Перейти к основному содержанию

“Фарзандони азиз! Агар аз ман пурсанд, ки дар бораи ояндаи Тоҷикистон чӣ андеша дорам, ҷавоби ман чунин хоҳад буд: ман ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинам, ки мояи ифтихори ҳар фарди ҷомеа бошад”.

Оре, ин гуфтаҳои воло бевосита дар сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасанд. Бинобар ин гуфтаҳои хирадмандона мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолро зарур аст, ки чун ҳамеша дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон қарор гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона ва стратегии давлатамон саҳмгузор бошем.

Дастгирӣ ва раҳнамоии ҷавонон ва инчунин насли наврас барои ҳар як шахси дорои таҷрибаи кофӣ дошта шарт ва зарур аст. Ҳар як инсон то ба дараҷаи фаъолияти комил расидан ба таҷрибаву муваффақиятҳои гузаштагони хеш ниёзи бештаре дорад.

Муҳимтарин мушкили ҳаёти маънавии кишварамон дар оғози ҳазораи дуюм ин пеш аз ҳама эҳёи арзишҳо ва ғояҳои маънавии анъанавӣ ва меҳанпарастона маҳсуб меёфтанд, ки асоси он ғояи Ватандӯстӣ буд.

Азбаски замони муосир бо равандҳои пурталотуму мухталиф пеш рафта истодааст ин гуна омилҳою чолишҳо албатта ба ҷавонон бе таъсир намемонад. Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст, ки дар шароити мусоид ва созгор мебояд, ки ҳамқадами замон бошем.

Боиси хушбахтии мост, ки маҳз бо саъю талош ва хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити мусоид бо мақсади зиндагии шоиста ва арзанда барои ҷавонон муҳайё гардидааст.

Сарвари маҳбуби миллат баробари ба сари қудрат омадан бештар дар фикри ҷавонон ва пайдо кардани мавқею нуфузи онҳо дар ҷомеа буданд. Дар замони муосир, ки айёми рушди босуръати илму технология мебошад, Президенти мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонони тоҷик айни замон тамоми шароитҳоро муҳайё кардаанд. Ин ҳама ба он хотир аст, ки мо ҷавонон аз ин имкониятҳо ба таври самаранок истифода бурда, дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва илму ҳунаромӯзӣ ба таври пайваста ҷидду ҷаҳд намоем ва ҳамеша ба нафъи халқу меҳанамон хизмат намоем.

Ҷавонӣ давраи бисёр ҳам ҳассос ва пур аз шӯру шарру пурмасъулият аст. Маҳз дар ин давра ҷавонон ва ба мазмуни ҳаёт сарфаҳм рафта, ҳамзамон баҳри пешрафту шукуфоии миллат хидмат карданро вазифаи худ бояд ҳисобанд.

Инсон аз давраи наврасӣ то ба камол расиданаш дар таълиму тарбияи падару модар ва инчунин омӯзгорон қарор дорад. Баъди ба воя расидан худи ӯ аллакай ба ҳаёти мустақилона қадам мегузорад. Неку бадро аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст, ки новобаста аз мушкилоти мавҷуда ҳеҷ гоҳ дар раванди зиндагӣ рӯҳафтода нашуда, мудом ба Ватандӯстиву меҳанпарастӣ рӯ биорем ва инчунин хидмати Модар – Ватанро қарзи ҷонии худ ҳисобида, баҳри ҳифзи Ватан ва марзу буми он аз душманони эҳтимолӣ саъю талош варзем.

Вақте, ки маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад, пешсафӣ нишон дода, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ бо амри дил ва ҳисси баланди масъулият ба сафи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ бипайвандем ва ҳеҷ гоҳ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунем.

Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин неруи тавоно ва ояндасози миллат хитоб карда ба чунин маънӣ гуфтаанд: “Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама ба зиммаи шумо – ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед!”.

Шоири зиндаёд Нуриддини Амриддин чунин хуб гуфтааст:

Бархез ба хизмати Ватан рав,

Бо азми ҳифозати Ватан рав.

Ҳамчун падарони номвар ту,

Дар сина муҳаббати Ватан рав.

Аз баҳри дифои халқу кишвар,

Шаҳбози саодати Ватан рав!

Бар миллати хеш чун сипар шав,

Бар арсаи нусрати Ватан рав!

Дар фарҷом, камина ба ҷавонони ватандӯсту содиқи кишварамон ва кулли донишҷӯёну аспирантон ва магистрантон бояд ҳамеша аз Ватани соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни хеш ифтихор намоем ва дар ҳифзи меҳану манфиатҳои он ва дифои марзу буми Ватан ва соҳибихтиёрии он ҳамеша ҳушёру бедор бошем ва чароғи меҳру муҳаббати Ватан дар дили ҳар яки мо соҳибватанон ва ҷавонони далеру шуҷоъ ҳамеша бояд фурӯзону ҳамзамон шиори доимиамон ин шеъри шоир бошад, ки басо хуб фармудааст:

Тоҷикистон, кишвари бахтоварам,

Ман туро монанди ҷон мепарварам.

Ҷавонон дар ҷомеаи муосири тоҷик нақши муҳим ва сарнавиштсоз доранд. Онҳо ворисони арзишҳои миллӣ ва неруи асосии пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба шумор мераванд. Бо дарки ҳамин воқеият, роҳбарияти олии кишвар ба масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ҷавононро ба худогоҳиву худшиност, илмомӯзиву касбомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ даъват менамоянд.

Таҳти сарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ба як самти афзалиятноки сиёсати умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Саҳми Пешвои муаззами миллат дар рушду пешрафти ҷавонон ниҳоят бузург ва назаррас аст. Аз ҷумла, таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олӣ, додани стипендияиҳои президентӣ, таъсиси Парлумони ҷавонон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, созмон додани лагери ҷамъомадҳои ҷавонон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзишӣ ва барономаҳои давлатӣ – ҳама ин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон шаҳодат медиҳад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар арсаҳои мухталифи ҳаёт –аз илм ва фарҳанг то варзишу технология, аз сиёсати дохиливу хориҷӣ то соҳибкорӣ – саҳми намоён доранд. Онҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва номи Тоҷикистони азизамонро бо ифтихор муаррифӣ мекунанд.

Дар ин раванд, Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои ҷавонҳо нақши басо муҳим доранд. Пешвои миллат ҳамеша бо ҷавонон дар тамос буда, пайваста онҳоро ба илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ташвиқ мекунанд. Сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки ҳазорҳо ҷавонон дар дохил ва хориҷӣ кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони арзанда ба ҷомеа хидмат кунанд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат илм, фарҳанг, варзиш, технология ва сиёсат фаъолона иштирок мекунанд ва номбардори Ватан мебошанд.

Азизхонова Рухшона - корманди Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ