Перейти к основному содержанию

Мутобиқи маълумотҳои омории хоҷагии халқӣ ИҶШС (СССР) дар соли 1980 пешниҳодкарда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1940 – 1525 ҳазор аҳолӣ, ки 203 ҳазорашон дар шаҳрҳо ва 1196 ҳазорашон дар деҳот умр ба сар мебурданд, зиндагӣ мекарданд. Аз он аҳолӣ аз ҳар ҳазор нафарашон танҳо 40 нафарашон соҳиби маълумот буданд, яъне хондану нависондан метавонистанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ (1941-1945) аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор мардон ба ҳимояи ватан даъват шуда буданд, ки наздики 50 фоизи мардони қобили корро ташкил мекард. Як қисми мардони ба ҷанг сафарбаршуда хондану нависондан наметавонистанд, аммо шукргузор аз давлатдории сотсиалистӣ ва рӯзбеҳбудии он таъминкарда буданд. Бинобар ҳамин, ба ватан хиёнат накарда бо як даст, як пой, як чашм ва ҷароҳатҳои вазнин баргашта, мувофиқи қобилият бо меҳнати фаъол, зиндагиашонро пеш мебурданд.

Дар ватан мондагон медонистанд онҳоеро, ки ба ҷанг фиристодаанд, нависондану хондан наметавонистанд, бинобар ҳамин интизорӣ омадани мактуб ҳам набуданд. Аммо ғайричашм- дошт мактубҳо бо забони озарбойҷонӣ, узбекӣ, русӣ ва тоторӣ ба хоҳарону бародарон ва модарони мушфиқу оилаҳояшон меомад. Як маротиба ҳамон меросҳоро нигоҳ кунед, он мактубҳо бо ҳамон забонҳо ба шумо маълумотҳои барҷастаеро дар бораи шуҷоату мардонагии хешу ақрабҳоятон ва ё бобою падаратон пешниҳод менамоянд.

Ман дар бораи яке аз онҳое, ки хондану нависонданро намедонист, вале бо се ҷароҳати вазнин ба хона баргаштааст ба шумо роз овардани ҳастам.

Падари ман Оймаҳмадов Некмуҳаммад соли 1902 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Заҳматобод (Айнӣ) ба дунё омадааст ва моҳи апрели соли 1943 ба сафи армияи советӣ даъват шудааст. 300 нафар аз ноҳияи Заҳматобод (Айнӣ) даъватшудагонро то Панҷакент пиёда бурданд. Аз он ҷо ба мошинҳо савор карда ба Каттақурғони Самарқанд ва дар онҷо дар давоми се моҳ ба онҳо дарсҳои ҳарбӣ гузаштанд.

Дар яке аз рӯзҳо ба қатора бор карданду ба тарафи Русия фиристоданд. Ҳамин, ки ба яке аз истгоҳи роҳи оҳан (стантсияҳо) наздик шудем, самолётҳои немис ба болои қатораҳо тиру туфанг партофтанд. Ҳамон тавре, ки моро омӯзонда буданд, аз қатора худро берун гирифта, аз он ҳарчи дуртар ҷойгир мешудем, барои ман ин ҳолат оғози ҷанг буд. Қисмат он мардро барои хизмат ба фронти сеюми Украина дар полки 283 ба сифати тирандоз (мерган) муқаррар кард.

Аз гуфтаҳои падарам рузи аввале, ки маро ба полки 283 оварданд, Командири полк омада, аз ҳолу аҳволи аз Осиёи Миёна омадагон пурсон шуд, гуфтем, ки чой намеёбем ки нушем, ҳамон лаҳза чой ҳам пайдо шуду мо аз куфти чой берун шудем.

Баъди он ҳамон командир моро қатор кард ва худаш ба даруни хандақ (траншея) даромада, ба механики танк ишора кард, ки аз болои Вай гузарад, баъди танк гузаштан, командир аз траншея берун омад ва гуфт, ки кори ман анҷомдодаро такрор мекунад? Ман дар ҷавоб ба пеш баромадам ва рафта ба даруни хандақ (траншея) даромадам, танк аз болоям гузашт, ман аз зери танк зиндаю солим берун баромадам ва бо ҳамин ба дигарон намуна шудам. Он командир боз ҳамаро саф кашид ва соати дастиашро кушода ба ман тӯҳфа кард, ки то солҳои 50-ум ба ман хизмат кард.

Падари ман ман соҳиби медал барои шуҷоат “за отвагу” №2315970 ва медали ғалаба нисбат ба Германия мебошам.

Инчунин, дар давоми хизмат ба падарам раҳматномаҳои зиёде барои озод кардани шаҳрҳои Житомир, Ровно, Проскурово, Винница, Каменец-Подолск, Гомель, Тирасполь, Белгород, Черновицы, Станислав, Дрогобич, Львов, Прага, Берлин ва ғайраҳо сазовор гардидаам, ки онҳо бо имзои И.В.Сталин, Г.К. Жуков, И.С. Конев, К.К. Рокосовский, Д.Д. Лелюшенко, Д.Т. Гуляев ва ғайраҳо мебошанд.

Дар ҷанг инсон ҳаррӯз ва ҳар соат бо марг рӯ ба рӯ мешавад, агар лаҳзае тарсро ба хотир овардед, марг шуморо меёбад, агар хилофи он рафтор кардед, шумо ғолиб ва зинда мемонед.

Онҳое, ки хондану нависондан наметавонистанд дар ҳама мушкилиҳо ба ватанашон хиёнат накарданд, бо изи тирҳои дар тан доштаашон, ҷавононро ба хондан, софдилона меҳнат кардан даъват мекарданд. Онҳо дар тую маъракаҳо гули сари сабади дастархон буданд, бо нишасту хесташон ва тарбияи фарзандонашон намунаи ибрат буданд, то солҳои 60-ум, яъне пайдо шудани телевизион, онҳо меҳру садоқатро ба ватан тарғиб мекарданд ва ҳангоми даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, онҳо роҳнамои ҷавонон ва намунаи ибрат буданд.

Фарзандони чунин бесаводҳо, пояи устувори сулҳу ваҳдат ва полкҳои ҷовид (бесмертный полк) мебошанд. Падари ман дар синни 58 солагиашон, дар рӯзи Наврӯз аз олам гузаштанд, ман ҳамон вақт 25-26 сола будам. Васиятҳои чунин мардон буданд, ки ҳамаи фарзандону набераю абераҳо, соҳиби илми олию хизматгор ба халқу ватан мебошанд.

Дар солҳои ҷанг 1,1 млн нафар Тоҷикистонӣ, 250 заводу фабрикаҳои ба ақибгоҳ сафарбар- шударо қабул карда, дар давоми 2-3 моҳ онҳоро ба кор меандохтанд, ки дар як шабонарӯз се смена кор карда, ба сафи якқатораи аскарон (фронт) молу маҳсулот мефиристод. Он заводҳоро дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҷойгир карданд. Як миллион Тоҷикистонӣ, зиёда аз ду миллион ба ақибгоҳ, бо заводу фабрикаҳо омадагонро дар мактабҳою боғчаҳо ва хонаю ҳавлиҳояшон ҷой карда ба онҳо сарпаноҳ доданд, гоҳо худашон гурусна ба саҳро рафта, дар заводу фабрикаҳо коркунандагонро хӯроки гарм медоданд.

Соҳаи кишоварзӣ сафи якқатораи аскарон (фронт) ва ақибгоҳро бо хӯрокворию ашёи хом пурра таъмин мекард. Ҳамин якдилию тифоқӣ буд, ки рӯзи иди ғалаба бо чашмони аз ашки шодӣ пур, тарафи хонаҳои якдигар давида, аз офати фашистӣ халос шудем гуфта, хурсандӣ мекарданд.

Занҳои 17-18 сола интизори баргаштани шавҳарҳояшон буданд ва баъзеяшон рӯи гарми шавҳарашонро надида, бо ҳазор орзӯ садоқату бовафоиро нисбати болинашон нигоҳ доштанд, ки рӯзи никоҳ ваъда карда буданд, бефарзанд ин дунёро падруд гуфта, бовафогии абадиашонро ба он дунё ба шавҳарҳояшон бе хиёнат, дастовез бурданд. Чунин занҳои 17-18 солаи абадан бевамонда, бо рафтори содиқонаашон ба мо намунаи ибрат, пайгирӣ ва тақлид дар пойдории оиладорӣ, тарбияи фарзанд, боварӣ ва яклафзӣ буданд.

Он ҷанг, барои дар ақибгоҳ будагон низ, мактаби омӯзиши инсонӣ буд, ки будани ҳар якеро инъикос мекард. Ҳамон ори тоҷикӣ, домангири мо аст, ки бояд саноатигардонии босуръатро бо дастони худ бунёд карда, мутахассисони ватаниро дар асоси ин васият тарбия намоем, то ки ба дигар мулк сафар карда, навигариҳои техникиро дар олам паҳн намоянд. Ин иди ғалабаро бо навовариҳояш ҳамаи Тоҷикистониҳо, ҳамеша интизорӣ мекашанд ва бо ҳамин рӯҳи барнагаштагону дар ақибгоҳ фавтидагонро бо некӣ ба ёд оварда, фаромӯш нашудани онҳоро ба ояндагони Тоҷикистон ба мерос гузоштанианд.

Ҳамон тоҷике, ки худаш нахурду дигаронро хӯронд, бегонаро дар хонааш ҷой доду худаш дар саҳрои кушод хобид, бояд аз вартаи беҳунари берун баромада, рушди қувваҳои истеҳсолкунандаро таъмин карда, бо ҳунармандиҳои беназираш намунаи инсонияти олам бошад. Мо дар назди рӯҳи аз ҷанг барнагаштагон абадан қарздорем, то ки бо ваҳдату якдилиамон дар ватан, тантанаи рушди инноватсияро ҳар сол қайд намоем.

Ташкили гурӯҳи ҷӯяндагони аз ҷанг барнагашта ва ба хоки ватан овардани бозмондаҳои он ҷанговарон, аз як тараф намунаи арзандаи мо бошад, аз тарафи дигар ба ҷавонон шуҷоату мардонагиро тарғиб менамояд. Ба Тоҷикистон овардани нусхаи байрақи ғалаба ва ба он ҳар сол рӯзи иди ғалабаро эҳтиром гузоштан, орзӯи деринаи ман аст.

Оймаҳмадов Г.Н. н.и.и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ