Перейти к основному содержанию
2 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани «Рузи байналмилалии морхӯр» тариқи қатъномаи дахлдор пазируфт, ки ҳамасола 24 май дар саросари дунё муассисаҳои марбута ва дӯстдорони табиат бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, ин рӯзро ҷашн мегиранд.

12323Қатънома аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дошта, барқарор намудани гуногунии биологиро эътироф менамояд ва ҳифзу нигоҳдории ҳудуди паҳншавии морхӯр (бузи пармашох)-ро ҳамчун зарурати экологӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин замина аҳаммияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзу муҳофизати морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.

Ҳудуди паҳншавии морхӯр ё бузи пармашох васеъ буда, дар Тоҷикистон ин ҷонвари зеборо дар ду минтақаи аз ҳамдигар ҷудо - қаторкӯҳҳои Ҳазратишох, Дарвоз ва қаторкӯҳҳои Сарсараку Санглох вохӯрдан мумкин аст. Дар қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ ва Дарвоз қаблан то замони Истиқлолияти давлатӣ саршумори ками он боқӣ монда, аммо дар қаторкӯҳҳои Сарсарак ва Санглох қариб, ки аз байн рафта буд.

Қайд кардан зарур аст, ки морхӯр ва ё бузи пармашох намуди осебпазир буда, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Замимаи II Конвенсияи СИТЕС дохил карда шудааст.

Айни замон барқарор намудани саршумори ҳайвоноти нодири шикоршаванда, аз ҷумла морхӯр ва самаранок истифода намудани захираи он дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дар мавзеъҳои сукунати он ташкилотҳои шикорӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои марбутаи кишвар ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории популятсияи ин ҳайвони нодир чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Таҳқиқ ва баҳодиҳии ҳолати популятсияи морхӯр (бузи пармашох)-ро олимони соҳаи биология ба зимма доранд. Дар асоси натиҷаҳои илмӣ бе расонидани таъсири манфӣ ба табиат, шумораи муайяни наринаҳои синну соли калон, ки қобилияти ҷуфтишавӣ надоранд, барои шикори ғаниматӣ тавсия карда мешаванд.

Баҳисобгирии саршумори бузи пармашох ва назорати санитарию гигении муҳити зисти он аз тарафи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агенти ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Чунин як таҳқиқоти муштарак аз 15 феврал то 5 марти соли равон дар мавзеъҳои сукунати морхӯр гузаронида шуд, ки айни замон маводи бадастомада мавриди омӯзиш ва таҳлили мутахассисон қарор дорад.

Натиҷаи пешакии таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол саршумори морхӯр афзун гардида истодааст. Новобаста аз ин, барои ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир пайваста чораандешӣ намуда, муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ пурзӯр ва чаронидани чорворо дар муҳити хоси сукунати намуд маҳдуд намудан зарур мебошад.

Амиров Зайниддин Гадо - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ