Перейти к основному содержанию

12123Дипломатияи фарҳангӣ ҷуъзимуҳимми воситаҳои татбиқи сиёсати хориҷии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабландипломатияи фарҳангӣ хоси кишварҳоипешрафта ва мутараққӣ буд, вале бо тақозои замон имрӯз дар арсаи муносибатҳои байналмилалии кишварҳои ҷаҳон ин шохаи дипломатия, ки яке аз шохаҳои муҳимба ҳисоб меравад ба кор бурда мешавад. Возеҳ аст, ки тамоми кишварҳо барои баҳрабардорӣ аз ҳар зарфияте ҷиҳати пешбурди дипломатия ва ҷойгоҳашон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи фарҳангиро истифода менамоянд. Бовҷуди ин ва дар шароите, ки кишварҳои абарқудрат имрӯз мехоҳанд бо нерӯи нарм фарҳангу расму русум ва оини хешро дар дигар кишварҳо ҷорӣ кунанд ва ҳатман барои иҷрои ин амал як нерӯи таъсирбахше лозим мешавад. Барои муаррифии фарҳанг, расм, оин ва арзишҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣНаврӯз яке аз беҳтарин васила аст, ки ба ин восита Тоҷикистон дар ҷаҳон шинохта мешавад ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсиргузор ва таъсисдиҳандаи ҳавзаи тамаддуни Наврӯз шинохта шудааст.

Яке аз намунаҳои барҷастаи дар амал татбиқ намуданидипломатияи Наврӯз ва ба воситаи неруи нарм ба роҳ мондаи онро дар ба ҳамомаданисарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 31-уми марти соли 2025 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор мегардад, мушоҳида менамоем.

Таҷлили ҷашни Наврӯз ва ҳамбастагии фарҳангӣ, дидгоҳ ва андешаи наздикимиллатҳо буда, таърихи тӯлонӣ дорад, ки миллатҳо ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва таҳкими омилҳои муттаҳидсозанда ва ташкили равобити байни худ будаанд. Албатта, набояд фаромӯш кард, ки ғояи истифодаи умумияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣбарои таҳким ва ташкили муносибатҳои байни миллатҳо як мавзӯи қадимаест, ки таърихи дуру дароз дорад. Ҷашни Наврӯз аз он заминаҳои маънавию таърихӣ аст, ки бо мавзӯҳои ҷолиби фарҳангӣ ва таърихии худ метавонад равобити байни миллатҳо ва ҳукуматҳоро наздиктару самимитар намояд.

Дипломатияи фарҳангӣ метавонад дар табодули фарҳанг ва ба даст овардани нуфузи фарҳангӣ нақши муҳим бозад, ки дар натиҷаи рушд ва пешрафти фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта ба вуҷуд меояд.

Нақши Наврӯз дар ҳамгироиифарҳангӣ дар ду шакл сурат мегирад. Аввал ин, ки дар ҳамгироии “сахт” як созмон ё ниҳоде ташкил мешавад ва дар атрофи он фарҳангу ҳувият бунёд мешавад. Мисоли равшани ин баъзе созмонҳо, ки аз тариқи ин нерӯ талош мекунад, ки ҳуввияташонро ҷорӣ кунад , аммо дар баъзе мавридҳо нокоммешаванд. Аммо навъи дигар ҳамгироиинарм ё нерӯи нарм аст, ки дар он кишварҳо ба далели дарки ҳуввияти умумӣ ба сӯи ҳамгироӣ ҳаракат мекунанд ва ба ин васила табодули худро афзоиш медиҳанд. Ин намуди ҳамгироӣустувортар аст ва умри дарозтар ва устувортар дорад. Наврӯз як ҷашн ва як ҳуввияти муштарак аст, ки боиси ҳамбастагӣ шудааст.

Чизи дигар ин аст, ки Наврӯз танҳо як замон ва як ҷашн нест, балки як гуфтушунид аст. Наврӯз гушфушунидест, ки аз он сулҳ бармеояд. Сулҳе, ки кишварҳои минтақа беш аз ҳарвақта ба он ниёз доранд ва дар сурати ба даст овардани он метавон онро дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон паҳн кард.

Наврӯз миллатҳову давлатҳову халқиятҳоро ба нармӣ ба ҳам меорад. Дар он тавоноиҳои хубе барои пайванд ва ҳамгироии миллатҳо дида мешавад, зеро дар матни оинҳои Наврӯзӣ, ҳеҷ намунае аз ширк, бутпарастӣ, оинҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ ва суханҳои манфӣ вуҷуд надорад. Ҳама чиз дар онҷо табиӣ, инсонӣ ва сипос ба офариниш аст. Ҷаҳони пур аз нур, рӯшноӣ, ҳаракат, баракат ва ростӣ аст.

Ҷашни Наврӯз ҳамвора ба унвони мероси муштараки маънавӣ миёни кишварҳои ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ шинохта мешавад ва Наврӯз аз ҷумлаи оинҳое аст, ки дар он робитаи инсон ва табиат ва посдорӣ аз муҳити зист таҷаллӣ мешавад.

Ин ҷашни аҷдодӣ як ҷузъи фарҳанги муштараки мардуми сарзамини дорои эътиқодҳои гуногун, либосҳои гуногун ва забонҳои гуногун аст, ки метавонад ба дипломатияи сулҳу дӯстӣ дар арсаи тамаддунмусоидат кунад ва метавонад ва имкон дорад, ки ба унвони як унсури бунёдии дипломатияи фарҳангии кишварҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи мардумӣ, дар пешбурди мақоми фарҳангӣ ва сиёсии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба кор бурда шавад. Ба хотири таҳкими дипломатияи фарҳангӣ маросими Наврӯз як риштаи муштаракест, ки метавонад ҳамгироиикишвари моро бе ягон шубҳа, нофаҳмӣ ё ихтилофи назарбо кишварҳои дигари минтақа ба роҳ монад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки истифода аз дипломатияи наврӯзӣ ба унвони василае дар сиёсати хориҷӣ ва равобити кишварҳои минтақа метавонад дар воқеъ паёмадҳои густурда ва самаре дошта бошад. Аз ин лиҳоз, аз як сӯ, бо таваҷҷуҳи бештар ва истифода аз зарфиятҳои дипломатияи фарҳангӣ ва дипломатияи наврӯзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими дипломатия ва сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нуфузи кишварҳои наврӯзии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Осиёи Ғарбӣ густаришдода шавад.

Аз ҷониби дигар, ба ҷуз аз густаришу наздикшавии фарҳангӣ, бо истифода аз ин дипломатия, яъне дипломатияи наврӯзӣ дар сиёсати хориҷии минтақа, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаро метавонад густариш диҳад.

Ба ин тартиб, таҷлили Наврӯз ҳамчун як нуктаи муштараки кишварҳои минтақа метавонад омили муносиб барои расидан ба ҳамгироиисиёсӣ дар сатҳи минтақа бошад. Кишварҳои минтақа барои рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак ва ҳамчунин барои расидан ба манфиатҳои муштарак метавонанд аз Наврӯз, ба унвони яке аз муштаракоти фарҳангии минтақа, кумак биҷӯянд ва барои амиқтар шудани ҳамгироиисиёсӣ талош кунанд.

Аз ин нигоҳ, Наврӯзро метавон яке аз муҳимтарин омилҳои баҳамоии кишварҳо дар арсаи тамаддуниШарқарзёбӣ кард. Дар воқеъ, Наврӯз як ҷашни шарқӣ ва рамзи покӣ аст, ки таърихан як ҷурофияи васеъро аз ғарби Чин то Осиёи Сағир, аз нимҷазираи Ҳинд то Байнаннаҳрайн ва аз Шинҷону Осиёи Марказӣ то Қафқози Бузургро фаро мегирад. Ба ин тартиб, Наврӯз моҳиятҳои зиёде дорад, ки бояд дар дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм эътироф ва истифода шавад. Имрӯз Наврӯз на танҳо дар қаламрави се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар Ховари Миёна, аз қабили Ироқ, Сурия ва Миср ва дигар кишварҳо таҷлил мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳифзи ин мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва оини бостониву пойдор саъйу талош кунем ва муттаҳид бошем.

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии лимҳои Тоҷикистон