Перейти к основному содержанию

 

“Имрӯзҳо ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову Шумо муборак бошад. Ба куҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳоямон нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

123123Наврӯз. Тавре, ки аз баромади ин вожаи гӯшнавоз бармеояд, иборае мураккаб аз ду калима: “нав” ва “рӯз” гирифта шуда, маънои асосиаш “рӯзи нав” буда, дар ибтидои соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав баргузор мешавад.

Наврӯз рӯзи нек ва ба шарофату ба хосият аст. Яъне дар ҳамаи сарчашмаҳои этникӣ - таърихӣ, филологӣ истилоҳи “Иди Наврӯз”, ки калимаи форсӣ - тоҷикист, мазмунан тағйир наёфтааст. Чунки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз гувоҳест аз оғози баракати сол, ҳамзамон рамзи шукуфоии оламу бахту саодати одам аст.

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст,

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст.

Бояд зикр кард, ки ҳамасола таҷлили ҷашни миллии Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳамзамон тариқи ҷонибдории бевоситаи як қатор кишварҳои ҷаҳон ва тавассути дастгирии бевоситаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ҳамасола дар саросари мамолики олам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, имрӯзҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи давлатдорӣ таҷлил мегардад.

Мусаллам аст, ки мардуми шарифи кишварамон ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният ҳамеша арҷ мегузоранд ва онро ҳамзамон гиромӣ медоранд. Чунки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизу ҷоноҷони мо арзонӣ медорад. Ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар тӯли асрҳо мардуми зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Осиёву Аврупо ва дигар халқияту миллатҳои мухталиф, бо меҳру муҳаббати зиёду хушу хурсандона таҷлил менамоянд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ бе муболиға аз асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати ниёгони мо буда, инчунин он ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст. Наврӯз тимсоли рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба бар мекунад ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише ҷадидеро падид меорад.

Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршеди Ховар баромада, ҳамзамон рӯзу шаб баробар мешаванд ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза ато намуда, онҳоро ба ояндаи нек, рӯзу рӯзгори обод ва пешрафту шукуфоиҳо ва бунёдкориҳову созандагӣ ҳидоят мекунад.

Дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон неруву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш кишоварзони асилу заҳматқаринро ба шудгору кишту кори баҳорӣ, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояду мардум аз он роҳату ҳаловат мебаранд.

Наврӯз ҷашни куҳану ҳамешаҷавон буда, бо шукуҳи шаҳомат, бузургиву покманишиаш ба мардуми шарифи сарзамини Тоҷикистон хуррамию некрӯзӣ, сулҳу сафову амният ва фаровони рӯзафзунро ато намуда, ормонҳои воқеан миллии насли замони Истиқлолро дар асл воқеан амалӣ мегардонад. Наврӯз ифодагари ормонҳои миллӣ ҳам ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, халқи тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва инчунин барояшон муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза ҳамасола дар санаи муқаррарии 21-уми март таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай тавъам медонанд. Тамоми ҷашну ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан дорои сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи уммеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд, ки боиси ифтихоранд.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҳамаи мову Шумо чӣ хурду чӣ бузург дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва инчунин ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештаре дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки шукронаи Роҳбари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамеша баҳри гиромидошти мероси пурғановати ниёгону ҳифзи тамаддуну арзишҳои миллиамон кӯшиш ба харҷ диҳем.Чунки мо метавонем!

Эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва ҷашнгирии расму ойинҳои миллӣ, баъд аз Истиқлоли давлатӣ падидаи нодиртарине мебошад, ки он дар тафаккуру шуури насли ҷавону ояндадори даврони соҳибистиқлоли Ватан ҳисси баланди меҳру муҳаббат ба Ватан - Модар, сарзамини аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллиро боз ҳам дар сатҳи баландтар инъикос намуда, ҳамзамон онро ба таври пайваста рушду инкишоф медиҳад. Бинобар ин ҳар як инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз ин рӯ, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум маҳсуб меёбанд ва зуд асири фарҳангҳои дигару бегона мегарданду ба корҳои ношоиста даст мезананд.

Дар фарҷом бояд қайд кард, ки насли ҷавони даврони соҳибистиқлоли Ватан аз ин падидаю омилҳои зиндагиафрӯз ормонҳои офарандасоз доранд, чунки насли ҷавону ояндасоз, бомаърифату тарбиятдида, дорои ҷаҳонбинии васеи илмию рӯзмарра буда, метавонанд идомадиҳандаи кору афкори аҷдодону ниёгони хеш бошанд.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи

А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон