Перейти к основному содержанию

(Memory of the World Programme, UNESCO)

Бо фараҳмандӣ хотирнишон менамоем, ки маҷмӯаи нодири ҳуҷҷатҳои куҳи Муғ, ки яке аз ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик маҳсуб меёбанд, расман ба Феҳристи “Хотираи ҷаҳон” – барномаи байналмилалии ЮНЕСКО барои ҳифз ва арҷгузории мероси хаттӣ – ворид карда шуданд.

Дар таърих гоҳо як кашфиёти ба назар хурд метавонад гиреҳи муаммои бузурги гузаштаҳоро боз кунад, дар ҳоле ки таҳқиқоти тулониву муфассал гоҳе аз равшан кардани як ҳақиқати таърихӣ оҷиз мемонад. Дар ин миён, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистони азизи мо ҳамчун шоҳидони зиндаи ҳаводиси таърихӣ, ҷойгоҳи беназире дар бозсозии таърихи башарӣ ва миллӣ доранд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои суғдии кашфшуда дар Қалъаи Кӯҳи Муғ, ки аз муҳимтарин кашфиёти асри XX ба шумор мераванд, аз равшантарин саҳифаҳои таърихи аҷдодиро бозгӯи мекунанд. Онҳо бо шаҳодати бевоситаи худ дониши моро дар бораи ҷомеа, идора, забон, тиҷорат ва ҷаҳонбинии мардуми Суғди бостон ба таври бесобиқа ғанӣ мегардонанд.

Қалъаи Кӯҳи Муғ (чунин низ зикр мешавад:

Қалъаи Муғ ё Қалъаи Кӯҳи Муғ) дар баландии 1411 метр аз сатҳи баҳр, дар болои теппаи табиие бо номи Кӯҳи Муғ ҷойгир аст. Ин мавзеъ дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ва назди дарёчаи Кум, тақрибан 2 км шарқтар аз деҳаи Хайробод, 15 км ғарбтар аз маркази ноҳияи Айнӣ ва 80 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент қарор дорад. Қалъа рӯ ба рӯи мавзеъи маъруфи “Оби Тоғмат” – манзараи шинохта барои мусофирони роҳи Панҷакент–Айнӣ ҷой гирифтааст (ҳамоҳангшуда бо арзи шимолии 39°27'14.90" ва тӯли шарқии 68°24'44.17"). Ёдгорӣ дар доираи номинаи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” аз соли 2023 ба Феҳрести мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гаштааст.

Қалъа дар манбаи таърихии арабӣ (ат-Табарӣ) зери номи "Қалъаи Абаргар" низ зикр шудааст ва ҳамчун охирин паноҳгоҳи Деваштич – охирин ҳокими Панҷакент ва шоҳи Суғд – маъруф аст.

Баҳори соли 1932 сокини деҳаи Хайрободи ноҳияи Заҳматобод (ҳоло ноҳияи Айнӣ), Ҷураалӣ Муҳаммадалӣ, дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ дастхатеро дарёфт намуд, ки бо забони номаълум навишта шуда буд. Дастхат чанд моҳ аз дасти сокинони деҳаҳои атроф мегузашт, аммо касе натавонист мазмуни онро фаҳмад. Ниҳоят, он ба дасти раиси вақти ноҳияи Заҳматобод – Абдулҳамид Пулодӣ мерасад. Бо ташаббуси ӯ, нусхаи дастхат ба Сталинобод (Душанбе), ва баъдан ба Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) ирсол мешавад. Баъди муайян гаштани он ки дастхат бо хати суғдӣ навишта шудааст, моҳи майи соли 1933 А. Пулодӣ, ва сипас моҳи ноябри ҳамон сол ҳайати таҳқиқотии бо роҳбарии шарқшинос А.А. Фрейман барои омӯзиш ба қалъа меоянд. Соли 1946 низ гурӯҳи бостоншиносони Шӯравӣ ба ёдгорӣ ташриф оварда, онро дубора андозагирӣ мекунанд.

Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1933, аз Қалъаи Кӯҳи Муғ 75 дастхати суғдӣ, як дастхати арабӣ (дар яке аз ҳуҷҷатҳо бо хитоӣ навишта шуда буд, ки эҳтимол аз ҷониби суғдиён ҳамчун маводи сиёҳнавис истифода шудааст) пайдо гардиданд. Ғайр аз бойгонии хаттӣ, зиёда аз 400 бозёфти фарҳанги моддӣ ва чанд сикка низ ёфт шуданд. Мундариҷаи ҳуҷҷатҳо асосан матнҳои ҳуқуқӣ, хоҷагидорӣ, муроҷиатӣ ва мукотибаи дипломатиро дар бар мегирад.

Аҳамияти ин ёдгорӣ дар он аст, ки он ба сарчашмаи муҳими омӯзиши ёдгориҳои асрҳои миёнаи барвақтаи водии Зарафшон мубаддал шудааст. Қалъаи Кӯҳи Муғ ба яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи охири асри VII ва ибтидои асри VIII ҳуҷуми аҷнабиён ба сарзамини Суғд ва вазъияти сиёсиву иҷтимоии он давра, ҳамчунин шаҳрдорӣ, хоҷагидорӣ, расму оинҳои оиладорӣ, савдои дохилӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти суғдиёнро инъикос менамояд марбут аст. Ба шарофати таҳлил ва хониши дастхатҳои Кӯҳи Муғ, олимон тавонистанд то ҳадди имкон таърихи сиёсии Осиёи Марказиро дар он давра баррасӣ намоянд.

Бозёфтҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ҳам барои таҳқиқи умумии таърихи Осиёи Марказӣ ва ҳам барои омӯзиши ҷузъиёти фарҳанги Суғди асримиёнагӣ хеле муҳиманд. Махсусан, дастхатҳои суғдии ёфтшуда ба таҳқиқи ҷараёни таърихи тоисломӣ ва замони истилои араб дар минтақа равшанӣ андохтанд. Ба шарофати ин ҳуҷҷатҳо, инчунин топонимҳои суғдӣ ва номҳои маҳалҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Масалан, номи деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ, ки имрӯз маълум аст, аллакай дар яке аз дастхатҳои суғдӣ тақрибан соли 716 мелодӣ бо номи Матрушкат зикр гардидааст. Ҷолиб он аст, ки дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, рӯ ба рӯи ҳамин деҳа, ёдгории дигари беназир – Қалъаи Ҳисорак (аз соли 2023 ба Феҳрести мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гаштааст) ҷойгир аст, ки аз соли 2008 инҷониб мавриди омӯзиши муштараки бостоншиносони тоҷик ва рус қарор дорад. Дар он ҷо низ бозёфтҳое аз асрҳои VII–IX, ба хусус дастхатҳои суғдӣ пайдо гардидаанд, ки робитаи мустақими онро бо Матрушкати асримиёнагӣ тасдиқ мекунанд. Ёдгории Қалъаи Ҳисорак низ дар доираи номинаи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” аз соли 2023 ба Феҳрести мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гаштааст.

Ин мисолест равшан аз он ки чӣ гуна дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба шинохти маҳалҳои таърихии Суғд мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, дар ин дастхатҳо бори нахуст номи Панҷакент низ зикр гардидааст. “Бори аввал мо бо номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии Кӯҳи Муғ, ки ба чоряки аввали асри VIII тааллуқ доранд, дучор меоем,” – менависад шарқшиноси варзида ва яке аз муҳаққиқони дастхатҳои суғдӣ, О.И. Смирнова.

Асноди Қалъаи Кӯҳи Муғ имкон доданд, ки як қатор масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Кӯҳистони Суғд дар асрҳои VII-VIII низ таҳлилу баррасӣ шаванд. Бахши зиёди ҳуҷҷатҳо ба мукотибаи дипломатӣ тааллуқ доранд ва аз вазъи сиёсии мураккаби Суғд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо шаҳодат медиҳанд. Бояд гуфт, ки ин бозёфтҳо дар омӯзиши таърихи асримиёнагии Суғд нақши калидӣ бозидаанд ва ин дар шоҳасари аллома Б.Ғ.Ғафуров – “Тоҷикон” хеле хуб дарҷ ёфтааст.

Ҳамаи дастхатҳои суғдии Қалъаи Кӯҳи Муғ дар солҳои 1962–1963 пурра ба табъ расонида шуданд. Бо вуҷуди ин, таҳрири онҳо то имрӯз аз ҷониби мутахассисони соҳа идома дорад. Соли 2008, шарқшиноси варзида, шодравон Владимир Аронович Лившитс бо таҳрири нав ҳуҷҷатҳоро бознашр намуд. Нашри англисии ин таҳрир соли 2015 таҳти муҳарририи шарқшиноси англис Николас Симс-Уилиямс дар силсилаи бонуфузи Corpus Inscriptionum Iranicarum ба табъ расид. Соли 2023 бошад дар Феҳрести ҳуҷҷатҳои суғдӣ бо таҳрири забонҳои русӣ ва англисӣ бо иловаи дастхатҳои нав (ин қисмат аз ҷониби П.Б.Лурье) нашр гардиданд.

Нодирият ва муҳимияти бузургии илмии он аллакай ганҷинаи нотакрор будани ин ёдгории мероси таърихию фарҳангиро муайян мекунад. Вале масъалаи ҳифз ва нигоҳдошти он, ҳолати кунунии он, дастрасии он, муарифии он ба доираи васеи ҷомеа ташвишовар аст. Мавқеъи ҷойгиршавии чашма ва мавзеи Оби Тоғмат дар доманаи қаторкӯҳи Туркистон ва ҷойгиршавии худи ёдгорӣ дар манзараи зебои доманаи қаторкӯҳи Зарафшон метавонад як мавзеи фарҳангиву фароғатӣ ва сайёҳӣ бошад. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзу истифодаи самараноки ин ёдгорӣ метавонад, чӣ дар рушди туризми бостоншиносӣ ва чӣ дар рушди туризми кӯҳӣ мусоидат намояд. Афзалияти ин ёдгорӣ имкон медиҳад, то мо бо боварии комил иброз дошта бошем, ки ҳифзу истифодаи ин ёдгории таърихии кишвар натанҳо барои ҷалби сайёҳон муҳим, балки барои олами илм низ муҳим аст.

Ҳамин тавр ҳалли масоили марбут ба ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар мисли Қалъаи Кӯҳи Муғ метавонанд дар баробари объекти муҳими сайёҳиву фароғатӣ ташкил шуданашон инчунин нуқтаи калидӣ барои ташаккулии омилҳои худшиносии фарҳангиву миллӣ, тарбият ва бедоршавии ҳисси ватандӯстии наслҳои оянда мусоидат намояд.

Пӯлотов Абдурҳамон – директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон