Перейти к основному содержанию

Аҳолии нисфи сайёраи заминро минтақаи Осиё ташкил медиҳад, ки нақши кишварҳои он ба хусус Тоҷикистон хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳоро гуногунӣ ва ташаббусу таҳаввулоти ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макони инкишофи босуръаттарини минтақаи ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтӣ дар партави роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу пиряхҳо ва наслҳои ояндаи ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардуми минтақа ва ҷаҳон медонад.

Об ва нақши он дар ҳаёти башар аз масоили муҳим арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Прездиенти Тоҷикистон пайваста дар семинарҳои минтақавиву фароминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, баррасӣ мегардад. Об яке аз арзишманду муҳимтарин сарвату неъмати бузургу нодирест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, тавассути он рӯҳияи тоза гирифта, шодону шодоб умр ба сар мебаранд. Дар ин зимн, Президенти кишвар дар мулоқоту суханрониҳои худ таъкид намудааст, ки “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.

Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи кишвар соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда, соли "Оби тоза","Об барои ҳаёт" ва "Об барои рушди устувор" ва "Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028” пешниҳод гардида, пазируфта шуд.

Ҳамин тариқ, маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор шуд, ки дар он намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муаллиф ва ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин зимн, санаи 12-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Форуми ҷаҳонии об баргузор гардида, даҳсолаи аввалини ҳалли масоили вобаста ба обу иқлим таҳти унвони «Об барои ҳаёт» натиҷагирӣ шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд иштирок карда пешниҳод намуд, ки: “Ҷаҳонро мебояд дар ин самт бетаваҷҷӯҳ набошад ва бо мақсаднок истифода будани барномаҳое, ки дар доираи ин даҳсола амалӣ карда шуд бояд минбаъд низ дар ҳамин раванд тасмимҳои ҷиддӣ мавриди татбиқ қарор дода шаванд”[3].

Пиряхҳо чун манбаи оби ширин маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 8492 ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил дода, тақрибан 6 % масоҳатро дарбар мегирад. Бештари ин пиряхҳо дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Олимони соҳа ва зистшиносон исбот карданд, ки нақши пиряхҳо дар тағйирбии кураи Замин хеле бузург буда, бо инкишофи муҳити ҷуғрофӣ мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян мешавад, ки ба ҷараёни шаклгирию тағйирёбии пиряхҳо хело вобастагии калон дорад. Паст шудани ҳарорати ҳаво ва боришҳои зиёд иқлимро дигаргун сохта, бо афзоиши обшавии пиряхҳо гармии миёнаи Замин баланд хоҳад шуд, ки ба ҳаёти зисти инсонҳо таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Арзишу муҳимият ва ҳифзи обу пиряхҳоро Президенти Тоҷикистон аз корҳои аввалиндариҷаи худ дониста, моҳи марти соли 2021 таъкид карда чунин ишора намудааст, “Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад”.

Муҳим будани ҳалли масъалаи глобалии тағйирёбии иқлимро барои сайёра ҳанӯз собиқи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар маърӯзаи нахустини расмии худ таъкид намуда буд: «Хатари ҷанг, ки ба инсоният ва сайёраи мо таҳдид мекунад, бо тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ баробар аст» [3].

Ҳамин тариқ, пешниҳои нави Тоҷикистон зери номи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 77-уми худ қатънома санаи 14-уми декабри соли 2022 пешниҳод шуд, ки бо дастгирии кишварҳои узв мавриди пазириш қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки бисёр кишварҳои дунё бо сабаби тақсимбандии нодурусту ноодилонаи обу дарёҳо ба дасрас нашудану норасоии он ба мушкилоти зиёде дучор шуда, миёни ҳам муноқишаҳо доранд. Мавриди зикр аст, ки зиёда аз 70 дарсади аҳли сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода карда, ин амал соли 1950 ин фоиз се баробар афзудааст., ки тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор гирифта, заминаи шӯршавии замин шуда, фоиданокиву ҳосилнокии онро кам месозад.Тибқи сарчашмаҳо набуду норасоии обҳо аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ранҷу азият кашида, ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.

Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон дорои беш аз 1300 кӯл буда, дар баландии аз 3500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард [6].

Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ба назари Директори иҷроияи Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об Ҳенк Овинк Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ба андешидани тадбирҳои мушаххас бобати ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об равона шуда, нақши ин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо об ва дигар масъалаҳои ба он марбут муҳим медонад [12].

Хусрав Нозирӣ оид ба ташаббусҳои дурбинонаю пешниҳодҳои дорои аҳамияти ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ибрози андеша намуда таъкид менамояд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми худ дар масъалаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи об дар ҷаҳон ҷойгоҳи хосса дорад ва эътироф гардидааст. Маҳз бо шарофату ибтикор ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар айни замон аҳли башар ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳи бештар равона намудааст».

Ба андешаи ӯ мушкилоти об масъалаи танҳо як мамлакат набуда, он масъалаи ҷаҳонӣ буда, аз тамоми давлатҳои ҷаҳон, созмонҳову ниҳодҳои дахлдор даъват мешавад, то ҳамкориро дар ин самт беҳтару бештар намуда, масъалаи марбут ба обро муштаракан ҳаллу фасл кард.

Мавриди зикр аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ба ҷаҳониён расонданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд.

Дар ин зимн, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф бо ташаббусу иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Зимнан, санаи 05.05.2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ зери унвони “Пешвои миллат-ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об” баргузор гардид. Ҳамоиш бо суханини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ифтитоҳ шуда, ташаббусшҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори ҷаҳонии кишвар, ки айни замон башар дар пешорӯи норасоии об қарор дорад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҳамоиши мазкур доктор Музаффарӣ, суханронӣ карда, таъкид намуд, ки об чун муъчизаи нодир дорои хотирае аст, ки он то 30 сол боқӣ мемонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зару зеварашро аз даст дода, нодору фақир мегардад. Роҳбарияти Тоҷикистон хусусан Президенти кишвар чун заршинос ба қадри ҳар қатра об расида, истифодаи дурусти обҳову ҳифзи пиряхҳоро ба мардумони минтақа ва ҷаҳон аз корҳои муҳим дониста бо гузаронидани чорабаниҳои саривақтӣ тавсияҳо медиҳанд.

Тоҷикистону тоҷикистониён шукрона аз он менамоянд, ки ин сарзамин аз ин муъҷизаи нодир фаровону саршор аст. Ҳар сокини ин кишвари биҳиштосоро зарур меояд, то ба ҳифзу сарсабзу хуррам гаштани диёри худ камари ҳиммат баста, ташаббусҳои созандаро барои рушди инсоният ва тозагии муҳити зист идома дода, баҳри озодиву оромиву ободии халқу мардуми сайёра саҳми арзанда гузошт.

Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро муҳим шуморида санаи 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Бо чунин мақсад санаи 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, ки мақсаду ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Покистон мавриди дастгирӣ ёфта, ҳар ду кишвар мубрамияти обу манбаҳои онро муҳим шуморида муштаракона мулоқотҳо карда, ҷаласаҳо мегузаронанд. Покистон бо Тоҷикистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ миёни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид.

Ҳамин тариқ, 24-26 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аввалин Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар партави таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар он масъалаи мубрами обу экология баррасӣ шуд. Олимону роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажуҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва энергияи «сабз», профессорон, донишҷӯён ва воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ дар кори конфронс иштирок намуда, ибрози андеша карданд. Дар конфронси мазкур намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Покистон таъкид намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил дода, аз рӯёрӯйӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба мисли Покистон осебпазир буда, бештар вақтҳо бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ дучор мешавад.

Покистон кишвари аграрӣ буда, аксари иқтисодиёти он барои парвариши зироатҳо аз об вобаста буда, аз осебпазиртарин дар муқобили иқлим аст. Тибқи пажӯҳиши NASA, ҳаҷми кӯлҳои пиряхҳо дар саросари ҷаҳон аз соли 1990 ба далели обшавии пиряхҳо тақрибан 50% афзоиш ёфта, дар Гилгит-Балтистон ва Хайбар-Пахтунхва зиёда аз 3044 кӯлҳои пиряхӣ муайян шуданд, ки аз ин шумора 33 онҳо эҳтимоли нестшавиро доранд.

Тибқи маълумоти Сандуқи Байналмилалии Пул, ин кишвар аз ҷиҳати норасоии об дар ҷои сеюм қарор дошта, тақрибан 60 дарсади обҳои умумӣ аз боронҳои муссонӣ ва қисми зиёди боришоти зимистон ба даст меоянд. Ба қавли Миан Аҳмад Наим Солик аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Покистон чанд соли ахир вазъияти мавсими муссонӣ дар ин кишвар номунтазам шудааст [8].

Ба маъуломоти Вазири федералӣ оид ба тағирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон Мусаддиқ Малик кишвараш хонаи дуввумин бузургтарин системаи пиряхӣ дар ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ буда, ҳифзи ин манораҳои оби табииро аз тағирёбии иқлим муҳиму саривақтӣ мешуморад [7].

Мавриди зикр аст, Пассу яке аз 7беш аз 7,200 пиряхҳоест, ки минтақаро дар бар мегирад, ки дар се қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Қаракорам ва Ҳимолой паҳн шуда, Покистонро ба хонаи бештарин пиряхҳо дар ҷаҳон берун аз Арктика ва Антарктика табдил медиҳад. Ин се қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Қарокурум ва Ҳимолой дар якҷоя «қутби сеюм»-ро ташкил медиҳанд. Ба назари коршиносон қуллаҳои яхбандии сафеди пиряхи Пассу дар кӯҳҳои Қаракорам бо қабати сиёҳ печонида аз партовҳо, тармаҳо ва резиши сангҳо дар тӯли садсолаҳо ҷамъоварӣ шуданд.

Обҳои ҷоришудаи ин пиряхҳо дар саросари Қарокурум ва Ҳимолойи Ғарбӣ беш аз 300 миллион нафар аҳолии ҳавзаи дарёи Ҳиндро таъмин намуда, бузургтарин системаи кишоварзии обёришавандаи ҷаҳонро, ки дар саросари Ҳиндустон ва Покистон паҳн мешавад, амалӣ менамояд. Ба андешаи коршиносони соҳа тақрибан 75% захираи оби захирашудаи Покистонро ташкил медиҳад. Ба обшавии пиряхҳо аз сабаби тағирёбии иқлим таъсир расонида, хатари обхезиро афзоиш додааст. Ба қавли сокинони минтақа бо сабаби афзоиши мавҷҳои гармо обшавии пиряхҳо бо суръат идома ёфта, бештари қисматҳои кишоварзӣ зарар диданд.

Тибқи маълумотҳо пайванди пиряхҳо ё “ҷуфт кардан” як маросими қадимӣ миёни мардумони Гилгит-Балтистон будааст, ки пиряхҳои “мард” ва “зан”-ро муттаҳид намуда, аз рӯи рангу намуд онҳоро муайян мекарданд. Сокинони деҳа массаи яхи тақрибан 80 вазнро ба баландиҳо бурда онро бо омехтаи лой, хокистар ва ангишт пӯшонида ва майдонро бо сангҳои вазнин мебанданд. Он оҳиста-оҳиста ва устувор ба андозаи массаи ях афзоиш меёбад, зеро суръати ҷамъшавӣ (аз боришот, намӣ ва барф) дар ин баландӣ аз суръати обшавӣ ва сублиматсия зиёдтар мебошад. Тибқи ривоятҳои сокинони деҳа аз асри 13, вақте ки онҳо аз вуруди сарлашкари муғул Чингизхон ва қабилааш бо парвариши пиряхҳо дар ағбаҳои кӯҳии Ҳиндукуш ва Қаракорам монеъ шуданд, аз ин усул истифода мекарданд [11].

Аммо бо афзоиши ҳарорат бар асари тағирёбии иқлим, ин пиряхҳо, аз ҷумла Пассу, таъсирпазир шуда, тибқи таҳқиқоти коршиносони иқлимӣ дар Покистон дар тӯли чаҳор даҳсола, аз соли 1977 то 2014, ин пирях 10% хурдтар шуда ҳар моҳ то 4 метр коҳиш ёфтааст, ки бояд чораҳо андешида шавад [2].

Барои пешгири аз чунин таҳдиду хатарҳои обу иқлиму ҳифзи пиряҳо соли 2016, Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки аз Фонди Иқлими Сабз маблағгузории мутобиқшавӣ ба даст овард. Мутобиқи New Lines давлати Покистон сохтмони обанборҳо, деворҳои обхезӣ ва каналҳои буриш дар манотиқи осебпазирро маблағгузорӣ намуда, чораҳо меандешад.

Барои пешгириву ҷилавгирӣ аз масоили мубрами об ва ҳифзи пиряхҳо кишвари Тоҷикистон низ бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 таҳия карда, пайваста баҳри амалисозии он кору тадбирҳо андешида, амалӣ менамояд.

Ин ҷо бояд ишора кард, ки саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ андак буда, дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Ин кишвар яке аз давлатҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» ба ҳисоб рафта, даврони ҷаҳонишавӣ барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ, экологӣ, норасоии оби нушокӣ ва дигар масоили аҳли башар чораҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешад. Дар ин зимн, сиёсати «энергияи сабз»-ро метавон чун усули муассир барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ амалӣ кард, ки намунаи олӣ барои кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Кишварҳои ҷаҳон аз пешниҳоду ибтикороти Президенти Тоҷикистон, ки яке ташаббускорони асосии масоили обу иқлим маҳсуб меёбанд, хушбин буда, бо гузаронидани форуму ҷаласаҳо талош мекунанд, ки масоили мубрами обу иқлимро бо маслиҳату машварат муштаракона баррасӣ намоянд.

Тоҷикистон ва сокинони сулҳхоҳи он шукрона аз он менамоянд, ки ин сарзамин аз ин муъҷизаи нодир бой буду, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки дар ҳифзу сарсабзу хуррамсозии ин сарзамин саҳм гузошта, пайваста онро озоду орому обод нигоҳ дорад [6].

Бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» санаи 25-26 апрели 2024 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои хубу ҳавасмандгардонии ин раванд мавриди муҳокима гардиданд.

Коршиносону олимони соҳа аз Осиёи Марказӣ, Аврупо ва ИМА дар мавзуъҳои «Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об», «Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об», «Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти онҳо», «Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои имконпазири танзими захираҳои обии фаромарзии Амударё» ибрози андешаронӣ намуданд.

Дар ин зимн, профессор Сайдулло Қувватзода дар мақолаи худ зери унвони “Ҷойгоҳи “Раванди оби Душанбе” дар ҳамгироии минтақавӣ ва глобалӣ” ишора карда чунин қайд намудааст: “Зарур аст, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомада, “Раванди оби Душанбе” ҳамчун ниҳоди доималкунандаи сатҳи байналмилалӣ ва платформаи ҳамгироии байналмилалӣ доир ба пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об об эътироф карда шавад ва доираи фарогирии он аз баргузорнамудани чорабиниҳои сатҳт байналмилалӣ ва пешбурди лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ дар соҳаи об ва таҳқиқотҳои муштараки илмии сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об васеъ карда шавад” [9, с.24].

Тибқи маълумоти овардаи профессор Абдулҳамид Қаюмов аз “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” то соли 2020-2050 пиряхҳои хурд, ки то 1 километри квадратӣ масоҳат доранд, тамоман аз байн рафтанашон мумкин буда, сатҳи онҳо фаровон аз кафидагиҳо ва кӯлҳо аст, ки далели костагию деградатсия ба шумор меравад [1, с.50].

Ба андешаи профессор Ҳайдарзода Рустам “дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон афзоиши тавозуни миёнаи ҳарорат мушоҳида мешавад. Ин рӯйдод ба “падидаи гармхонаӣ” марбут дошта, бо ифлосшавии ҳаво алоқамандаст, ки дар натиҷаи ҳамаи ин падидаҳо обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани масоҳати онҳо ба амал меояд” [14, с.33].

Ба назари ӯ омӯзиши амиқи ҳалли мушкилоти об, сиёсати одилонаи марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои муосири геополитикии минтақа хеле мубраму муҳим аст. Мазмуну моҳияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва истифодаи самаранок ва оқилонаи он мебошад, ки бо назари мо, ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии башарият, яъне раҳо шудан аз буҳрони об нигаронида шудааст [13].

Мавриди зикр аст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба монанди дигар кишварҳои ҷаҳон зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор дошта, дар сурати пайдо накардани роҳу воситаи пешгириву чораандешиҳои саривақтӣ натиҷаи манфӣ ба бор хоҳад овард.

Ба қавли сиёсатшиноси тоҷик Некбахт Дороншоева вақте, ки об аз якчанд сарҳад мегузарад ва он кам аст, кишварҳои минтақа ё гурӯҳҳои этникӣ ба муборизаи ошкоро барои захираҳои об шурӯъ мекунанд. Ба андешаи ӯ кишварҳо бештар дар бораи об баҳс мекунанд, на ин ки ба як созиш омода масъалаи чи тавр тақсим кардани обро ҳал намоянд [9, с.97].

Ин ҷо бояд ишора кард, ки 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсол шуда, дар раддабандии ҷаҳонӣ аз ҷиҳати тавлиди энергияи «сабз» ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин зимн дар асоси қарори роҳбарияти шаҳри Душанбе соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” эълон шуда, конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» доир гардид, ки гувоҳӣ аз мубрамияти обу яхҳо ва ҳифзи саривақтии онҳо медиҳад.

Ба андешаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дотсент Ориф Амирзода ва донишманди соҳа Номвар Қурбон амалӣ намудани чунин ҳадафҳои олӣ моро зарур меояд то дар навбати аввал ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат кард. Сипас аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон хуб баҳрабардорӣ намуд,-- то минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва дар ниҳоят истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат хоҳад кард [10].

Барои беҳтару бештар ҳифзу ҷилавгирӣ кардан ва пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу пиряхҳо бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории муштаракро ба роҳ монда, бо рушди босуботу муназзам тавассути истифодаи захираҳои васеи иқтидори гидроэнергетикӣ барои расидан ба мақсади ниҳоӣ амалӣ кард. Ҳамин иқтидори бузурги энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки кишвар истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил шуда, неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Истифодаи дурусти манобеи захиравии фаровони кишвар заминаи хубро дар ҷилавгирӣ аз таҳдиду хатарҳо аз боду иқлими сайёра фароҳам оварда, Тоҷикистонро ба мамлакати сабз табдил дода, манфиати он ба ҳама аҳли минтақа ҷаҳон хоҳад расид.

Ҳамин тариқ, бо баланд нигоҳ доштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ заминаҳои беҳтару бештар фароҳам мегардад. Бо баргузории чунин семинару нишастҳо Тоҷикистон талош мекунад, то платформаро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи обии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо оид ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро бо роҳу равишу чораҳои беҳтар баррасӣ намояд.

Ба андешаи нигорандаи сатрҳо кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз унсуру моделҳои хос баҳри ҳифзи обу иқлиму пиряхҳо ҳамкориҳои муштарак намуда, дар рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, тавсеаву тақвият хоҳанд бахшид. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва 22 март Рӯзи ҷаҳонии об муҳим арзёбӣ шуда, мақсаду маромии аслии он баҳри саломативу саодатмандии сокинони сайёра буда, кишварҳо бо чорабиниҳои байналмилалӣ ва инчунин миллӣ нақши пиряхҳову обҳоро дар системаи ҷаҳонӣ бештару беҳтар баррасӣ хоҳанд кард.

РАҲМОНОВ МИРСАИД - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

АДАБИЁТ

1. Абдулҳамид Қаюмов. Пешсафи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва омӯзиши пиряхҳо. Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. (маводи конференсияи байналмилалӣ). Душанбе,”Аршам”, 2024,-С.380.

2. Айна Ҷ. Хон. Покистон пиряхҳои худро аз сабаби тағирёбии иқлим аз даст медиҳад. Aina J. Khan. Pakistan Is Losing Its Glaciers to Climate Change. https://newlinesmag.com/reportage/pakistan-is-losing-its-glaciers-to-climate-change/ January 22, 2025

3. Валиев Давлатёр. Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва нақши пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти башар. 18.09.2023. https://tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=22859

4. Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. (маводи конференсияи байналмилалӣ). Мураттиб Мамадазимов А.-Душанбе,”Аршам”, 2024,-С.380. саҳ.24

5. Мирсаид Раҳмонов. Нақши “дипломатияи об” ва ташаббусҳои созандаи тоҷикистон.ҷумҳурият санаи нашр: 25.05.2022 №: 99 – 100.

6. Мирсаид Раҳмонов. Нақши Тоҷикистон дар рушди дипломатияи обу иқлими сайёра назаррас аст.АМИТ Ховар. https://khovar.tj/2024/06/na-shi-to-ikiston-dar-rushdi-diplomatiyai-obu-i-limi-sajyora-nazarras-ast-e-do-ba-konfronsi-seyumi-bajnalmilalii-sat-i-baland-oid-ba-da-solai-bajnalmilalii-amal-ob-baroi-rushdi-ustuvor/

7. Мусодик ба амалиёти ягонаи глобалӣ барои мубориза бо норасоии об дар шароити фишори иқлим даъват мекунад. Рӯзномаи Nation. March 23, 2025. Musadik urges unified global action to combat water scarcity amid climate pressures. https://www.nation.com.pk/23-Mar-2025/musadik-urges-unified-global-action-to-combat-water-scarcity-amid-climate-pressures

8. Муҳаммад Зулфиқор. Бӯҳрони об дар Покистон: далелҳо ва роҳҳои ҳалли. Muhammad Azhad Zulfiqar. Рузномаи Nation. August 07, 2020. Water crisis in Pakistan: Facts and solutions. https://www.nation.com.pk/07-Aug-2020/water-crisis-in-pakistan-facts-and-solutions

9. Некбахт Дороншоева. Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти он. Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. (маводи конференсияи байналмилалӣ). Душанбе,”Аршам”, 2024,-С.380.

10. Ориф Амирзода. Номвар Қурбон. тоҷикистон – ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим. https://www.imoge.tj/intishorot/maqolaho/to-ikiston-tashabbuskori-oya-oi-a-onii-obu-i-lim.Сен 06 2021.

11. Покистон пиряхҳои худро аз сабаби тағирёбии иқлим аз даст медиҳад. Pakistan Is Losing Its Glaciers to Climate Change. New Lines Magazine. January 22, 2025.

12. Президенти Тоҷикистон-ташаббускори ҳалли масъалаҳои об. АМИТ. Ховар. 12.06.2024. https://khovar.tj/2024/06/prezidenti-to-ikiston-tashabbuskori-alli-masala-oi-ob-andesha-oi-ishtirokdoroni-konfronsi-seyumi-bajnalmilalii-sat-i-baland-dar-in-husus/

13. Рустам Ҳайдарзода. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули дипломатияи об ҷаҳон https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/na-shi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-mu-taram-emomal-ra-mon-dar-tashakkuli-diplomatiyai-ob-dar-a-on 2024-22-07. (санаи муроҷиат 11 марти 2025)

14. Рустам Ҳайдарзода. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули дипломатияи об ҷаҳон. Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. (маводи конференсияи байналмилалӣ). Душанбе,”Аршам”, 2024,-С.380.

the South-Eastern Asia Department of NUST. Address: Dushanbe, Rudaki Street 33. Tel: 919293105. email: esrp_mirsaid@yahoo.co.uk