Перейти к основному содержанию

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат роҷеъ ба ҳаллу фасли масоили марбути об ва ҳифзи пиряхҳо, ки дар заминаи устувори далоилу мушоҳидаҳои илман асоснок руйи кор омадаанд ва ба рафъи мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонии инсоният нигаронида шудаанд, имрӯз аз ҷониби аксари кулли аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ гардидаанд. Зеро зарурати пешниҳодгардии онҳо аз дарки амиқи зуҳуроти мушкилоти ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо ва ҳаводиси биёбоншавии заминҳои кишварҳо бармеояд. Таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳои ҷумҳурӣ мегардад. Дар давоми панҷоҳ соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон қариб 1300 пирях тамоман об шудааст. Ин як тамоили хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд. [1]

Тибқи ҳисобу китобҳои мутахассисони соҳа, дар ҳолати об гардидани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисмати бузурги сайёраи мо ва маҳв шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд.

Бино ба маълумоти муайяншуда, ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз оби тоза танқисӣ мекашанд ва пешгӯӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард наздик мешавад. Дар айни замон дар саросари Замин ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5- сола аз норасоии оби тоза мефавтанд. [2]

Дар ин радиф, боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки ташаббуси панҷуми Сарвари хирадманд ва дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии 153 кишвари олам қабул гардид.

Воқеан ҳам, ташаббуси панҷуми Пешвои муаззами миллат аҳамияти муҳими таърихӣ дорад ва басе нодир маҳсуб меёбад, зеро дар радифи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳар сол дар ҷаҳон 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мегардад. Ҳамзамон, ҷиҳати маблағгузории ҳифзи пир­яхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид фонди махсус таъсис ёфт

Ҷоизи таъкиди махсус мебошад, ки барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пир­яхҳо баргузор мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ташаббуси панҷуми Сарвари давлат аллакай дар самти баҳри бартараф сохтани ­масъалаи ҳалталаби умумибашарӣ иқдомҳои самарабахшро анҷом медиҳад ва татбиқи тадбирҳо, аз қабили коҳиш додани сатҳи партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэро­золҳо), роҳандозии истеҳсоли «энергияи сабз» (неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза) дар ин радиф қарор доранд. Бояд қайдкард, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикис­тон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, истеҳсоли ин навъи энергия дар кишвар 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. [3]

Бо дарназардошти муҳиммии бартарафсозии обшавии пиряхҳо ва дигар масоили иқлимӣ ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои мазкур беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бо саъю эҳтимоми Сарвари давлат айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии кишвар истеҳсол карда мешавад ва ҷумҳурӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ҷумҳурӣ то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.

Боиси қаноатмандст, ки аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ, махсусан зиёиён аллакай баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти омӯзиши ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дадбирҳои самарабахшро анҷом медиҳанд Дар ин радиф таъсис додани Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев боиси қаноатмандӣ мебошад. Марказ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз буда, дар он беҳтарин мутахассисони самт, омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб гардиданд.

Маркази мазкур дар ҳошияи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гаштани 21-уми март, ки 14-уми декабри соли 2022 бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил шуд.

Дар раванди фаъолияти марказ омӯзиши ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳадафҳои меҳварии маркази мазкур маънидод мегарданд ва дар доираи он пешниҳодҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим таҳқиқ ва баррасӣ мегарданд.

Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстиро низ марказ яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ қарор медиҳад. Дар заминаи овардани мисолҳои воқеӣ дар марказ ҷавонон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ шинос мешаванд.

Ҳамзамон, марказ оид ба идоракунии устувори об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳқиқоти илмӣ мебарад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин ҳадафҳо ба таълими кадрҳо ва омӯзиши ҷавонон дар ин самт рабт дорад. Бинобар ин, марказ тавассути ташкили семинару тренингҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ сатҳи дониши донишҷӯён ва муҳаққиқонро дар соҳаи обу иқлим такмил хоҳад дод.

Ба мақсад басе мувофиқ мебуд, агар дар дигар муассисаҳои таҳсилотӣ низ чунин марказҳои омӯзишӣ таъсис дода мешуданд ва ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим мавриди омӯзиши амиқи масъалаҳои обу иқлим, пешбурди сиёсати экологии Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони соҳа мавриди омӯзиш қарор дода мешуданд.

Адабиёт:

1. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» 04.04.2025. ш.Самарқанд, Узбекистон. Сомонаи president.tj. 04.04/2025. Санаи муроҷиат: 08.04.2025.

2. Камол Насрулло. Обшавии пиряхҳо-мушкили ҷаҳонӣ. Пешниҳодҳо ва саҳми дурахшони Президенти Тоҷикистон дар масъалаи пешгирии маҳви пиряхҳои сайёра назаррас аст. Сомонаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23.01.2023. Санаи муроҷиат: 08.04.2025.

3. Раҳмони Гулзор. ВМКБ. Таъсиси Марказ оид ба обу иқлим дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев. “Ҷумҳурият”, 18.03.2025 №: 58.

4. Султонбеков Н.С. Обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба Тоҷикистон. Сомонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино. 27.02.2024. Санаи муроҷиат: 08.04.2025.

5. Ҳабибулло Мақсадов. Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим. Сомонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. 13.12.2023. Санаи муроҷиат: 08.04.2025.

Маҳмадбекзода М.Ш., доктори илмҳои сиёсӣ