Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025)

Илму маориф бо ҳам тавъам буда, дар тамоми тули таърихи инсоният дар робита бо якдигар ташаккул ва рушд ёфтаанд. Беҳуда нест, ки таълимгоҳҳои навъҳои гуногунро дар Шарқу Ғарб аз даврони бостон макони пайдоиши илм, нахустин ихтироъгоҳи техникаву технология ва заминаи кашфиёту бозёфтҳои муҳимтарини илмӣ донистаанд. Маориф бошад, дар навбати худ донишҳои илмиро аз насле ба насли дигар интиқол дода, онҳоро ҳифз кардааст ва дир хизмати инсоният ва рушди ҷомеаи инсонӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, илму маориф бояд пайваста бо ҳамдигар дар робитаи устувор қарор дошта бошанд ва яке дигареро комил кунанд. Ин падида дар замони муосир аҳаммияти бузургтаре беш аз пеш пайдо мекунад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 қайд намуданд, ба даврони мо рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо, зеҳни сунъӣ хос буда, дар он «донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад».

Бояд таъкид намуд, ки бо дарназардошти ташаккули ҷомеаи техногенӣ, дар даврони истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои Пешвои миллат ва роҳандозии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рушди илму маориф, донишу донишандӯзӣ ва тақвияти робитаҳои илми академӣ бо муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот андешида шуда, дар ин самт нишондодҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ин на танҳо рушди илми академӣ ва соҳаи маориф таъмин гардид, балки барои ҳамгироию воридшавии онҳо ба фазои байналмилалии илмию таҳсилотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Муҳимтарин дастовард ва комёбии давлату миллати соҳибистиқлоли мо, чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон хеле воқеъбинона ва хушбинона таъкид доштанд, ин аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ «насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад». Ҳама ин самараи заҳмату меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, фаъолияти содиқонаи аҳли илму маориф, падарону модарон ва аъзои пешоҳанги ҷомеа буда, дар саҳифаҳои таърихи миллат то абад боқӣ мемонад.

Бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои муайян дар соҳаҳои илму маориф то кунун ҳам ҳалли масъалаҳои зиёде дар самти тақвияти робитаҳои илми академию донишгоҳӣ, олиму омӯзгор, мураббию муҳаққиқи ахлоқ у тарбия тақозо карда мешавад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 дар назди олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон бо маќсади идомаи раванди мазкур якчанд вазифаҳоро гузоштанд, ки онҳоро метавон ҳамчун барномаи мухтасари тақвияти робитаҳои илму мариф барои ояндаи наздик ва дурнамои рушди ин соҳаҳои барои болобарии сатҳи маърифати ҷомеа калидӣ арзёбӣ намуд. Ин вазифаҳо, хусусан барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чунинад:

Аввалан, бештар муттаҳид кардани иқтидори зеҳнӣ дар кишвар ва мувоҷеҳ сохтани фаъолияти он ба самти соҳибмаърифату донишманд гардонидани наврасону ҷавонон. Тавре, ки дар мулоқот зикр гардид, дар қатори 131 ҳазор нафар омӯзгор, имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди олимон, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анқариб 1,5 ҳазор муҳаққиқону ходимони илмӣ ҳамчун «неруи бузурги маънавӣ» ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машгуланд. Ҷалб сохтани ин неру на танҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки ба тамоми зинаҳову шаклҳои дигари таҳсилот ба ҳайси устоду омӯзгор, роҳбари таҷрибаомӯзии таълимию илмӣ, мушовири илмӣ дар раванди таълифи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва амсоли он, аз як ҷониб, ба болоравии сифати таълим мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҳамчун омили пайвасткунандаи илму истеҳсолот, назария ва амалия, тақвиятдиҳандаи робитаи илми академию донишгоҳӣ ва муассисаҳои илмию таълимӣ ҷиҳати болобарии ҷаҳонбинии таълимгирандагон ва минбаъд, тамоми аъзои ҷомеа хизмати муассиреро ба иҷро мерасонад.

Дуюм, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ. Бояд таъкид намуд, ки сабабҳои асосии таҳияи чунин барнома бо норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, зарурати иҷрои чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва омилҳои дигар вобастаанд Аммо дар баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафта, масалан, тибқи стратегияи давлатии рушди маориф дар Ҷумҳурии Белорус, бо мақсади болобарии сатҳу сифати таълим ҳар чи бештар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳиби дипломҳои дараҷаи магистрӣ ва болотар аз он пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, дар лоиҳаи барномаи мазкур пешбинӣ намудани тақвияти мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода сохтани магистрҳо доир ба як қатор илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва тамоми илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим дода мешаванд, ба манфиати кор хоҳад буд.

Сеюм, дар ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар олимони соҳибтаҷриба аз нав таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ. Дар ин самт чунин талабот гузошта шудааст, ки китоби дарсӣ на танҳо бояд ба таълимгиранда донишҳои илмиро пешниҳод намояд, балки «андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад». Ҳамзамон бо ин, мо дар чунин ақидаем, ки дар лоиҳаи мазкур хусусияти китобҳои дарсии насли нав бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва педагогикаи миллӣ, методологияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, аз ҷумла принсипҳои умумию хусусӣ, вазифаҳои асосии китобҳои дарсӣ, талабот ба мазмун, муҳтаво ва сохтори китобҳои дарсӣ, талаботи дидактикӣ ва беҳдоштӣ ба онҳо, забони китобҳои дарсӣ ва аҳаммияти методологию мафкуравии он, гурӯҳбандии фанҳои таълимӣ ва махсусияти таълифи китобҳои дарсии насли нав аз рӯи самтҳои илм ва амсоли он ҳатман бояд ба эътибор гирифта шаванд.

Чорум, вазифаи хеле пурмасъулият, ки Сарвари давлат дар назди олимон дар самти тақвияти робитаи онҳо бо соҳаи маориф гузоштанд, ин аст, ки минбаъд «китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд». Умеду эътимоди комил дорем, ки аз иҷрои ин масъулияти барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва умуман, барои соҳаҳои илму маориф ва ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо сарнавиштсоз аҳли олимону муҳаққиқон ва ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарбаландона мебароянд. Барои ин амал дар ин боргоҳи илму маърифат неруи кофии зеҳнӣ, дастгоҳи муқтадири идорӣ ва аз ҳама муҳим, иродаву ихлоси содиқона ба давлату миллат ва ояндаи дурахшони он хизмат кардан мавҷуд аст.

Панҷум, ислоҳи вазъи бавуҷудомада дар иҷро нагардидани нақшаи қабул ба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос дар солҳои охир аз ҷониби Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва академияҳои соҳавӣ. Дар ҳақиқат ҳам, чунин мушкилот дар қабули довталабон дар муассисаҳои болозикр мавҷуд буда, андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад. Аммо ин норасоӣ, аз ҷумла дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабабҳои айнию зеҳнӣ, объективию субъективӣ дошта, муносибати комплексиро тақозо месозад. Барои мисол метавон гуфт, ки қатъи қабул ба магистратура дар баъзе ихтисосҳо аз ҷониби як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан ба ихтисосҳои фалсафӣ, омили камбудиҳо дар иҷрои нақшаи қабул ба Академияи миллии илмҳо дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос гардидааст. Аз ин рӯ, ҳалли ин мушкилот низ идомаи тақвияти робитаҳои илми академӣ ва соҳаи маорифро тақозо дорад.

Дар маҷмуъ, наздик сохтани илми академӣ ба истеҳсолот, назария ба амалия ва муассисаҳои илмӣ ба муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои калидии болобарии сифати таълиму тарбия дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 30 августи соли 2025 таъкид доштанд, мо кормандони илмӣ низ бояд шахсан робитаҳоро бо соҳаи маориф тақвият бахшем ва дар радифи пешоҳангони дигари ҷомеа масъулияти онро ба дӯш гирем, ки «наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд».

Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов