Перейти к основному содержанию

123123Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва арзишмандтарин ҷашну идҳои мардумони эронитабор ба шумор рафта, ҳомили ҳикмату хиради баланди инсонӣ дар бораи робита ба муҳити атроф мебошад. Он мансуби ақидаи ягон дину мазҳаби муайян набуда, балки пеш аз ҳама фалсафаи робитаи инсон ба табиат, ба коинот ва олами атрофро дар бар мегирад. Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои маънавию моддии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо аз унсурҳои гуногуни арзишӣ ба мисли ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт, иҷтимоиёт, иқтисод, адабиёт, дин, зебоишиносӣ, худшиносӣ ва ғайраҳо ташаккул ёфта, фақат дар якҷоягӣ умумияти томро ба вуҷуд овардаву аввал барои миллат ва баъд барои ҳамаи башариятаҳамият пайдо кардаанд. Онҳо ифодагари рӯҳияи миллат буда, симо ва намоди ӯро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳуввияти ӯро ҳифз менамоянд. Аз ҳам ҷудо ва як унсури ин томиятро аз болои дигар арзишҳо чун унсури мутлақ ва ё меъёри таъйинкунанда қарор додан иштибоҳи ҷиддӣ буда, зинаи аввали тундравӣ ва ба таври умум вайронсозии томияти ин сарватҳо ва арзишҳо мебошад.

Матаассифона, дар байни иддае аз ҳамватанон ва ҳаммилатони хориҷии мо раванди мутлақгардонии дидгоҳҳои мазҳабӣ ва ҳукмравоӣ кардани онҳоба ҳама сарватҳо ба назар мерасад, ки ин аввал дар ҷудо сохтани арзишҳо ба милливу динӣ зоҳир мешавад. Дар ин самт дар шабакаҳои иҷтимоӣва рӯзномаву маҷаллаҳо перомуни таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ баҳсу мунозираҳои ноҷое ҷараён мегирад. Гарчи дар аксари онҳо таҳлилҳо ва баррасиҳои мунсифона ҷой дошта, умуман аз ҳам ҷудо сохтани арзишҳои милливу аҷдодӣ бо дидгоҳҳои динии ҷомеа қобили қабул эътироф нашаванд ҳам, вале дар иддае аз онҳо тундаравиву ба ифрот рӯй овардан ба чашм мерасад. Ин падида мардум ва махсусан ҷавононро дар бардошти фарҳанг ва дину ойинашон аввал ба шубҳа ва баъд ба сӯи тундгароӣ раҳнамун месозад. Махсусан, барои замони муосир, ки он асри муколама ва ҳамзистии андешаву ғояҳои мухталиф буда, раванди ҷаҳонишавӣ ҳалқаҳои осебзада ва ноустувори фарҳангҳои милливу диниро аз ҳам мебарад, чунин муносибати густохона нисбат ба арзишҳои милливу таърихӣ пайомади фоҷеабореробарои ҷомеаи мо ба бор хоҳад дошт.

Яке аз чунин масъалаҳое, ки дар доираҳои мазҳабӣ ба майдони баҳсу муҷодала кашида мешавад, ин масалаи ҷашни аҷдодии мардумамон - ҷашни Наврӯз ва оинҳои он дар муносибат ба меъёрҳои исломӣ мебошад. Дар шабакаҳои интернетӣ ва гоҳо дар васоити ахбори омма атрофи ин масъала баҳсҳои шаддид ва зидду нақизе сурат мегиранд, ки аз заъфи ҳам тафаккури миллӣ ва ҳам тафаккури динии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар аксари ин баҳсҳо масъалаи ба таълимоти исломӣ мувофиқ будан ё набудани Наврӯзро мемонанд, ки дар асл мувофиқати онро ба асоси шаръии исломи ибтидоӣ, яъне ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи сомӣ ва фарҳанги сомӣ дар назар доранд. Ҳол он ки ин масъала кайҳо дар фарҳанги гузаштаи ҳам дунявӣ ва ҳам динии мо ҳаллу фасл шудаву Наврӯз як ҷузъи муҳими ин фарҳанг пазируфта шудааст. Вале чун сатҳи маърифат ва дараҷаи худшиносии имрӯзаи шаҳрвандони мо кӯтаҳӣ мекунад, боз ба ин масъалаҳои пуч ва пурихтилофи маънавӣ ва моҷароангез дода мешаванд. Бубинед, барои як нафар намояндаи миллати дигар, монанди арманӣ, рус ва ё шаҳрванди Туркиё, гарчи шахси рӯҳонӣ ҳам бошад, чунин масъалагузории зиддиятнок ва таоқузангезбо арзишҳои миллӣ ва мазҳабияш пеш аз ҳама ғайриқобили қабул ва хандаовар менамояд. Барои арманиҳо, ки епархияи григориании ойини насронӣ дини расмияшон мебошад, ҳмзамон барояшон он симои миллӣ дошта, ҳаргиз аз матни арзишҳо ва ниёзҳои миллаташон онро ҷудо накардаанд, ё онро бо аносири таърихиву миллияшон зид нагузоштаанд. Гарчи арманиҳо ҳам миллати ғайрисомӣ мебошанд, вале ҳеҷ нафаре ҳам аз доираҳои мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ чунин масъалагузорӣ накардааст, ки ин ё он арзише то кадом дараҷа ба насронияти аввал ва ё ба доираи «аҳли китоб» мансуб аст ва ё на, вақте ки он масъалаи сирф эътиқодӣ нест. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо ба парешониҳо ва озахмҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳам ҳастии динӣ ва ҳам ҳастии миллии худро нигоҳ доштаанд ва имрӯз қавме муташаккил ва басич мебошанд. Ойини православии рус низ дар шаклгирии тафаккури миллии русҳо ва арзишҳои миллии онҳо ҳамин нақшро бозидааст. Барои русҳо муқаддасоти православӣ ва арзишҳои мардумии рус айни як чизанд. Сарвати миллӣ барои онҳо сарвати динӣ ҳисоб мешавад, гузаштагони дурандеши онҳо ба тафаккури динияшон ҷилои миллӣ бахшидаанд, аносири бештари онро хусусияти миллӣ додаанд, ки ба вуҷуди мушкилоташ ин ойин барои онҳо самараи мусбӣмедиҳад. Калисои православии рус фақат чанд соле пеш баъди гузаштани қариб ҳафтод сол аз марги қаҳрамондухтари ин миллат Зоя Космодемянская ба ӯмартабаи баланди динӣ«шаҳиди муқаддас»-ро дод, зеро дар пайи таъсири идеологияи замони Шӯравӣдар вақташ ин корро натавониста буд. Вақте ин қаҳрамондухтар аъзои комсомол ва ба рисолати Исои Масеҳ шояд боварӣ ҳам надошт. Ин амалро калисои православӣдар нисбати адмирал Ушаков ҳам анҷом додааст. Ҳамин тариқ, ин мазоҳиб аз матни зиндагӣ ва талаботи миллаташон барканда нестанд ва хеле аносир худро миллӣ кардаанд. Онҳо дар баробари меҳри худованд ба пайравонашон муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба миллат, ба кишвар ва анъаноти миллияшонро парвариш медиҳанд. Чунин мисолҳоро дар ҳаёти диндории мардуми Туркия, ки бо мо тоҷикон ҳаммазҳаб мебошанд, низ мушоҳида кардан мумкин аст. Яке аз омилҳои амнияти фарҳангӣ ва пешравии ин миллатҳо имрӯз аз ҳамин нукта ғизо мегирад.

Дар масъалаи табодули фарҳангӣ байни арзишҳои миллӣ ва динӣ, кионасли масъаларо ташкил медиҳад, низ равшанӣ бояд андохт. Дар мавриди Наврӯз ва суннатҳои он қайд намудан ба маврид аст, ки онҳо хеле барвақт ба ҳаёти иҷтимоӣ,динӣ ва умуман таркиби тамаддуни исломӣворид шудаанд. Ба истиснои замони Уммавиён дигар дар ҳама замонҳо оину одатҳои Наврӯзӣ дар ҷомеаҳои гузаштаи исломӣ ҷашнгириву қайд мешудаанд.

Дар ин ҷо муҳимтар аз ҳама масъалаи муносибати ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ бо арзишҳои маданиву инсонии халқиятҳои ғайриараб ҳаст. Зеро агар ислом, ҳамаи онҳоро рад ва инкор мекард, худ ба як дини ҷаҳонӣ табдил намеёфт. Инчунин, аксари одатҳову суннатҳо фақат андешаи адёни пешина набуда, балки аз ҳаёти рӯзмарраи пайраони ин динҳо берун омадаанд. Ин расму анъанот дар доираи андешаи исломӣба худ шаклу мазмуни нав гирифтаанд, ки аз сари нав тафтишу поксозии онҳо пайомадҳои сангинеро ҳам барои ислом ва ҳам барои ин фарҳангҳову ҷомеаҳо хоҳад дошт. Чун аз нигоҳи ақидатӣ, ки дар мазҳаби ҳанафии аҳли суннат урф қобили қабул аст, пас идомати арзишҳо ва суннатҳои волои башарӣ чӣгуна бояд сурат бигиранд, муҳимтар аз он аст, ки чӣтавр онҳоро аз байн бояд бурд. Зеро ҳам барои ислом ва ҳам барои маънавиёти ориёии мо масъалаи идомат ва табодули фарҳангӣ масъалаи муҳим мебошад, ки он аз назари ифротгароёни мазҳабӣ берун мемонад. Дар ин бора мо поинтар таваққуф хоҳем кард.

Инчунин, қайд намуданием, ки ҳадафи мо аз ин навиштаҳо ҳимояи асосҳо ва арзишҳои динҳои пешин нест ва ё эҳё намудани онҳоро дар назар надорем. Балки ҳадаф рӯшанӣандохтан ба масъалаи асли диндории ҷомеаи мо ва муносибат ба арзишҳову офаридаҳои таърихии милливу динии мардумамон, ки дар марҳилаи муайян бо меъёрҳои исломӣ омезиш ёфта, ба худ рангу буй ва ҷилои нав гирифтаанд, бояд дар маркази табодули назар бошад.Наврӯз намунаи ҷолибе аз онҳо ҳаст. Дар айни замон дар ин ҷо муносибати таърихии ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ бо одатҳо ва анъаноти фарҳангии мардумони ғайриараб, ки ин анъанот ба эътиқоди ваҳдатпарастии онҳо зиддият надорад, равшан мешавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин масъалаи нозук ва ҳассос, ки дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо идома ёфтааст, ҳеҷ гоҳ ба чунин тарзи сатҳӣ ва омиёна хулосабарорӣ нашудааст, ки чанде аз тундгароёни мазҳабӣ онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе Васоити ахбори омма масъалагузорӣ менамоянд.

Аввалан, нисбат додани ид ва ҷашни Наврӯз фақат ба оини мазҳабии оташпарастӣ ё зардуштӣ иштибоҳи ҷиддӣ аст. Ин чиз мусаллам аст, ки ҷашни Наврӯзӣ бо расму оину анъаноташ таърихи зиёда аз панҷ ҳазор сола дорад. Яъне, он ҳанӯз пеш аз шаклгирии оташпарастӣ ҳамчун оини мазҳабӣ ва пайдоиши зардуштия чун дин арзи вуҷуд дошт. Наврӯз ин иде аз табиати инсонӣбуда, дар он пеш аз ҳама робитаи одам, табиат ва коинот ифода ёфтааст. Дар он на меъёрҳо ва муқаррароти динҳои пешин, балки арзишҳои волои инсонӣ гирдоварӣ шудаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ далолат бар он мекунанд, ки зардуштияи ибтидоӣ низ дар аввал бо оинҳои Наврӯзӣ мухолифат дошт, то ин ки ҷои онҳоро бигирад. Баъдтар таълимоти худро ба онҳо мувофиқ намуд.

Дигар, ин ки ин афрод аз падидаҳо ва суннатҳои баланди умумиинсонии ин ид чашмпӯшӣ намуда, падида ва омалҳои ҷузъие аз қабили оташпарак, гулханафрӯзӣ ва ғайраро ба мадди назар оварда, фақат аз рӯи онҳо хулосабардорӣ менамоянд. Дар ин ҷо низ ин нуқтаи муҳим сарфи назар мешавад, ки адои ин амалҳо ҳаргиз ба шакли иҷроиши амалҳои диниву эътиқодӣсурат намегиранд. Инчунин,ин амалҳо дар манотиқи Тоҷикистони мо хусусияти восеъю густарда надоранд. Онҳо бештар дар дигар ҷомеаҳои мусулмоннишин ба назар мерасанд ва қайд намудан лозим аст, ки иҷроиши онҳо ба эътиқодҳои диниву исломии мардум халал ворид намесозад. Ҳамин тариқ, дар тамаддуни исломӣ низ, чун ҳамеша бо вуҷуди душвориву мамониатҳои зиёде Наврӯз оҳиста оҳиста ба ҷомеа ва фазои он роҳ ёфта ҷузъи фарҳангии он гашта буд. Метавон гуфт, ки дар баъзе мавридҳо Наврӯз ба худ рангу симои исломӣ гирифт, ки ин ба моҳияти он бегона набуда, ба ислом низ муғойярат надошт. Эрониён ва аз ҷумла тоҷикон аз ҷумлаи нодиртарин халқу қавмиятҳои мебошанд, ки бо исломи ибтидоӣ дар мубодилаи созандаи фарҳангӣ қарор доштаанд. Онҳо ба монанди дигар қавмияту халқиятҳо аз қабили ошуриҳо, мисриҳо, бобулиҳо, аккодиҳо, ассирийҳо ва дигарон баъди қабули ислом ҳуввият ва асолати гузаштаи худро аз даст надода, дар маҷоли исломӣ ба фазои наве дохил шуданд. Агар халқиятҳои номбаршуда, забон, урф, одат, муошарат ва ҳатто тарзи либоспӯшии худро аз даст дода башанд, вале аҷдодони мо бо қабули дини нав ин ҳамаро нигоҳ дошта, ҳам тамаддуни исломӣ ва ҳам арзишҳои қавмии худро бою ғанӣ гардондаанд. Ин воқеияти таърихист, ки онро наметавон сарфи назар намуд. Аҷдодони эронитабори мо аз аъроб эътиқоди исломиро қабул намуда бошанд, дар пайи қавонину мубодилаҳои маданӣ ва идомати фарҳангӣ ба тамаддуни исломӣ дастовардҳоеро аз қабили тарзи давлатдорӣ, умури иҷтимоию сиёсӣ, унсурҳои девондориву дафтардорӣ, низоми идорӣ, аносири фарҳангиву маънавӣ ва ғайраро аз қабили Наврӯз ва дигар арзишҳои фарҳангиро тақдим намудаанд.

Муҳаққиқон ёдовар мешаванд, ки аъроби давраи ҷоҳилия идҳои Наврӯзу Меҳргонро мешинохтаанд. Аз матолиби зиёди исломӣ низ маълум мешавад, ки ҳам пайғамбар ва ҳам халифаҳои ислом аз ҷашни Наврӯзӣ огоҳӣ доштаанд. Инчунин аз ривояте, ки дар сарчашмаҳо зикр гаштааст, бармеояд, ки бобои Абуҳанифа Нӯъмон ибни Марзбон дар рӯзи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба Алӣ ибни Абутолиб дар табақи заррин аз номи эорониён ширинии наврӯзӣ пешкаш кардааст. Матолиби номбаршуда гарчи манбаи мӯътамад ва асоси шаръӣ набошанд ҳам, аз ихтилоф надоштани суннатҳои наврӯзӣ ба андешаи исломӣ сароҳатан шаҳодат медиҳанд. Сарчашмаҳои мӯътамад дар бораи гузаронидани ҷашни Наврӯз дар замони хилофати Аббосӣ ва баъди он дарак медиҳанд. Ба вуҷуди он ки баъзан Наврӯз ба мухолифати муташарреин ва мӯҳтасибон ба монанди имрӯза дучор мешуд, вале аз нимаи дуюми асри авали ҳиҷрӣ сар карда, дар дарбор навиштани дуруду табрикоти наврӯзӣ ва додани инъому ҳадоёи идона байни вазирону дабирони кишварҳои исломӣба ҳукми анъана даромада буд.

Дар робита ба Наврӯз дар аҳди авали ислом таълиф ёфтани асарҳои зиёде ба мисли се асари Абурайҳони Берунӣ"Китоб-ут-тафҳим", "Осор- – ул-боқия», «Қонуни Масъудӣ» ва инчунин "Нахбат-уд-даҳр "-и Димишқӣ, "Ал- маҳосин ва-л-аздод»- и Ҷоҳиз", "Наврӯзнома"-и Умари Хаём ва ғайраҳо аз ҷойгоҳу манзалати ин ҷашнвора дар ҷомеаи исломӣ бозгӯӣмекунанд. Инчунин, доир ба ойинҳои Наврӯзӣ дар чунин сарчашмаҳои мӯътамади исломӣ ба мисли "Таърихи Бухоро"- и Наршахӣ, "Таърихи Байҳақӣ", "Таърихи Табарӣ", "Таърихи комил"- и Ибни Асир, «Таърихи Балъамӣ»-и АбулфазлиБалъамӣ ва ғайраҳо маълумотҳои хушбинонаву мусбие ба мо расидаанд ва дар ҳеҷ ҷой аз зиддият доштани он бо асосҳои исломӣ ёдоварӣ нашудааст. Гумон намекунем, ки ин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ исломро баробари ин мавлавиҳои имрӯзаи шабакаҳои маҷозӣ арҷ намегузоштанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони Шӯравӣ низ чунин садду мамониатҳо нисбати Наврӯз рӯйи кор омада буд. Дар аввал Наврӯз ҳамчун иди мазҳабиву исломӣ муаррифӣ шуда, барои идеологияи давр хатарзо арзёбӣ шуда буд ва таҷлили онро манъ намуда буданд. Вале он ҳамеша дар байни мардум ҳамчун иди баҳору иди кишту кор ва табиат бо шаклҳои дигар идома меёфт. Ахиран, онро ҳамчун иди кишоварзиву иди марди деҳқон қабул намуданд.

Ҳамин тариқ, қайд намуданием, ки суннатҳо, одатҳо ва арзишҳои пешқадамихалқиятҳои гуногун, монанди ҷашни Наврӯз баъди қабул намудани ислом бо арзишҳои динии онҳо омезиш ёфта, ба худ рангу таҷаллии наве гирифтаанд ва дар ҳаёти ин мардум нақши муайян мебозанд. Аз ин рӯ, зид гузаштани ин суннатҳо бо эътиқодоти динӣ амали хайру савоб набуда, мардумро аз решаҳои таърихиву аҷдодӣва динии худ дур месозад. Ба қавли шоир:

Сарамро сар- сарӣ матрош, эй устои Салмонӣ,

Ки мо ҳам дар диёри худ саре дорему сомоне.

Ғаффор Мирзоев, д.и.ф., муаллими кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ