Перейти к основному содержанию

Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор доранд. Онҳо на танҳо ояндасози миллат, балки дар ҳимоя ва тақвияти манфиатҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, Ваҳдати миллӣ, амнияту субот, таъриху фарҳанг бузургтарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, барои рушду пешрафти кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар, ба хусус ҷавонони ба ору номус ва шуҷои Ватан ба шумор меравад.

Дар замони муосир ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа ва интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ эътироф гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади хеш пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Дар ҳақиқат ҷавонон қишри боэътимоди ҷомеа ва давомдиҳандаи наслҳои ояндаи миллату давлат ба шумор мераванд. Пешвои миллат, пайваста баҳри ояндаи дурахшони насли ояндаи миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”–ро пешниҳод намуданд, ва ин иқдом аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарфарозӣ қабул гардид. Аз ин рӯ, насли оянда, махсусан ҷавонон пайваста мавриди таваҷҷуҳи ҳукумату ҷомеа дар ҳар давру замон қарор доранд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ пайваста рушд намуда, солҳои минбаъда ба як давлати мутараққӣ табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва тавоноии худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мебошанд[4].

Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ, айни ҳол зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳанд, ва маҳз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон ба ҳисоб меравад, ки синну соли миёнаи аҳолӣ 25-соларо ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат, ба неруву тавоноиҳои ҷавонони кишвар эътимоди комил доранд ва аз ин рӯ, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин иқдом ба ҷавонон неруву қувваи нотакрор бахшид, ки ҷавонон бо як боварии комил қадамҳои устувори хешро дар густаришу таҳкими сиёсати давлат мегузоранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, ҷавонон дар тамоми соҳаҳои давлатӣ, махсусан дар вазифаҳои роҳбарӣ низ кору фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷавонон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид гардида, баҳри густаришу таҳкими пешбурди сиёсати давлатӣ сидқан ва бо як ҳуввияти баланди миллӣ кору фаъолият менамоянд. Дар шароити кунунӣ вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста тағйир меёбад, ки махсусан ба ҷавонон таъсиргузор мебошад. Пешвои миллат, пайваста дар паёмҳои худ ба ҷавонон таъкид намуда, қайд менамоянд, ки “Зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ набояд аз даст диҳем ва Ватану кишвари азизи худро аз сидқ дӯст дошта, баҳри рушди кишвар сидқан хизмат намоем”[2]. Ҳамзамон Роҳбари давлат қайд намуданд, ки “Дар баробари нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои беруна моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”[3].

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷавонони болаёқату ҷасури тоҷик солҳои охир дар риштаи варзиш низ ба дастовардҳои бузурги байналмилалӣ ноил гардида истодаанд. Маҳз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат варзишгарони мо тавонистанд маҳорату малака ва қобилиятҳои пурарзиши худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Махсусан, дастаи футболбозони мо, ки соли 2025 ба ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои бузурги байналмилалии варзишгарон ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамагӣ 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 медали биринҷиро ба даст оварданд, ки дар миёни 27 кишвар Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ҷойи дуюм кишвари Озарбойҷон бо 4 медал ва Фаронса бо 7 медал ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи ҷудои Тоҷикистон бори аввал аст, ки варзишгарони тоҷик ба чунин дастоварди бузург, яъне ба 11 медал ноил гардиданд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки бо медалҳои тилло Эмомалӣ Нуралӣ дар вазнҳои (-66кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), медалҳои нуқра Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва медалҳои биринҷӣ Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100кг ) сарфароз гардиданд. Рӯйдоди дигари таърихӣ дар ин мусобиқа аввалин бонуи ҷудокори тоҷик Мадина Қурбонзода мебошад, ки дар мусобиқаи Grand Slam аввалин маротиба иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардид[1].

Ҳамин тариқ бо боварии комил метавон гуфт, ки дар қалби ҷавонони тоҷик ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ ҳувайдо гардида, пайваста баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ сидқан талош меварзанд. Ҷавонон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат намуда, барои густаришу таҳкими сиёсати давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ талошҳои худро равона намудаанд. Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат чунин қайд намуданд, ки “Дар ҳеҷ як кишвари дунё мову шуморо интизор нестанд” ин сухан ба қалби ҷавонон таъсири бениҳоят ҷиддӣ гузошт ва ҷавонон сухани Сарвари давлатро ҳамчун шиори зиндагии ҳаррӯзаи худ қабул намуданд. Маҳз бовариву эътимоди Пешвои миллат ба кулли ҷавонони кишвар буд, ки имрӯз ҷавонон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузурги дохиливу байналмилалӣ ноил гардида истодаанд.

Файзуллаева Нигора Негматовна, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳои истифодашуда:

1. 1 медали ҷудокорони тоҷик дар Dushanbe Grand Slam 2025. Манбаи электронӣ// https://varzishtv.tj/tj/news/11-medali-udokoroni-to-ik-dar-dushanbe-grand-slam-2025/ [Санаи дархост: 09.05.2025]

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/missives/49225[Санаи дархост: 15.05.2025]

3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/missives/49225[Санаи дархост: 09.04.2025]

4. Ҳамидов.И.И.Нерӯи ояндасози миллат.-Д.2011.-140 с