28- уми феврали соли равон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот намуд.
Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, ва аз намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, Майсем Закизода – корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 9-уми январи соли 1992 барқарор гарида, то ин ҷониб рушду густариш ёфтаанд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкориҳо ва созишномаҳоро миёни ниҳодҳои илмии ду кишвар тақвият бахшида, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди соҳаи илми ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон мусоидат намоем. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои мо бояд ҷиҳати омода намудани олимони ҷавон ва ба самти илм ҷалб намудани магистрантону унвонҷуён тақвият бахшида шаванд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва маълумоти ҷолиб изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуда, мақсади ташрифашро сараввал табрик намудани Хушвахтзода Қ.Х. вобаста ба интихоб шудан ба вазифаи президенти АМИТ изҳор намуда, қайд намуд, ки қаблан бо профессор Хушвахтзода муносибати хуб ва ҳамкориҳои қавӣ дар давраи роҳбарии ДМТ дошта, умедворӣ аз он намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар самти нав ва дар сатҳу сифати тоза густариш хоҳанд ёфт.
Сипас ҷаноби Сафир роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро бо ниҳодҳои илмии тарафайн ва имзои созишномаҳои сифатан навро иброз дошт. Зимнан таъкид дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок, донишҳои илмӣ ва фановариҳои наву ҷадид ба роҳ монем. Ҷаноби Сафир қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон якумин ташрифи хориҷии худро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд, ки ин аз дустиву бародарии роҳбарони ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х таклифҳои Ҷаноби Сафирро бо хушнудӣ пазируфта, барои ҳамкориҳои мутақобиланд манфитабахш изҳори омодагӣ намуд.