Ҳар сол, рӯзи 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо як рӯзест дар тақвим, балки рамзи пирӯзии ақлу заковат бар ҷаҳолат, сулҳ бар ҷанг, ва дӯстиву бародарӣ бар кинаю нафрат аст.
Дар таърихи навини Тоҷикистон, 27 июн ҷои хоси худро пайдо кардааст. Зеро маҳз дар ин рӯз, соли 1997, пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бо роҳбарии хирадмандонаву оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад роҳи зиндагии орому осуда, бунёди давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолро кушод.
ВАҲДАТ ЧИСТ?
Ваҳдат — ин иттифоқ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагӣ миёни аъзои ҷомеа аст. Дар замони пуртазод ва ҷаҳони пур аз таҳдидҳои идеологӣ ва сиёсӣ, доштани ваҳдат арзиши бебаҳо аст. Он мисли сутунест, ки бо вуҷуд доштани он метавон бинои мустаҳками давлатро барпо кард.
НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ:
Нақши Сарвари давлат дар расидан ба ваҳдати миллӣ бениҳоят бузург аст. Бо хирадмандӣ, ҷасорат ва иродаи қавии сиёсӣ, Президенти кишвар тавонист ҷонибҳои даргирро ба мизи музокир бинишонад ва роҳи сулҳро интихоб кунад. Ӯ на танҳо сулҳ овард, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам сохт.
Имрӯз, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амну осуда ва пешрафта дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ имконпазир гаштанд.
Мо — насли хушбахту саодатманди кишвар бояд донем, ки сулҳ ва ваҳдат неъмати осмонӣ нест, балки заҳмати ҳазорон нафар, хусусан Роҳбарияти Олии кишвар ва мардуми ватандӯстамон мебошад. Пас, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Рӯзи 27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ, танҳо як сана нест, балки рӯзи бедории миллат, рӯзи рӯшан шудани чароғи умеди мардум ва рӯзи сарҷамъии тоҷикон аст. Ин рӯзро бояд бо ифтихор ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ таҷлил намоем. Чунки танҳо бо ваҳдат метавон ба фардои дурахшони Тоҷикистонамон бо умед нигарист.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси идораи давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон