Имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба як маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти кишвар ва кулли Тоҷикистон алоқаманданд. Ҳамзамон, фаъолияти роҳбарияти худи шаҳр низ тайи чанд соли охир барои рушди пойтахт имкониятҳои заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.
Тавре ки маълум аст, марказҳои бузургтарини илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва филиалҳои ин гуна муассисаҳо аз кишварҳои хориҷӣ маҳз дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дорои кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои баргузории симпозиум, конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ мебошанд. Дар баробари ин, шаҳри Душанбе имрӯз инфрасохтори рушдёбанда дошта, толорҳои нави муосир барои конференсияҳо ва меҳмонхонаҳо барои ширкаткунандагони онҳо рӯз ба рӯз ташкилкунандагони чорабиниҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявиро бештар ҷалб месозад. Инчунин, пайваста тақвият ёфтани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии алоқа ва рушди нақлиёти ҳавоӣ шаҳри Душанберо барои баргузории чорабиниҳое, ки олимонро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, ба майдони муносиби ташкили чорабиниҳои илмӣ табдил додаанд.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки афзоиши инфрасохтори сайёҳии пойтахт ва ҷумҳурӣ, табиати пойтахти Тоҷикистон ва гирду атрофи он, захираҳои беназири табиӣ ва мероси таърихии чандинҳазорсолаи миллатамон метавонанд олимон ва муҳаққиқони хориҷиро аз тамоми кишварҳои олам ҷалб намоянд. Ҳамаи ин имкониятҳо шаҳри Душанберо ба маркази рушди илми ватанӣ ва муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ мубаддал сохтаанд.
Вобаста ба масъалаи болозикр бояд таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе ҳамагӣ сад сол муқаддам ба ҳайси пойтахти давлати тоҷикон, ки ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад, интихоб гардид ва дар муддати начандон тӯлоние аз як деҳаи хурду нообод ба шаҳри замонавӣ мубаддал шуд. Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату заҳмати шабонарӯзии сокинони шарафманди пойтахт ва Раиси ҷавони он муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан дигаргун карда, на танҳо ба маркази маъмурию фарҳангии ҷумҳурӣ, балки ба як маркази воқеии илмӣ дар кишвар ва минтақа табдил ёфт.
Метавон таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази рушди илми ватанӣ ва муаррифгари ин илм дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, нақши илму олимон дар муаррифии пойтахтамон ва муаррифии илми тоҷик аз ҷониби ин шаҳр дар арсаи байналмилалӣ дар мисоли Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт пайваста меафзояд.
Пойтахти мо расман соли 1924 ҳамчун маркази ҷумҳурӣ интихоб шуда бошад ҳам, вале таърихи тӯлонӣ дошта, дар рушди илму фарҳанги тоҷикон нақши бузурге гузоштааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе тақрибан 2300-2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст, ки сиккаҳои қадимӣ, тангаҳои нуқрагини аҳди Сосониён, боқимондаи арку қалъаҳо ва ғайра, ки аз ҷониби бостоншиносони муосири пойтахт бозёфт шудаанд, гувоҳи ҳамаи ин аст.
Аз ҷониби олимони таърихшиносамон бошад, дар шакли хаттӣ бори аввал Душанбе дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд Валӣ (соли таваллудаш 1595-1596) «Баҳр-ал-асрор фи маноқиб ал-ахйор» («Баҳри асрор дар бораи шукуҳи накӯён») зикр гардидааст. Дар китоби мазкур, инчунин аз номи якчанд маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла Қара Миршикор ва Сешанбебозор ёдоварӣ шудааст.
Чунонки медонем, рушди шаҳри Душанбе ҳамчун маркази илмии давлати тоҷикон баъд аз соли 1929 бесобиқа мебошад. Дар ин даврон дар Душанбе 23 пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 13 литсейи касбӣ ва 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ таъсис ёфт. Ҳамзамон, дар потахтамон Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолуддин Беҳзод, нашриёти илмии «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик амал мекарданд. Ҳамчунин, дар пойтахт теъдоди зиёди маҷаллаҳои илмӣ ба нашр мерасиданд. Аз соли 1951 бошад, дар Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон – ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар назди он Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ амал мекард.
Бо қабули эъломия дар бораи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 рушди илми пойтахтамон боз ҳам тавсеа ёфт. Дар Душанбе дар ин даврон на танҳо биноҳои боҳашамати илмию-фарҳангӣ чун Китобхонаи миллии Тоҷикис- тон қомат афрохтанд, балки пайкараҳои донишмандону мутафаккирони бузургамон-Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшиданд.
Як омили муҳими рушди шаҳри Душанбе, ҳамчун маркази илми ватанӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, ин мавҷуд будани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо 13 институт ва 6 маркази илмӣ дар пойтахт мебошад. Дар ин боргоҳи илму маърифат 1088 нафар корманди илмӣ ба таври доимӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 159 нафарро докторони илм ва 356 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бошад, 71 нафарро ташкил дода, аз онҳо 26 нафар академик ва 45 нафар узви вобаста мебошанд, ки аксарияти онҳо сокинони пойтахтанд.
Пойтахти кишварамон дар омода сохтани кадрҳои ҷавони илмӣ низ мақоми баланд дорад. Аз ҷумла, танҳо дар 19 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 269 нафар магистрант аз рӯйи 53 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Дар зинаи докторантураи PhD - докторантура аз рӯи ихтисос бошад, 218 нафар докторант таҳсил менамоянд. Дар зинаи докторантураи анъанавӣ 9 докторант таҳсил карда, ба ҳайси унвонҷӯ 367 нафар бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Дар Академияи хурди илмҳо, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, зиёда аз 1000 нафар хонанда ба сессияҳои илмӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарияти онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошанд.
Илми ватанӣ имрӯз дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва фарҳанги миллиамон барои муаррифии пойтахтамон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши арзандаро ба иҷро расонида истодааст. Бо ин мақсад ва барои боло бурдани сатҳи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ имрӯз робитаҳои илмии байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо зиёда 300 муассиса аз 50 давлат ба роҳ монда шудаанд. Ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин 23 аъзои хориҷӣ шомил мебошанд.
Як воситаи муҳими муаррифии пойтахтамон ба ҷаҳониён, ин гузаронидани симпозиуму конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмии байналмилалӣ дар он мебошад. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои шахсии Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ ба шахсияти олимон, ки чи дар гузашта, чи дар замони нав ба миллат хизмат намудаанд, ба сатҳи олӣ бардошта шуда, бо ин мақсад бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар бо баргузории симпозиуму конференсияҳои илмии байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар онҳо садҳо меҳмонони хориҷӣ аз пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Барои мисол метавон гуфт, ки соли 2007 бо ташаббуси Тоҷикистон тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар саросари олам 800-умин солгарди мавлуди Мавлоно таҷлил гардид. Ба ин муносибат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2007 оид ба таҷлили мавлуди Мавлоно ба имзо расида, дар рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 дар пойтахти кишварамон Конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, бо дастовардҳои пойтахтамон шинос шуданд.
12 сентябр соли 2024 бошад, дар пойтахти кишварамон Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши донишмандони тоҷик дар рушди тамаддуни исломӣ” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз зиёда аз 50 кишвари исломӣ ширкат варзида, аз мавзеъҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Дар баробари ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16 октябри соли 2024 симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абунасри Форобӣ дар рушди илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор намуд, ки дар он олимону мутахассисон аз Фаронса, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои хориҷии дуру наздик ширкат варзиданд. Дар барномаи ин чорабинии байналмилалӣ шиносоии меҳмонони хориҷӣ аз мавзеъҳои илмию фарҳангии шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар маҷмуъ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, хусусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он имрӯз дар табдил додани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ба маркази илми ватанӣ нақши арзанда гузошта, бо баргузории чорабиниҳои мухталифи илмӣ дар толорҳои барҳавои пойтахти кишвар ин шаҳри зебову дилороро пайваста ба меҳмонони хориҷӣ шинос намуда, минбаъд низ барои боло бурдани нуфузи он на танҳо ҳамчун маркази маъмурию фарҳангии Тоҷикистон, балки ба ҳайси як маркази муосири илмӣ беш аз пеш саҳми худро мегузоранд.
Дар маҷмуъ, Душанбе – пойтахти кишвари соҳибис- тиқлоли мо барои рушди минбаъда ҳамчун маркази илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ иқтидори назаррас дорад. Татбиқи ин имконияту иқтидор аз кӯшишҳои мақсадноки мо барои рафъи мушкилоти мавҷуда вобаста буда, дар оянда ҷалби ҳамкорону шарикони рушди байналмилалиро тавсеа мебахшад ва бо ин васила илму фарҳанги пойтахт ва кишвари моро дар тамоми сатҳҳо ба таври мусбат муаррифӣ месозад.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон