Перейти к основному содержанию
313123

Китоби "Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққиёт" аз муаллифон Зафар Сайидзода ва Акрам Воҳидов, ки соли 2025 дар чопхонаи нашриёти "Контраст"-и ш.Душанбе чоп шудааст, аз асарҳои муҳим, жарфбинона ва илҳомбахш дар бораи ҳаёт, фаъолият ва мероси сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин китоб ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, на танҳо як шарҳу таҳлили таърихӣ, балки як роҳнамои амалӣ барои ҳар шаҳрванд, бахусус ҷавонон аст.

Бо ҳаҷми 76 саҳифа, ки аз матнҳои таҳлилӣ ва аксҳои таърихӣ иборат аст, китоб шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи ибрат барои роҳбарони сиёсӣ, барои расидан ба камоли инсонӣ ва раиятпарварӣ ба тасвир мекашад.

Муаллифон, бо истифода аз мисолҳои воқеӣ аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёи Тоҷикистон, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна як роҳбари давлати ҷавон тавонист дар солҳои 1990-ум кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Масалан, дар саҳифаҳои аввал муаллифон бо иқтибос аз навиштаҳои Маҳатма Гандӣ марҳалаҳои мубориза ва пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро тавсиф мекунанд, ки ин қисматҳо хонандаро ба андеша дар бораи қудрати иродаи инсонию сиёсӣ водор месозанд.

Китоб аз дидгоҳи илмӣ-омӯзишӣ навишта шуда, ба масъалаҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва сиёсӣ таъкид мекунад. Он ҳамчун як ҳуҷҷати таърихӣ, ки барояш аз бойгонии Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксҳо гирифта шудаанд, арзиши баланд дорад. Аксҳо аз саҳифаи 52 то 75, ки ҳаёти муoҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои аввали роҳбарии давлатӣ то имрӯз нишон медиҳанд, ба матн ҳаҷм ва воқеият мебахшанд. Ин китоб таҳлили амиқи роҳи рушди миллат таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва барои омӯзиши таърихи муосири Тоҷикистон ҳатмӣ аст. Дар солҳои 1990-ум, вақте ки садҳо ҳазор нафар кушта ва гуреза шуданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи музокирот, аз ҷумла дар ҷойҳои хатарнок сулҳро барқарор кард. Ин дастовардҳо, ба гуфтаи муаллифон, муъҷиза буданд ва ба қудрати иродаи сиёсии ӯ вобастаанд.

Яке аз нуқтаҳои марказии китоб тасвири шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди дорои вижагиҳои истисноӣ аст. Муаллифон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ватанпарасти матин, фидокор ва шуҷоъ тавсиф мекунанд, ки дар шароити буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ зимоми давлатро ба даст гирифт. Ӯ он вақт на таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт ва на ба ҳизби сиёсии қудратманд такя мекард, аммо, бо такя ба мардум ва тавоноиҳои шахсии худ дар ҳамдастӣ ба ҷониби мухолиф ва кишварҳои кафил сулҳро барқарор кард. Муаллифон иброз менамоянд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992, вақте ки кишвар артиш ва сохторҳои низомию қудратӣ надошт, савганди фарзандӣ хӯрд ва ваъда дод, ки сулҳро барқарор мекунад. Ин иқдомҳо, ба гуфтаи муаллифон, муъҷиза буданд, зеро бисёриҳо ба имкони наҷоти кишвар бовар надоштанд.

Дар қисматҳои баъдӣ муаллифони китоб ба вижагиҳои пешвоӣ таъкид мекунанд: шуҷоат, ростӣ, фидокорӣ ва қобилияти ҳидоят кардани ҷомеа. Муаллифон пешворо на унвон, балки рисолат медонанд, ки танҳо афроди дорои камоли ахлоқӣ ва маънавӣ метавонанд онро бар уҳда гиранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвое тасвир шудааст, ки на танҳо идора мекунад, балки мардумро ба ваҳдат ва созандагӣ, маънавиёти солими баланд ҳидоят менамояд. Ин таҳлилҳо бо мисолҳои таърихӣ, аз ҷумла мубориза бо мухолифон ва бунёди артиши миллӣ, ҳамроҳанд, ки хонандаро ба қадри фидокориҳои Пешвои миллат мерасонанд.

Қисмати муҳими китоб шарҳи "мактаби сиёсии" муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муаллифон онро ҳамчун маҷмуаи раҳнамоиҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тавсиф мекунанд. Ин мактаб на фақат таълимоти муназзами назариявӣ, балки силсилаи омӯзаҳои амалӣ аз паёмҳо, суханрониҳо ва китобҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муаллифон таъкид мекунанд, ки ин мактаб барои тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум, бахусус ҷавонон, нақши бузург дорад. Он арзишҳои миллиро густариш медиҳад, бо таассуб мубориза мебарад ва фазои ваҳдатро ба вуҷуд меоварад.

Китоб нишон медиҳад, ки мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистон умда аст: аз эҳёи иқтисод то бунёди неругоҳҳо ва роҳҳо. Муаллифон натиҷагирӣ мекунанд, ки ба шарофати ин мактаб ва шахсияти муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба мамлакати босубот табдил ёфт. Аксҳо дар саҳифаҳои 52-76 ин дастовардҳоро тасвир мекунанд, аз ҷумла мулоқотҳо бо мардум ва бунёди иншоотҳоро, ки ҳамчун шаҳодати амалии ин мактаби сиёсӣ хидмат мекунанд.

Дар қисматҳои охирини китоб муаллифон пешрафтҳои имрӯзаро номбар мекунад: сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, ислоҳоти кишоварзӣ ва рушди таҳсилот. Ин дастовардҳо натиҷаи мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳастанд, ки мардумро ба ҳамбастагӣ даъват мекунад.

Китоб барои тарбияи ҷавонон арзиши баланд дорад. Муаллифон таъкид мекунанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ахлоқи нек, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ ва устуворӣ аст. Ӯ ҷомеаро аз захмҳои ҷанг шифо бахшид ва умед ба ояндаро эҳё кард. Аксҳо дар саҳифаҳои 58-76 мулоқотҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакон ва ҷавонон нишон медиҳанд, ки ин шаҳодати меҳри падаронаи ӯст.

Ин мактаби сиёсию давлатдорӣ барои ояндаи Тоҷикистони ормонӣ – кишваре бо зиндагии беҳтару осуда ва адолати иҷтимоӣ – роҳкушо аст. Муаллифон мардумро ба пайравӣ аз ин омӯзаҳои созандагию саодат даъват мекунанд.

Дар маҷмуъ, ин китоб як ганҷинаи ҳикмат аст, ки таърихи навтарини Тоҷикистонро шарҳ медиҳад ва роҳи ояндаро равшан месозад. Муаллифон тавонистаанд бо забони сода ва айни замон илмӣ асари мукаммалро иншо кунанд. Ман мутулиаи ин китобро барои ҳама тавсия медиҳам, зеро он илҳом мебахшад ва ба дурнамои саодати миллат имон мебахшад. Бешубҳа, мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чароғи роҳи рушду тараққиёт аст!

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муҳаррири масъули китоб

Матни электронии китобро метавонед аз инҷо дастрас намоед:

https://www.facebook.com/share/p/16hF2hN5i4/?mibextid=wwXIfr