Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 01 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоишро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ имрӯз дар остонаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат низ кулли кормандони илмии ин боргоҳи илму маърифатро табрику таҳният гуфта, ба яко яки онҳо тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти илмӣ фатҳи қуллаҳои навро орзу менамоям.

Таъкид гардид, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ҳамчун «Рӯзи дониш» ба таври анъанавӣ дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бошукӯҳ бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, ки чанде пеш мо шоҳиди суханронии Президенти мамлакат зимни ифтитоҳи боз як бинои нави муассисаи таҳсилоти олӣ-Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардидем. Баргузории «Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ», ки бо роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои неки пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон сурат мегирад, ба мо илҳому таровати тоза оварда, барои ноил гаштан ба дастовардҳои нави илмию тадқиқотӣ моро ҳидоят менамояд ва дар хотираи ҳар яки мо нақши муҳимро мегузорад.

Гуфта шуд, ки зимни баргузории дарси Сулҳ Пешвои миллат аз мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин радиф, бо мақсади таъмини босифати хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдор Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия намуда, ба Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки зарур аст, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд. Мо боварии комил дорем, ки имрӯз неруи ақлонию илмии Академияи миллии илмҳо баъди ба тасвиб расидани нақшаи чорабиниҳо ба таҳияи Консепсия оғоз намуда, рӯйхати ташхисгарони китобҳои дарсиро вобаста ба равия ва самтҳо омода намуда, саривақт барои тасдиқ пешниҳод менамоянд.

Зикр гардид, ки Раёсати Академияи миллии илмҳо роҳҳои самарабахши илмию тадқиқотиро ҷустуҷӯ намуда, тадриҷан ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда истодааст. Давра ба давра бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳо ва бо дастгирии бевоситаи илмпарваронаи Пешвои миллат озмоишгоҳҳои наву замонавӣ сохта, мавриди истифодабарии ҳайати корманрдону унвонҷӯён ва аспирантону докторантон қарор дода истодааст, ки ба талаботи замони муосир пурра ҷавогуй мебошанд.

Воқеан, инкишофи босуръати техника ва технологияи муосир талабгори мутахассисони баркамол буда, бе чунин имконот рушди босуботи ҷомеаро таъмин намудан аз имкон берун аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ба соҳаи илму маориф аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамеша насли ояндаро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замонавӣ, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ даъват менамоянд.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин, доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ дар маърӯзаҳои илмии хеш доир ба моҳияти баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ намуда, нақши илму донишро дар ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.