Перейти к основному содержанию

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим Маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар даври сеюми (шаҳрӣ)- и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» докторанти PhD- и Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Ғолибияти мазкурро ба кулли кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табрику таҳният хонда, ба иштрокчӣ дар даври минбаъдаи озмуни мазкур барору комёбӣ таманно менамоем!