Перейти к основному содержанию

Сулҳу дӯстиву ҳамҷаворӣ сафо оварад,

Ҷангу душманиву ҷудоӣ бало оварад.

Бибояд ҳама баҳри сулҳи халқи ҷаҳон

Бигирад сабақ зи сулҳи қирғизу тоҷикон.

Осиё аз қораи бузургтарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табиии худ аз мавзеъҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд. Робитаҳои миёни мардумони ин манотиқи аз даврони бостон бо истифода аз Шоҳроҳи Бузурги Абрешим оғоз шуда, бо рафту омади мардумон тавсеа ёфтаанд. Ҳамин тариқ, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолият дарёфт намуда, равобиташонро бо давлатҳо дар асоси принсипу қонунҳои миллии худ ба роҳ мондаанд.

Давлатмардону мардуми Тоҷикистони навин бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш рушду тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатро бо доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ дониста, барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онон пайвасат талош менамоянд. Ҳамин тавр, масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Президенти Тоҷикистон чун як абармарди сиёсати кишвар бо машварату роҳнамоиҳои созандаву саривақтӣ баҳри зиндагии озоду орому осоиштаи мардуми сайёра бахшида, ба ҳайси кишвари сулҳофарину созанда, диёри фарзонагони илму адабу тамаддуну маърифат, макону манбаи кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои тозаву чашмаҳои мусаффо шинохта шуда машҳури ҷаҳон гаштааст.

Ҳамин тавр, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 бар асоси пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барқарор шуданд. Ҳар ду кишвари ҳамсоя ва дӯст бо эҷоди тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ҳамкориашонро идома дода, роҳбарон борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

Дар заминаи он муколамаи сиёсии байни ду кишвар густариш ёфта, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ташкил шуда, дар таҳкими робитаҳо бештару беҳтар кору фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Президенти Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омадан бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам” ҳамеша ба ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ халқи худ ва мардуми аҳли сайёра тасмиму иродаи қавӣ дар замири худ нигоҳ дошта, дар тамоми сиёсатҳои худ, барои таҳкими ваҳдат ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бо роҳҳои дипломатӣ кӯшиш намуда, пайваста ҷоннисориҳо мекунад. Яке аз намунаҳои равшан талошҳои пайвастааш ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад, ки дар давоми солҳои охир бо ташвиқу тарғиби афроди нобарору нобакор боиси нофаҳмиҳо миёни мардуми ҳар ду кишвар шуда, қариб буд, ки ҳар ду ҳамсоя ва дӯстро ба ҷангу ҷидол кашида, хоку хун яксон намояд.

Вале тавассути роҳбарии оқилона, хираду ҷасорат, сабру садоқат ва риояи манфиатҳои миллӣ роҳбарони ҳар ду кишвар, ба хусуси Президенти Тоҷикистон бо унвони доштаи худ чун Асосгузори сулҳу ваҳдат роҳи сулҳро пеш гирифта, санаи 12-13 марти соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом дода, ба хотири ҳифзи наслҳои оянда сулҳу аҳдномаи дӯстӣ баста, заминаро барои таҳкими амну субот дар минтақа кафолати ҳаёти орому осуда фароҳам омад.

Бо роҳбариву роҳнамоии оқилонаи чунин фарзонагони миллат муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуд, ки омили муҳими суботу ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва дӯстии пойдор миёни на танҳо ин ду кишвар, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Кишварҳои Тоҷикистон Қирғизистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои зич дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд. Дар соли 2018 Қирғизистон дар баробари 190 кишвари узви СММ қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони "Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, пешниҳод шуда буд, дастгирӣ кард.

Тоҷикистонниз лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ - омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ", ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ҷонибдорӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд ва меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи тамоми муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард[1].

Зимнан, Осиёи Ҷанубӣ бо кишварҳои ҷудогона тақсимбандии географӣ шуда, давлати Покистон дар соли 1947 истиқлолият ба даст оварда, иқтисодиёти заифро аз мусталикадорони англис мерос гирифт. Роҳбарияти он дар натиҷаи мудирияти дуруст тавонистанд, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, онро ба мамлакати стратегӣ ва кадидии минтақа ва ҷаҳон табдил диҳад.

Дар ин зимн, лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) яке аз лоиҳаи минтақавист, ки ба маблағи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ барои расонидани манфиатҳои пайвастшавӣ миёни кишвари Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошад. Санги асоси лоиҳа дар моҳи майи соли 2016 аз ҷониби раҳбарони кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон сурат гирифт ва интизор меравад, то охири соли 2025 ба натиҷаи ниҳоӣ расад. CASA-1000 аз бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро пайваст ба минтақа таъмин намуда, натанҳо барои чор давлат муфид буда, балки барои такмил додани низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд.

Ин қадами аввалин дар роҳи ташкили бозори минтақавии нерӯи барқи захираҳои бузурги энергетикии Осиёи Марказиро барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар Осиёи Ҷанубӣ дар асоси мутақобилан судманд истифода хоҳад шуд, ки то ба имрӯз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон татбиқи CASA-1000-ро идома дода, корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расидаанд[2].

Мавриди зикр аст, ки 14 марти 2025 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамоиш зери унвони «Ҳамсоягии нек ҳадафи Пешвои миллат» баргузор гардид. Маликшо Неъматзода ходими давлатӣ ва дипломати шинохтаи тоҷикзимни суханронӣ таъкид намуд, ки ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад.

Ба андешаи ӯ муносибатҳои некуҳамсоягӣ дӯстӣ ва бародарии мардуми ҳарду кишварро таҳким бахшида, қадами созанда барои ҳамзистии осоишта мебошад. Дар ин чорабини мазкур директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам суханронӣ намуда, таъкид кард, ки созишномаи марзии баимзорасида натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии ду кишвар буда, барои таъмини субот, амният ва рушди ҳамсоягии нек хидмат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш собиқ котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон ва мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Сайидзода Зафар ва сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии ҳамин Институт Қурбонова Ширин ширкат намуда,оид ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқими амнияти минтақавӣ ва сулҳу субот суханронӣ карданд.

Бояд қайд кард, ки созмону форумҳои минтақавӣ ва кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла вазорати корҳои хориҷии Покистон роҳбарият ва халқҳои бародари Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо ин созишномаи барҷастае, ки хотимаи баҳси тӯлонии марзиро нишон медиҳад, шодбошӣ дода, қайд намудааст, ки “Мо итминон дорем, ки ин чорабинии таърихӣ давраи нави ҳамкорӣ ва пешрафтро дар минтақа мекушояд»[3].

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю башардӯстона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Қирғистон муносибатҳои байни ду халқи бародару ҳамсоя - тоҷикону қирғиз дар партави қаринаҳои пешинаи таърихии худ ва робитаҳои дӯстии устод Мирзо Турсунзодаву Чингиз Айматов маншаъ гирифта, бо рафту омад ва хешу табории мардумони якдигар идома меёбад.

Дар воқеъ, бо тавофуқномаи сулҳу аҳдномаи дӯстии ду кишвар лаҳзаҳои пур аз шодию фараҳ ва чеҳраҳои шукуфон, чашмони пур аз ашки шодии шаҳрвандони бонангу номуси ин ду халқи "бо ҳам ҳамсояву хеш" чунин мисраъҳои шеърии шоири ширинкалом Саъдии Шерозиро ба хотир меорад:

Душманамро бад намехоҳам, ки он бадбахтро,

Ин уқубат бас, ки бинад дӯст ҳам зонӯи дӯст.

Ҳамин тавр, Турсунзодаву Чингиз Айтматов сулҳу дӯстиву пайванди ҳамсоягиро аз арзишҳои олии башарӣ дониста, заминаи рушди ҳаёти фараҳбахшу файзбахши мардумон меҳисобанд.

Набояд фаромӯш кард, ки тамоми қавму мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикону қирғизҳо аз даврони қадим бо доштани рафту омад бо ҳам пайванди наздик дошта, дар заминаи эпоси халқии қирғиз «Манас» чун тағову ҷиян бо ҳам хешу таборӣ дошта, зиндагӣ ва кору фаъолият мекарданду хоҳанд кард.То ба имрӯз дар Қирғизистон тоҷикони зиёде ва дар Тоҷикистон қирғизон бародарона умр ба сар бурда, бародарвор кору фаъолият мекунанд. Ҳаминтавр, ду миллати ҳамсоя ва дӯст решаи ҳамбастагиро қавитар намуда, заминаи хубро баҳри оромиву ободии минтақа ва ҷаҳон фароҳам сохтанд.

Хулоса, Тоҷикистону Қирғистон чун узви фаъол дар созмону форумҳои минтақавиву ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ ва СҲШ робитаҳои ҳасана дошта, бо имзои ин аҳдномаи таърихӣ пайванду орзуву умед ва ормонҳои халқу миллатро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, таҳаммулгароӣ ва сулҳу субот амалӣ намуда, дар озодиву оромиву ободиро минтақа ва ҷаҳон саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Бояд қайд кард, ки 13 марти 2025 аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд, ки аз ҷониби кишварҳову созмонҳои ҷаҳон мавриди шодмониву қардонӣ гардид.

Зимнан, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро бо имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ самимона табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки баимзорасии Шартнома заминаи зарурии рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷанба буда, ба манфиатҳои аслии ду кишвар, инчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд[4].

Бешак бародарӣ, дӯстӣ ва дастгирии якдигар байни халқҳои тоҷику қирғиз таърихи тӯлонӣ дошта, аз наслҳо ба наслҳо инкишоф ёфта, дар партави дӯстии Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов чун як пайванди башарӣ дар партавӣ хираду маърифатпаварӣ дар ободӣ, осоиштаву ором зистану кору фаъолият мекунанд.

Ҳамин тариқ, аз барқароршавии сулҳу муросо ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро бо хурсандию самимияти баланд пазироӣ намуда, самимона онро дӯст дошта, дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО ҳамкориҳои наздик дошта, аз таҷрибаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода мебаранд.

Дар заминаи он Тоҷикистону Қирғизситон метавонанд дар ҳамкорӣ бо кишварҳои калидии минтақа бо шумули Россия, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистону Озарбойҷон пайваста табодули андешаҳои созанда намуда, рафту омадро миёни мардумони якдигар бештар ба роҳ монда, тиҷорату иқтисод ва туризмро рушд дода дипломатия мардумиро тавсеа диҳанд. Дар ин зимн, Покистону Ҳиндустону Эрону Чин чун узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси кишварҳои калидии минтақа дар эҷоди ҳамгироии энергетикиву саноатии кишварҳо ва коҳиш додани муноқишаҳо бештару беҳтар мусоидат хоҳанд намуд.

Хулоса, кишварҳоро зарур меояд то сулҳу дӯстиву ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистон дарси ибрат гирифта, аз ҷангу душманиву ҷудоӣ, ки сабабгори балову бебаракист, даст кашида, баҳри сулҳи халқи ҷаҳон, баҳри ободиву осудагиву оромии аҳли сайёра ташаббусгору саҳмгузор бошанд.

Адабиёти истифодашуда

1. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон https://mfa.tj/tg/main/view/141/munosibathoi-tojikiston-bo-qirgiziston

2. Мирсаид РАҲМОНОВ.CASA-1000: АРЗИШҲОИ СТРАТЕГӢ ВА МОНЕАҲОВУ ПЕШРАФТҲОИ БАРҚАРОРСОЗИИ ОН 16 Июл 2024https://amit.tj/tj/casa-1000-arzishkhoi-strategi-va-moneakhovu-peshraftkhoi-barkarorsozii?page=62

3. Покистон имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд//https://khovar.tj/2025/03/pokiston-imzoi-shartnoma-bajni-to-ikiston-va-ir-izistonro-oid-ba-sar-adi-davlat-isti-bol-menamoyad/

4. Дабири кулли ИДМ: «Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба таҳкими муносибатҳои некуҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат менамояд» Март 14, 2025 23:05https://khovar.tj/2025/03/dabiri-kulli-idm-shartnoma-dar-borai-sar-adi-davlat-ba-ta-kimi-munosibat-oi-neku-amsoyagii-to-ikistonu-ir-iziston-musoidat-menamoyad/

Мирсаид РАҲМОНОВ, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ