Об яке аз моддаҳои аз ҳама паҳншуда дар табиат буда, аз чаҳор се ҳиссаи сайёраи моро ташкил медиҳад. Нақши об дар пайдоиш ва инкишофи таммаддуни башарӣ ниҳоят бузург аст. Кашфи таркиби обро дар як вақт ба Кавендиш ва Лавуазйе мансуб дониста бошанд ҳам ба ҳисоби дигар обро солӣ 1895 олими амрикои Э.У. Морлӣ муайян намудааст. Об дорои гармиғунҷоиш гармиҳои ниҳонии бухоршавӣ ва гудохташавии ниҳоят калон буда, дар табиат дар гардиши доимист. [1, c.174-175].
Хусусияти дигари об дар он аст, ки аз зери замин фавора зада, рўдҳои хурду калонро ташкил медиад ва маҷрояшон ба сўи гилу сангпора ҷорӣ мешаванд. Оби чашмаҳои зерисангпораҳо ва кўҳҳо хеле ширин ва болаззат мебошад. Аз ҷумла, чашмаҳои зеризаминӣ ҳарорати доими дошта, дар фаслҳои сол гарму хунук мешаванд, аз ҳамин ҳисоб обҳои зери замини хусусиятои шифобахши дошта эҳтиёҷоти аҳолии сайёраро таъмин месозанд ва киштзору боғот низ шодоб мегарданд.
Аз рўи пайдоиш обҳои зеризаминӣ гуногун буда, қисме аз онҳо дар натиҷаи воридшавии обҳои барфу борон ба қабатҳои начандон зиёди зери замин (то 1,5-2,0 м) ташкил дода (бо ибораи болооб ё баландоб ифодакарда мешаванд) қисми дигари онҳо бошад дар чуқуриҳои нисбатан зиёди қаъри замин ҷойгир мешаванд.
Обҳои ошомидании зеризаминӣ обҳое ҳастанд, ки аз рўи ҳамаи сифатҳояшон дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард барои нўшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хўрока истифода мешаванд ва дар муқоиса ба обҳои рўизаминӣ бо баъзе хусусиятҳо ва бартариятҳо аз қабили сифат ва эмин будан аз ифлосшавию олудагиҳои рўи заминӣ фарқ мекунанд. Маҳз ҳамин омилҳо сабаби ҳарчӣ бештар гардидани истифодабарии онҳо дар солҳои охир гаштааст.Истифодабарии обҳои нўшокии зеризаминӣ, махсусан дар солҳои охир ривоҷу равнақи тоза гирифта, шумораи истифодабарандагони он сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз манбаъҳои беҳтарини захираҳи оби нушокӣ ба ҳисоб меравад. Куҳои сарбафалак кашидаи Тоҷикистон, ки сарпуши пиряхҳои азимҷӯса мебошанд, тавлидгари об ба ҳисоб мераванд. Бидуни ин пиряхҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 14-ҳазор мебошанд, инчунин 200 чашмаҳои оби минералӣ мавчуд аст, ки аксари онҳо хусусияти шифобахши доранд.
Ҳарорати обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якхела набуда, вобаста ба тарзи пайдоиш ва дар қишри замин ҷойгир шуданашон чор навъ мешаванд:
1) Чашмаҳои сард (ҳарораташон то 20 0С)
2) Чашмаҳои муътадил (ҳарораташон аз 20 0С то 37 0С)
3) Чашмаҳои гарм (ҳарораташон аз 37 0С то 42 0С)
4) Чашмаҳои ҷушон (ҳарораташон аз 42 0С зиёдтар) [2, c.193]
Ин гуна обҳои минералӣ аз қишри замин ба туфайли чашмаҳо ба рўи замин мебароянд, ки чуқурии онҳо ба якчанд километр мерасанд. Обҳои баъзе кулу баҳрҳо аз ҳисобе, ки дар таркибашон миқдори зиёди намак доштанашон ба қатори обҳои минералӣ дохил мешавад.
Обҳои минералӣ аз рўи хосиятҳои шифобахшӣ, миқдори элементҳо ва газҳои фоиданок, сифат ва миқдори моддаҳои органикӣ таркиб диҳанда муайян карда мешаванд. Аксари чашмаҳои шифобахш захираҳои зиёди обҳои минералӣ буда, ҷиҳати иқтисодӣ барои истифодаи дарозмуддат мувофиқ мебошад.
Тоҷикистон дорои чашмаҳои обҳои маъданӣ буда, таркиби химиявӣ ва ҳарорати ҳар кадоми онҳо аз ҳамдигар тафовут доранд. Аҳамияти ҳар кадоми онҳо аз муолиҷа кардани касалиҳои гуногун иборатанд дар назди чашмаҳои минералӣ истироҳатгҳову осоишгоҳо сохта шудааст.
Муҳимтарини онҳо «Ҳавотоғ» дар ноҳияи Истаравшан, «Хоҷаобигарм» дар ноҳияи Варзоб «Шоҳамбари» дар ноҳияи Ҳисор, Явроз, Андигон, «Обигарм» Тандиқул, "Гармчашма» дар ноҳияи Ванҷ, «Андигон» дар ноҳияи Ваҳдат, «Зонг» дар Помири Шарқӣ, «Вездара» ва «Немтс» дар Шуғнон, «Гармоба» дар ноҳияи Файзобод, «Оби сафед» дар ноҳияи Рашт, «Оби шифо» дар ноҳияи Исфара, «Чилучорчашма» дар ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.
Обҳои минералии Анзоб, Алмосӣ, Шоҳамбарӣ, Зарафшон, ҳавотоғ ва Бадахшонро дар зарфҳо ҷой карда чун оби нушокӣ ва шифобахш истеъмол мекунанд. Аксари обҳои минералӣ аз ҳисоби миқдори моддаҳои химиявӣ доштанашон ба қатори обҳои табобатӣ дохил карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёр солаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рў, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 таҳти рақами 551 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”қарор қабул кард. Обҳои минералӣ нодиртарин захираҳои табиӣ арзёбӣ гардида, ягон чизи дигар обро иваз карда наметавонад ин таркиби он ба шумор меравад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мўьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.
Имрўз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст. Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад. Бинобар ҳамин сабаб масъалаи умумӣ ҷаҳони шуд, ки барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштани обҳои ошомиданӣ хеле муҳим аст. Вақте,ки таклифи Асосгузори сулҳу вадҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ пешниҳод карда шуд, беш аз 120 давлати ҷаҳон пешниҳоди мазкурро пазируфтанд ва «соли 2018 то 2028 масъалаи 10-солаи «Амал-об барои рушди устувар» эълон гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табобатгоҳо ва истироҳатгоҳу осоишгоҳое дар назди обҳои минералӣ шифобахш сохташудаанд, ки ба мардум бисёр ёрии калон мерасонанд: Чашмаҳои Хоҷаобигарм. Ин истироҳатгоҳ дар доманакўҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст. Ҳарорати об 62 - 96°С буда, ҳарорати буғи ин чашмаба 98°С мерасад. Дар як литр оби он 0,4 г намак мавҷуд аст. Оби ҷўшони чашмаи Хоҷаобигарм элементҳои камрадиоактивӣ ҳалшуда радон дорад. Дараҷаи баланди ҳарорат ва таркиби мураккаби химиявии обҳои минералии Хоҷаобигарм ба бисёр дардҳои буғум ва устухон, асаб ва узвҳои ҳаракат шифобахш мебошанд. [2, c.21-25]
Чашмаҳои Обигарм. Дар атрофи истироҳатгоҳи Обигарм зиёда аз 20 чашмаҳои оби минералӣ мавҷуд аст. Ҳарорати об 35-54°С буда, таркиби он силитсий, намакҳои калию натрий ва ғашҳои радон дорад. Дар наздикии Обигарм,боз як чашмаи минералӣ мавҷуд аст. Ин чашмаи минералиро Гармоба ном мебаранд, ки ҳарорати он ба 42°С мерасад. Таркиби химиявии оби Гармоба ва Обигарм як хела аст.
Оби гарми Шоҳамбарӣ. Дар водии Ҳисор ҷойгир буда, миқдори зиёди намакҳо ва сулфиди гидроген дорад. Аз яке пармачоҳҳо оби гази оксиди карбондори (IV) "Шоҳамбарӣ" мебарояд, ки он чун оби нўшокии шифобахш писанди аҳолӣ гардидааст ва барои касалиҳои меъда фоиданок аст.
Оби шифобахши Чилучорчашма. Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз дуҳазорсола, шинохта шудааст.
Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Зоирон мегўянд, бахусус, аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шафоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чунин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехўрдаанд. Аммо пажўҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рўда, пўст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рўҳӣ, гўшу гулўву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад. [2, c.194-196]
Гармчашма. Маҷмуаи табобатӣ-истироҳатӣ, чашмаи гармоби минералӣ ва яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон мебошад. Чашмаи минералии Гармчашма дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон, дар ғарби нишебии силсилакўҳҳои Шоҳдара, дар мобайни ҷараёни дарёи Гармчашма, шохоби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Чашма умри чандин ҳазорсола дорад, зеро дар тўли чандинасраи мавҷудияташ дар ин ҷо таҳшинҳои оҳаксанг ҷамъ шудааст. Соли 1957 дар ҷои баромади обҳои минералӣ табобатгоҳи «Гармчашма» бунёд гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли солҳои истиқлолияти кишвар ба ҳалли масоили обҳои минералӣ чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ, таваҷҷўи хос зоҳир мекунад.
Обҳои ошомидании зеризаминӣ обҳое ҳастанд, ки аз рўи ҳамаи сифатҳояшон дар ҳолати табиӣ ё минералӣ коркард гардида, барои нўшидани этиёҷмандон истифода бурда мешавад. Обҳои рўи заминӣ бо баъзе хусусиятҳояшон барои муолиҷаи аксартяти касалиҳо истифода бурда мешаванд. Аз ин сабаб обҳои минералӣ дар солҳои охир диққати олимонро бештар ҷалб намудааст.
Обҳои минералӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварамон воқеъ гардида, нодиртарин муъҷизаи табиат башумор мераванд. Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои обҳои зулолу ширин ва аз назорати тиббӣ гузаронида шуда барои дармонбахш будан,бо ин хусусиятҳояшон на танҳо диққати шаҳрвандони мамлакат, балки диққати ҷаҳониёнро низ бо хуби ҷалб намудааст.
Дар ҳақиқат ҳам Тоҷикистон бо сарватҳои нотакрораш аз ҷумла оби зулоли дармонбахшаш ба ҷаҳониён муаррифи гардида, бори дигар исбот менамояд, ки миллати сарбаланду тоҷдори Тоҷикистон аз ин сарват бой буда, ҳам замон мехоҳад аз лиҳози ин неъмати бебаҳо ба дигар давлатҳо кумаки хешро расонда бошад [2, c.195-197].
Бошад, ки ин масоили глобали ба зудӣ ҳали худро ёбад ва кулли ҷомеаи башар аз оби тозаи ошомиданӣ ҳамеша бою сарватманд гарданд, зеро об ин нафосат, поки, рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва тозакунандаи бадани инсони бо тақвост.
Комрон Бобоев – мудири шуъбаи амнияти химиявии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмӣ
Адабиёт:
1. Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.с-250
2. Зубайдов. У.З. Тошев. А.С. Химияи умуми. 2002.с-.244
3. Погодин С.А. Вода., Химический энциклопедический словарь, 1977.
4. Сафиев. Ҳ.С. Аминҷанов. А.О. Каримов М.Б. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо.Душанбе нашриёти «ЭР-граф» 2004.с.-43