«Ваҳдати миллӣ неъмати бузургест, ки бо талошу ҷоннисории фарзандони содиқи миллат ба даст омадааст. Мо бояд ин арзишро ҳамчун гавҳари нодир ҳифз кунем, зеро ояндаи дурахшони давлатамон маҳз аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ вобаста аст.»
Эмомалӣ Раҳмон, Паём ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ, 27 июни 2024
Ибтидои қарни XXI бо пешрафти бесобиқаи илм ва технологияи муосир боиси тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа гардид. Ин пешрафт заминаи устувор барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда, имкониятҳои нави ҳалли мушкилоти глобалиро ба вуҷуд овардааст. Илм ҳамчун яке аз неруҳои пешбарандаи тамаддун нақши ҳалкунанда дар мубориза бо ҷаҳолат, таассуб ва монеаҳои ақибмонӣ дорад. Аммо, дар баробари ин, зарур аст, ки ин неруи бузург дар самти манфиатбор ва инсонпарварона истифода шавад, на барои таҳдиди ҳастии инсоният, на барои таҳрики низоъҳои сиёсӣ ва на барои поймолсозии ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон. Рушди технологиящо бояд ба таҳкими сулҳ, адолат, озодӣ ва рушди устувор хидмат кунад. Мутаассифона, дар шароити имрӯза, бархе аз дастовардҳои илмӣ-техникӣ метавонанд ба абзори хатарнок барои амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ табдил ёбанд, ки оқибат ба заиф шудани арзишҳои демократӣ ва поймолшавии иродаи халқҳо мебарад. Демократия, ки бояд баёнгари иродаи халқ бошад, дар шароити имрӯза гоҳе ба воситаи фишори геополитикӣ барои расидан ба манфиатҳои стратегӣ табдил ёфтааст.
Таҳдидҳои муосир ва аҳамияти субот. Сиёсати абарқудратҳо бо баҳонаи ҳимояи демократия гоҳе боиси нобудии давлатҳо мегардад. Мисоли равшан — Ироқ, Сурия, Ливия ва Афғонистон. Дар солҳои охир низоъҳои мусаллаҳонаи нав дар минтақаи Ховари Миёна, аз ҷумла дар Ғазза ва Яман, равандҳои сулҳҷӯиро зери шубҳа гузоштаанд. Баъзе давлатҳои абарқудрат тавассути иттифоқҳо ва бозиҳои геополитикӣ манофеи худро дар минтақаҳо таъқиб мекунанд. Дар ин замина, масъалаи истиқлолияти давлатӣ, субот ва амнияти дохилӣ барои кишварҳои хурд боз ҳам мураккабтар мегардад.
Мудохилаҳои сиёсӣ, вайрон кардани истиқлолият ва нооромии дохилӣ таҳдиде барои ҳамаи давлатҳои хурд мебошад. Танҳо кишваре метавонад дар чунин шароит муқовимат кунад, ки дар он ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи миллӣ таъмин бошад.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи устувори рушди ҷомеаи муосир: таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, бахусус дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, собит намуд, ки набудани ваҳдати миллӣ ва тафриқаи дохилӣ метавонанд ҳатто давлатҳои навистиқлолро ба вартаи нобудӣ ва фурӯпошӣ кашонанд. Воқеаҳои ин марҳала на танҳо фоҷиаи миллии бесобиқа, балки як омӯзишгоҳи амалӣ дар шинохти арзишҳои ҳаётӣ — сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ гардиданд.
Маҳз дар ин замина, иродаи сиёсии қавӣ ва масъулиятшиносии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои хатми муноқиша, расидан ба созиши миллӣ ва таҳкими сулҳу субот нақши муайянкунандаро иҷро намуд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ҳамчун ҳодисаи калидӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки заминаи фарох барои эҳёи низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар фароҳам овард.
Дар давоми зиёда аз бисту панҷ соли истиқрори сулҳ, Тоҷикистон тавонист модели беназири хоси худи ҳалли муноқиша ва сохтмони ҷомеаи пасоҷангиро ба вуҷуд оварад. Дар ин замина, сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо ба сифати меъёри ахлоқии ҷомеа, балки ҳамчун пояи методологӣ ва асоси парадигмаи нави идоракунии давлат баромад намуданд.
Ваҳдати миллии мо се зинаро аз сар гузаронд, якум ин ба оташбас расидан ва қатъи ҷанг, дуюм таҳкими ваҳдати миллӣ ва сеюм дарки он ҳамчун арзиши истиқлолӣ ва бунёдӣ.
Имрӯз таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки як арзиши стратегии миллист, ки тамоми сохторҳои сиёсӣ, маърифатӣ ва иҷтимоии кишварро ба худ мепайвандад. Он дар самти ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамбастагии этнофарҳангӣ, рушди иқтисодиёт ва таъмини суботи дохилӣ нақши калидӣ мебозад. Дар шароити шиддат гирифтани буҳронҳои геополитикӣ ва муноқишаҳои байналмилалӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи муассири ҳалли ихтилофоти дохилӣ ва гузариш ба фазои сулҳу субот метавонад ҳамчун объекти муҳими омӯзиши илмӣ ва амалӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат кунад.
Ҳамзамон, сиёсати давлати Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд бар пояи стратегияи таъмини амният, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор асос ёфта, ҳадафи он татбиқи равандҳои созандагӣ, таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандист. Дар ин замина, насли наврас ва ҷавонон ҳамчун субъектҳои фаъоли ҳифз ва густариши сулҳу ваҳдат ба таври махсус ба тарбия ва маърифатнокӣ ҷалб мегарданд.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ, дар шароити ҷаҳони муосир, ки дар он хатарҳои идеологӣ, сиёсӣ ва иқлимӣ рӯ ба афзоишанд, бояд ҳамчун на танҳо дастовард, балки низ ҳамчун захираи стратегӣ ва нишонаи муқовимати фарҳангиву маънавии миллат ҳифз ва таҳким ёбанд.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар шароити муноқишаи дохилӣ ва фишорҳои шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ, танҳо тавассути иродаи сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдати воқеӣ имконпазир аст, ки суботи давлатдории навин таъмин ва рушди устувор амалӣ гардад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на фақат арзишҳои таърихӣ, балки омилҳои калидии пешбурди низоми давлатдории муосир ва заминаи ташаккули моделҳои нави ҳамзистии мусолиматомез мебошанд.
Давлатдории миллӣ ва хусусияти миллии қонунгузорӣ: таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар раванди ташаккули давлатдории муосир, яке аз масъалаҳои калидӣ мутобиқати низоми қонунгузорӣ ба хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллат маҳсуб меёбад. Ҳар миллат дорои маҷмӯи мушаххаси арзишҳо, маърифати ҳуқуқӣ, менталитет ва анъанаҳои давлатдорӣ мебошад, ки дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва мафҳумҳои сиёсӣ нақши муайянкунанда доранд. Аз ин рӯ, татбиқи механикии моделҳои қонунгузории бегона ва воридсозии низомҳои номувофиқ метавонад ба ихтилофоти иҷтимоӣ ва костагии пояҳои давлатдорӣ оварда расонад.
Модели давлатдорӣ бояд на бар асоси нусхабардории қолабҳои хориҷӣ, балки бо дарназардошти хусусиятҳои миллии тарзи ҳаёт, урфу одат, таърихи сиёсӣ ва анъанаҳои ташаккули давлат ба роҳ монда шавад. Ҷомеаи тоҷикӣ дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ, фарҳанги мустаҳкам ва сохтори иҷтимоии хоси худ аст, ки дар он принсипҳои адолат, машварат, масъулияти ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба роҳбарон ҷойгоҳи муҳим доранд. Аз ин рӯ, низоми қонунгузории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо такя ба ин заминаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дар ҳамбастагӣ бо равандҳои муосири байналмилалӣ ташаккул ёбад.
Таҷрибаи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолият. Дар давраи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳкими қонуният, таъсиси ниҳодҳои устувори давлатӣ ва татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ тавонист модели хоси давлатдории миллиро ба вуҷуд оварад. Таҷрибаи муваффақонаи барқарорсозии субот ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 далели возеҳи қобилияти дохилии миллат ва роҳбарияти сиёсӣ дар ҳалли низоъҳо ва ташаккули низоми устувори идоракунӣ мебошад.
Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар эҳёи давлатдорӣ, ташаккули фарҳанги сиёсии миллӣ ва барқарорсозии қонунмандӣ ниҳоят муассир ва таърихист. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар равандҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла пешниҳод ва роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028), баёнгари афзоиши мақоми кишвар дар арсаи ҷаҳонист. Ин ташаббусҳо на танҳо ба манфиати миллии Тоҷикистон, балки ба таъмини амнияти экологии глобалӣ нигаронида шудаанд ва аз эътирофи байналмилалии нақши ташаббускори он шаҳодат медиҳанд.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун шарти рушди устувор.
Ҳамкории босамари сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ дар шароити субот ва ваҳдати миллӣ имкони пешбурди босамари сиёсати давлатӣ ва татбиқи стратегияҳои рушдро фароҳам овардааст. Сулҳ ва ваҳдат дар заминаи қонунмандии устувор ва роҳбарикунандаи миллӣ, имрӯз ба унвони арзишҳои меҳварӣ ва рукнҳои рушди устувор пазируфта шудаанд.
Дар шароити ҷаҳони пуртазод, ки минтақаҳои зиёде — аз ҷумла Ховари Миёна — гирифтори муноқишаҳои шадиди сиёсиву низомӣ мебошанд, таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муваффақи танзими ихтилофоти дохилӣ ва бунёди давлати муосири миллӣ хизмат кунад.
Ҳамин тариқ, давлатдории миллӣ, ки бар асоси таърихи худшиносии миллӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи мутобиқ ба хусусиятҳои миллӣ ташаккул ёфтааст, метавонад ба унвони модели муассир барои таъмини субот, рушди устувор ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ хизмат кунад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки танҳо дар шароити ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии дарозмуддат ва роҳбарии дурандешона, эҳёи давлат ва пешрафти воқеии ҷомеа имконпазир аст. Миллате, ки таҷрибаи талхи ҷангро ба сабақи сиёсиву иҷтимоӣ табдил медиҳад ва дар роҳи сулҳ, пойдории қонун ва ваҳдати миллӣ устувор мемонад, ояндаи таърихии худро бо дастони худ месозад.
СОДИҚӢ НАСИБА НУРУЛЛОЗОДА - доктори илмҳои фалсафа, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон