Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.

Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.

Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.

Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.

Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.