Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 14 - уми марти соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ бо ташаббуси шуъбаи фалсафаи фарҳанг дар мавзуи “Наврӯз - рамзи эҳёи табиат ва ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гадид.

Нахуст, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз падидаи бузурги фарҳангии тоҷикон мебошад, ки дар тӯли таърихи беш аз 7 ҳазор сол тавонистааст, ки пойдору ҷовидон бимонад ва ҳамчунин дар осори назмиву насрии миллати тоҷик нақши боризи худро гузорад. Хушбахтона, бо шарофти истиқлоли кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷашни Наврӯз дар кишвар расман ҷашн гирифта мешавад ва бо талошу кушишҳои Пешвои миллат ҷашни Наврӯз ҷашни байналмилалӣ гардид.

Дар идомаи семинар Н.Раҳматуллоев (Назри Яздон) номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ дар мавзуи “Наврӯзи ҷовидона – ободкору фараҳбол” баромад карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Наврӯз ҳам ормон аст, ҳам арзиш аст, аз назари мубрам будани ваҳдати миллӣ дар гузашта, аммо хусусан дар имрӯзи рӯзгори мо шоҳсутуни тамаддуни ориёнӣ аст. Наврӯз натанҳо барои Тоҷикистон хосияти баракатбори ваҳдатсозӣ дорад, балки барои тамоми қавмҳои табори ориёӣ ҳамин гуна ваҳдатсоз аст. Гузашта аз ин ба сабаби ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз ин ҷашни зебоӣ, ободкорӣ, баҳамоварандаи ҳама гуна инсон сарфи назар аз дину ҳизбу рангу нажоду... ваҳдатсози тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.

Мавсуф пешниҳод кард, ки унвони Наврӯз дар шароити бархурди тамадунҳо чунин бошад; “Навруз намоди сулҳи башарӣ” ин пешниҳод ҳам чолиби таваҷҷуҳ аст, ки армуғонҳои дастрас ба монанди футболкаҳо бо нишони Наврӯзи Тоҷикистон зиёд пешниҳод шавад.

Ҳамзамон, ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ Зоҳири Сайфулло дар мавзуи “Нақш ва ҷойгоҳи Наврӯз дар осори классикии тоҷику форс” баромад кард ва номбурда қайд кард, ки то имрӯз ба таври бояду шояд ҷойгоҳ ва аносири Наврӯз дар адабиёти классик таҳқиқу пажуҳиш нагардидааст. Бояд атрофи ин нукта жарф андедишаву пажуҳиш карда шавад, ки заминагузории адабиёти классики тоҷик маҳз Наврӯз аст ва дар ин росто адабиёти классики тоҷику форс меросбари маънавии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Унвонҷӯи шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ Садаф Ҷангибековна низ дар мавзуи “Вижагириҳои фалсафаи Наврӯз дар таҳаввули ҳаёти иҷтимоии инсоният” баромад карда, тазккур дод, ки Наврӯз барномарезиҳои зиндагии инсонро дуруст карда, инсонро ба зиндагии шоиста даъват мекунад ва Наврӯз инсонҳоро ба ҳам васл мекунад.