Перейти к основному содержанию

Ҳамватанони гиромӣ!

Сокинони арҷманди пойтахт!

Бо камоли эҳтиром фарорасии яке аз суннатҳои нек ва арзишҳои фарҳанги миллӣ - Иди саиди Қурбонро самимона табрик мегӯям.

Иди Қурбон рамзи адолату инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва меҳру муҳаббат ба инсонҳо буда, моро ба раҳму шафқат, бахшишу меҳрубонӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар даъват менамояд.

Дар ин айёми муборак ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ба ҷо овардани рукни қурбонӣ, ба ятимону шахсони бепарастор, маъюбону беморон ва оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз намуда, аз аҳволашон бохабар бошем.

Дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем, то арзишҳои аслии ин ҷашни суннатӣ ба монанди накукориву хоксорӣ ва сарфакориву инсондӯстӣ дар замири насли наврас тақвият ёбанд.

Бори дигар Иди Қурбонро ба ҳамдиёрони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, баракати рӯзгор, саломатии комил ва ба кишвари азизамон амну фаровонӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бод!