Перейти к основному содержанию

24 апрели соли равон ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот аз АМИТ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноиби аввали президенти академия Саидов Абдусаттор, мушовири президенти академия Қосимов Фаррух, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Амирзода Ориф Ҳамид ва аз намояндагии Ҷумҳурии Мардумии Чин ноиби президенти Академияи илмҳои Хитой - Ҷанг Япинг, Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзи Шумин, Муовини директори Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Академияи илмҳои Хитой Ву Ян, директори генералии Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чанг Юанминг, корманди бахши масъалаҳои Аврупои Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Академияи илмҳои Хитой Чао Ҷуесин, ҳамдиректори Маркази экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ аз Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Ли Юаоминг, сардори Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чиао Ҷангфанг иштирок намуданд.

Зимни мулоқот нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 14 апрели соли 1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР таъсис ёфтааст. Умуман, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 2000 нафар, аз ҷумла 35 узви ҳақиқӣ ва 43 узви вобаста, беш аз 190 доктор ва 360 номзади илм фаъолияти пурсамар менамоянд. Дар заминаи ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 узви хориҷӣ дорад.

Ҳамкориҳои судманд бо Академияи илмҳои Хитой дар доираи созишномае ба роҳ монда шудааст, ки 13 сентябри соли 2014 байни академияҳои мо ба имзо расида буд. Дар асоси Созишномаи имзошуда соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки нахустин муассисаи илмии муштараки Чину Тоҷикистон мебошад. Муассисони ин марказ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва ҷуғрофиёи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой мебошанд.

Дар идомаи мулоқот ноиби президенти Академияи илмҳои Хитой- Ҷанг Япинг дар суханронии хеш ҷиҳати ба вазифаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидан Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро табрик намуда, зимнан доир ба фаъолияти Академияи илмҳои Хитой маълумоти мушаххас дод. Таъкид шуд, ки мақсад аз мулоқоти имрӯза мустаҳкам намудани робитаҳои судманд буда, дар доираи ин дар самтҳои ташкили ташрифи олимони тоҷик ҷиҳати пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва хондани лексияҳо дар Академияи илмҳои Хитой ва ба роҳ мондани табодули таҷриба миёни онҳо, ҳамзамон иштироки олимони ҷавони тоҷик дар лагерҳои тобистонаи таҳқиқотӣ ва мусоидат дар таҳсили донишҷӯёни тоҷик тавассути стипендияҳои ANSO, TWAS табодули афкор сурат гирифт.