Перейти к основному содержанию

«Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»

Эмомалӣ Раҳмон

Пирях – тӯдаи яхҳои табии рӯи заминӣ, солҳои сол аз бориши барф зам шудаанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳои манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на барои кишварҳои Осиёи Миёна, балки барои аҳолии тамоми сайёра ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро мебозанд. Ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳамияти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда об шуда истодаанд, ки ин раванди манфӣ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисодиёт, саломатии ҷомеа ва ояндаи башарият таъсир мерасонад.

Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Бидуни чораҳои фаврӣ, аз даст додани пиряхҳо метавонад ба хушксолӣ, камбудии оби ошомиданӣ ва офатҳои табиии зиён оварда расонад. Мутаассифона, тайи солҳои охир мушкилоти тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра ба яке аз мушкилиҳои мубрами ҷаҳони муосир табдил ёфта, тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо таҳдид намуда, то ин замон ба пурра нест шудани шумораи зиёди онҳо оварда расонидааст. Аз ҷумла, дар тӯли 50 соли охир зиёда аз 1000 пиряхи дар ҳудуди кишвари мо вуҷуд дошта, пурра аз байн рафтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко (Ванҷях) дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко (Ванҷях) зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд ва мо онҳоро бори дигар хотиррасон мекунем:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов (соли 2019)»;
- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (соли 2020);
- Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020;
- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;
- Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
- «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»;
- Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030. Ҳамин тариқ, пиряхҳо ҳамчун як ҷузъи экосистемаи мо аҳамияти бузурги экологӣ ва иқтисодиро доро буда, обшавии босуръати онҳо дар натиҷаи болоравии ҳарортаи ҳаво ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумлаи чунин мушкилот метавон, зери об мондани минтақаҳои назди соҳилӣ ва ё пурра зери об мондани давлатҷазираҳои хурди дар уқёнус бударо қайд кард. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ниҳоят ба маврид ва саривақтӣ мебошад.

Комрон Бобоев – мудири шуъбаи амнияти химиявии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ, доктор фалсафа (PhD)