр нақшҳояш гуногунанд, аз ҷумла духтар, хоҳар, зан, модар ва дигар вазифаҳоро иҷро мекунад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, вазифаи асосии ӯ зан ва модар будан аст. Қувваи бузурги зан-модар ин шафқат, ҳамдардӣ, ғамхорӣ, маҳорати парвариш кардани гул, кадбонугӣ, сухани нек гуфтан ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли асрҳо зан посбони хонадон буд, дар ҳоле ки ҳама чизе, ки бо ҷаҳони беруна алоқаманд буд, мард гирифта буд. Табиист, ки ин ҳолат ба мард имкон дода буд, ки занро аз ҷиҳати мақом камтар ба эътибор гирад. Аммо дар замони пешрафту тарақиёти илму техникаву технология ва кашфиётҳои беназир вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Бинобар ин мақому манзалати зан дар ҷомеаи муосир комилан дигаргун шуд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки нақши зан дар ҷомеаи муосир дигар бо иҷрои вазифаҳои хонагӣ, нигоҳубини фарзандон, тарбияи онҳо маҳдуд нест.

Ҳамин тариқ, мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Зан - чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Мусаллам аст, ки Рӯзи Модар ба оғози фасли шукуфтанҳову муждаи эҳёи табиат фасли баҳор рост меояд. Дар ин ҳикмати табиат рамзи зебое ҳувайдост, ки аз бузургиву беҳамтоии як муқаддасот, сиришти мубораки модар фариштаи зиндагӣ ва чароғи дару дудмони ҳар яки мо дарак медиҳад. Зани тоҷик бо хиради азалию офаридгорӣ, меҳру самимият, ботамкинӣ ва иффату ахлоқи ҳамида тарбиятгару бунёдкорӣ ҷомеа мебошад.

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,

Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Фасли шукуфтанҳо ва рӯзи Модар ба ҳамаи модарони рӯи дунё ҳумоюн бод!

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.