Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат ва ягонагии халқ маҳсуб меёбад.
(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар соли 1991 марҳалаҳои вазнини таърихии сиёсиро аз сар гузаронид. Ҷанги нангини дохилии солҳои 1992-1997 аз мудҳиштарини он ҳаводис дар таърихи навтарини тоҷикон ба шумор меравад, ки на танҳо сабаби қурбонии даҳҳо ҳазор нафар ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид, балки пояҳои давлатдории навини Тоҷикистонро зери хатар қарор дода, кишварро ба вартаи нобудӣ наздик оварда буд. Авҷ гирифтани ҷанги бародаркуш дар миёни солҳои 1990-ум, ки боиси талафоти зиёди одамон, гурезагони иҷборӣ, харобиҳо ва хастагию рӯҳафтодагии мардум гардид, ҷонибҳои даргирро ба зарурати қатъи низоъ ва ҳалли сиёсии қазия раҳнамун сохта, гирди мизи музокирот шинонид.
Раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо миёнаравии фаъолонаи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳ, ба монанди Россия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо, сурат гирифт. Пас аз чанд марҳалаи музокирот, дар ниҳоят Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расид.
Сулҳи бадастомада на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи як сиёсат ва равиши нав – сиёсати ваҳдати миллӣ гардид, ки имрӯз ба унвони омили асосии суботи кишвару давлат ва пойдории ҷомеа эътироф шудааст. Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муваффақияти раванди сулҳ нақши калидӣ доранд, дар солҳои минбаъдаи соҳибистиқлолӣ ваҳдатро ба як рукни сиёсати дохилӣ табдил додаанд. Дар доираи ин сиёсати давлат барномаҳо ва ибтикороти зиёде амалӣ шуда, ҳадафи онҳо таҳкими якпорчагии кишвар, пешгирии ифротгароии сиёсию мазҳабӣ ва таъмини ҳамзистии созандаю сулҳомези қавмҳо ва қишрҳои ҷомеа мебошад.
Ҳамасола 27 июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кишвар бо ҳашамати хосса дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, бо доир сохтани чорабиниҳои ҷашнӣ, ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маъракаҳои илмӣ таҷлил мешавад. Дар борабари ҷашни расмӣ эътироф шуданаш, он таҷассумгари иродаи неки сиёсиву миллӣ, хиради азалии ҷомеаи мо ва қудрати таҳаммулпазирии тоҷикон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ифтихору шукрона аз ваҳдати миллӣ, дар асл ифтихору шукрона аз наҷоти миллат, аз тафаккури волои сулҳофарӣ ва фарҳанги ҳамзистии мардуми тоҷик дарак медиҳад. Он дар заминаи дардҳои азим, талафот ва таҷрибаи талхи таърихӣ ба даст омада, ҳамчун асоси ақидатии рушди устувори давлат ва зиндагии босаодати ороми шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Мо аз он ифтихор дорем, ки тавонистем бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талоши тамоми қишрҳои пешгоми ҷомеа Тоҷикистони азизро чун давлати мустақил шакл диҳем. Дар партаву маҷрои ваҳдат, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла дар рушди иқтисодӣ миллӣ, бунёди инфрасохторҳои муосир, неругоҳҳои барқӣ, нақбҳо, роҳҳо, мактабҳо ва, муҳимтар аз ҳама рушди солими фарҳанги миллӣ ва худшиносии мардум ноил шудааст.
Таҷрибаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон намунаи ибратомӯзи ҳаллу фасли низоъ бо роҳи сиёсӣ ва муколама дар миқёси ҷаҳон пазируфта шудааст. Ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи имзою иҷрои Созишномаи истиқрори сулҳ ҳосил шудааст, имрӯз, ҳамчун омил ва заминаи асосӣ, дар таъмини суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоӣ ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Имрӯз, ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу амонӣ рушд мекунад, ваҳдат ҳамчун арзиши олӣ, пайвандгари миллат ва кафили осоиштагии иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ ифтихору шукрона аз ваҳдати миллӣ на танҳо ифодаи эҳсосот аст, балки зуҳури масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати барозандаи инсонӣ ва шукргузорӣ аз Ватан, миллат ва таърихи ғании худ мебошад.
Пас, ифтихор аз ваҳдат — маънои онро дорад, ки мо нисбат ба ин неъмати бо хуни дил ва талоши шабонарӯзии фарзандони содиқи миллат ба дастомадаро арҷ гузорем, онро ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда онро чун мерос, месупорем.
Салимов Акбар, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ