Перейти к основному содержанию
Рушди иқтисодиёти “сабз” ва тағйирёбии иқлим боиси рушди бозори молиявии “сабз” гардид. Солҳои охир, пас аз Созишномаи Париж оид ба иқлим боис гардид, ки давлатҳо Стратегияи рушди иқтисоди “сабз”-ро барои наслҳои оянда ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ қабул намоянд. Маблағгузории “сабз” – ин сармоягузориҳое мебошанд, ки манфиатҳои экологиро дар ҳошияи рушди устувори экологӣ таъмин месозанд.

Мафҳуми сармоя ё ин ки маблағгузории “сабз” солҳои охир пайдо шуда, ба ин мафҳум як қатор усулҳои маблағгузории равандҳои технологӣ, лоиҳаҳо ва ташкилотҳо, молиявии мушаххас, аз қабили саҳмияҳо, вомбаргҳо, фондҳои махсусгардонидашуда ва қарзҳое, ки ҷанбаи экологӣ доранд ва ба ҳифзи муҳити зист вобастаанд, дохил мешаванд. Сармоягузории “сабз” маънои дониши амиқро дар бораи мушкилоти экологӣ ва дарки зарурати қабули чораҳои муассир барои ҳифзи муҳити зисти инсон дорад. Ба мафҳуми “сабз” мафҳумҳои наздик ба монанди “сармоягузории вобаста ба тағйирёбии иқлим” (climate change investment) ва “сармоягузории аз ҷиҳати экологӣ масъул” (environmentally responsible investment) дохил мешаванд [7].

Тағйирёбии иқлим яке аз ҷанбаҳои муҳими мушкилоти глобалӣ буда, дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо аз талоши муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад [11, 224]. Вобаста ба ин давлатҳои рушдёфта сиёсати “сабз”-ро интихоб намуда истодаанд. Дар амалишавии сиёсати “сабз” зарурати самаронок истифодабарии сармоягузории “сабз” саривақтӣ буда, ба воситаи он давлатҳо имконият пайдо менамоянд, ки имкониятҳои иқтидори “сабз”-и худро самаронок ба манфиати башарият ва пешгирии тағйирёбии иқлим истифода бурда тавонанд.

Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) истифода аз имконоти сармоягузории “сабз” бо мақсади мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши калидӣ дорад. Зеро ҳадафи сармояи “сабз” маблағгузории лоиҳаҳое мебошад, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқсозии иқтисодиётро ба шароити нави иқлимӣ коҳиш медиҳад. Ин сармоягузориҳо метавонанд ба маблағгузории энергияи барқароршаванда ва саноат равона созад. Дар Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 махсусан соҳаҳое интихоб шудаанд, ки дар амалисозӣ ба сиёсати сармоягузории “сабз” давлатҳои аъзо нақши назаррас хоҳад гузошт, ки соҳаҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Вобаста ба ин, бо истифода аз истеҳсолии таърихӣ ба пурзӯр намудани кор оид ба табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадам дар самти саноат ба шумор меравад. Инчунин, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт, рушди ҳамкорӣ дар самтҳои нави технологӣ, таъмини рушд ва таҷдиди технологияҳои истеҳсолӣ, таъсис ва мусоидат ба фаъолияти кластерҳои истеҳсолӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти илм мусоидат мекунанд [4]. Дар баробари ин, маҳсулоти дорои ҳиссаи баланди арзиши иловагӣ, аз ҷумла маҳсулоте, ки ба содирот ба кишвари сеюм нигаронида шудаанд, диққати махсус дода мешавад.

2. Бахши агросаноатӣ ва кишоварзӣ буда, дар ин самт ҷузъҳои муҳими талошҳои муштарак барои таъмини амнияти озуқавории давлатҳои ширкаткунанда мебошад. Инчунин ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи кишварҳои ИДМ ба маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи тухмӣ ва навъҳои баландсифати зироатҳои кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосири кишт барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ равона карда шудаанд [4]. Ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак дар соҳаи селексия, озмоиши навъҳо, тухмипарварӣ ва таъминоти байнидавлатӣ бо тухмиҳои навъӣ ва дурага идома дода мешавад.

3. Дар соҳаи энергетика бошад боиси қайд аст, ки корҳои муштарак дар асоси Консепсияи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи энергетика барои давраи то соли 2035, инчунин Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок ва татбиқи он идома дода мешаванд [4]. Илова бар ин, кӯшишҳои минбаъда барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар таъмини рушди технологии энергетика дар кишварҳои аъзо, гузаштан ба усулҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли нерӯи барқ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои барқароршаванда ва каммасраф равона карда мешаванд.

4. Дар самти ҳифзи муҳити зист, ҳамкории минбаъда оид ба таҳияи стандартҳои мувофиқашуда ва қоидаҳои экологи бо назардошти тартиби инфиродии ҳар як давлати иштирокчӣ оид ба истифодаи замин, сарватҳои зеризаминии он, ҷангал, об, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ таъмин карда мешавад [4]. Инчунин барои ба аҳолии давлатҳои иштироккунанда оид ба аҳаммияти баланд бардоштани нақши шуури чамъиятӣ дар халли мушкилотҳои экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ андешида мешаванд. Соҳаҳое, ки дар болозикр гардид, ба сармоягузории “сабз” равобти зич доранд.

Айни замон кишварҳои ИДМ дар самти сармоягузории “сабз” ва маблағгузории устувор аллакай иқдомоти мушаххаси худро роҷеъ ба робитаҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ роҳандозӣ намуда истодаанд, аз ҷумла:

Озарбойҷон мақсад дорад, ки то соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар тавлиди умумии нерӯи барқро тақрибан ба 38% расонад [3]. Сармоягузорӣ барои лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда муқаррар карда шуда аст. Аввалин вомбаргҳои сабзи Юнибонк (бо дастгирии ICMA/AIFC) мебошад. Дар моҳи июни соли 2024, Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи “Enabling the Energy Transition”-ро ба маблағи 40 миллион доллар тасдиқ намуда, мақсади лоиҳа ба муосирсозии шабакаҳои интиқоли барқ, тағйир додани меъёрҳо барои ҷалби сармоягузории хусусӣ ва ҳамгироӣ кардани манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия (1.1 ГВт) ба шабака то соли 2032 муайн карда шудааст [13].

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохтмони чаҳор нерӯгоҳи когенератсияи биогазро бо иқтидори умумии тақрибан 4 МВт дар минтақаҳои Гродно ва Брести Белорусия бо ширкати Modus Group маблағгузорӣ менамояд. Маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Фонди ҷаҳонии экологӣ барои навсозии системаҳои гармидиҳӣ, гузариш аз газ ба биомасса ва азнавсозии гармии биноҳои истиқоматӣ таваҷҷуҳи хешро равона намудааст. Ин лоиҳаи болозикр тақрибан 25 МВт, бо сармоягузории тақрибан 40 миллион доллар, ба рушди энергетикаи шамол нигаронида шуда, тақрибан 20000 хонаро бо энергияи тоза таъмин менамояд [14].

Бонки рушди Қазоқистон вомбаргҳои сабзро дар биржаи байналмилалии Остона баровард, ки аз ҷониби ташаббуси вомбаргҳои иқлимӣ тасдиқ шудааст. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Фонди глобалии экологӣ (GEF) инчунин лоиҳаи Коҳиши хавф дар сармоягузориҳои энергияи барқароршавандаро (DREI) дастгирӣ намудааст[1].

Қирғизистон IFC барои дастгирии лоиҳаҳои “сабз” ва иҷтимоӣ ба аввалин вомбарги рушди устувор (KICB) дар кишвар ба маблағи то 15 миллион доллар бархурдор шудааст [15].

Федератсияи Россия пас аз таҳримҳои байналмилалӣ аз технологияи воридотӣ маҳрум гардид ва ба истеҳсоли ватанӣ диққат дод. Айни замон дар самти татбиқи сармояи “сабз” пешсаф буда, бе кӯмакҳои ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ мустақилона лоиҳаҳои “сабз”-и худро амалӣ намуда истодааст. Дар солҳои охир Ҳукумати мазкур афзалияти лоиҳаҳои “сабз” ва стандартҳои ESG‑ро (муҳити зист, масъулияти иҷтимоӣ, идоракунии корпоративӣ) бештар ба пешниҳоди барномаҳо барои “вомбарги сабз” ва механизмҳои давлатӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои экологӣ ба назар гирифтааст [8]. Вазорати рушди иқтисод ва дигар ниҳодҳо таъкид мекунанд, ки тарҳҳои “сабз” бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид бошанд ва набояд аз берун аз ҳисоби суботи иқтисодӣ ё соҳаҳои анъанавӣ таҳмил шаванд[16].

Бонки Эсхатаи Тоҷикистон яке аз аввалин вомбаргҳои “сабз”-и худро (бо пули миллӣ) бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) баровардааст, ки барои дастгирии корхонаҳои хурду миёна ва лоиҳаҳои марбут ба иқлим пешбинӣ шудааст [5]. Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037 низ оғоз гардид. Баҳри татбиқи принсипҳои иқтисодиёти «сабз» Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ба тасвиб расидааст, ки ҳадаф аз қабули он дар гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» ифода меёбад [9]. Дар робита ба ин, дар кишвар барориши аввалини вомбаргҳои сабз дар соли 2024 ба роҳ монда шуд. Чунин иқдом баҳри татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, паст кардани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояҳо таҳия гардидааст. Ин қадами аввалин дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Бонки Эсхата» ва Корпоратсияи Байналмилалии молиявӣ (IFC) мавриди амал қарор дода шудааст [9].

Ширкати “Masdar”-и Абу-Дабӣ ва ширкати давлатии “Turkmenenergo” созишномаро оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 100 МВт дар вилояти Балкани Туркманистон ба имзо расониданд. Ин аввалин лоиҳаи бузурги ширкати Masdar дар Туркманистон мебошад. “Turkmenenergo” нақша дорад, ки дар марҳилаи аввал нерӯгоҳҳои офтобиро бо иқтидори умумии зиёда аз 6 МВт дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст бунёд намояд. Ширкати туркии “Çalık Energy” дар минтақаи Сердар (вилояти Балкан) нерӯгоҳи барқии гибридӣ (офтобӣ ва шамолӣ) бо иқтидори 10 МВт бунёд менамояд. Ин лоиҳа аз ҷониби Фонди рушди Абу-Дабӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳамкорӣ бо маблағгузории байналмилалӣ, ба монанди GCF, FAO, Masdar ва дигарон, ки технология, сармоя ва таҷрибаи байналмилалиро таъмин мекунанд, ба роҳ монда шудааст[12].

Узбекистон, мавқеашро дар биржаи Лондон мустаҳкам намуда, яке аз аввалин кишвари ИДМ, ки вомбаргҳои “сабз”-и соҳибихтиёрро бо пули миллӣ ба арзиши 4,25 триллион сӯм ва евробондҳоро ба маблағи 660 миллион доллар ба рӯйхат гирифт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон, ду транш мутаносибан дар солҳои 2028 ва 2026 пардохт карда мешавад. Дараҷаи вомбаргҳо дар шароити талаботи қавии сармоягузорон коҳиш ёфт. Даромад аз вомбаргҳои сабз инчунин барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои экология, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва назорати партовҳо истифода мешавад [17].

Рушди бозори вомбаргҳои “сабз” дар кишварҳои аъзои ИДМ баръало дида мешавад. Агар дар соли 2012 арзиши ҳамаи вомбаргҳои “сабз” ҳамагӣ 2,6 миллиард долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 575 миллиард доллар расидааст. Яъне дар солҳои охир бозори он босуръат рушд ёфта истодааст, зеро ҳукуматҳо талаботҳои навро барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ҷорӣ карда истодаанд [9]. Воситаҳои муосири маблағгузории иқтисодиёти “сабз” вомбаргҳои “сабз”, қарзҳои “сабз”, суғуртакунонии параметрӣ (индексӣ), краудфандинги “сабз” баромад мекунанд. Амалиётҳои молиявии “сабз” ҳамчун предмети фаъолияти субъектҳои бозори молиявӣ ҷараёни ташаккулёбии сармояро ба лоиҳаҳои маблағгузории “сабз” таъмин месозанд.

1.”Вомбаргҳои сабз” (green bonds) — қоғазҳои қимматноки қарзие мебошанд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои рушди устувор ва масъулиятноки иқлимӣ интишор карда мешаванд. Аз ҷумла, вомбаргҳои «ҷангалӣ»; вомбаргҳои «кабуд»; вомбаргҳои «сафед» .

2.Қарзҳои “сабз” — фаъолияти қарзие мебошад, ки бо дастгирии лоиҳаҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гузариш ба иқтисодиёти самараноки барқӣ алоқамандӣ дорад. Аслан ба ҳайси чунин қарзҳо инҳо баромад мекунанд: — қарзи автомобилии “сабз”; ипотекаи “сабз”.

3.Суғуртакунии параметрӣ (индексӣ), ки моҳияташ дар он хулоса меёбад, ки суғуртакунанда ҷубронҳои суғуртавиро дар ҳолате пардохт мекунад, ки агар рӯйдодҳои хавфӣ параметрҳоеро, ки дар шартномаи суғуртакунӣ муайян гардидаанд ноил гарданд. Чунин параметрҳо метавонанд масалан, баландшавии сатҳи об ҳангоми обхезӣ, суръати шамол ҳангоми туфон, магнитудаи заминларза ва ғ.

4. Краудфандинги “сабз” — шакли сармоягузории мутташаккилонае мебошад, ки дар ҷамъоварии (тавассути миёнаравии платформаҳои сармоягузорӣ) воситаҳои пулӣ ва доираи номуайяни шахсони сеюм бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои “сабз” хулоса меёбад [2].

Сармоягузории “сабз” дар ИДМ иқтидори назарраси минтақа дар соҳаи энергияи барқароршаванда ва самаранокии саноат тадриҷан инкишоф меёбад. Қабули самтҳои асосӣ, аз ҷумла ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор бо вуҷуди монеаҳо заминаи ҳуқуқӣ, набудани ҳавасмандгардонии дарозмуддат ва зарурати ҷалби сармояи хусусиро дар бар мегиранд. Кишварҳои ИДМ барои рушди энергияи гидроэнергетикӣ, офтобӣ, шамолӣ ва геотермалӣ захираҳои назаррас доранд. Татбиқи тадбирҳои самаранокии энергетикӣ дар саноат, манзил ва хоҷагии коммуналӣ метавонад партовҳои газҳои гулхонаиро коҳиш диҳад. Сармоягузорӣ ба низоми муосири идоракунии партовҳо, аз ҷумла коркарди дубора ва истеҳсоли партовҳо ба энергия, як ҷанбаи муҳими лоиҳаҳои “сабз” мебошанд. Дар рушди кишоварзӣ истифода аз технология аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳифзи хатарҳо ба инсонҳо ва табиат мусоидат менамояд. 23 июни соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид [10]. Дар рафти вохурӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод табодули афкор намуда, самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро муайян намуданд. Аз ҷумла, таҷдиди феҳристи тадбирҳои муштарак барои вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада дар шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ, табдили рақамии бахшҳои сӯзишворӣ ва энергетикии кишварҳои аъзои ИДМ, рушди фазои китобхонаву иттилоотӣ дар заминаи китобхонаҳои марзии кишварҳои аъзои ИДМ ва масъалаҳои ташкилии Форуми минтақаҳои ИДМ баррасӣ шуданд. Аз натиҷаҳои асосии ҷаласа тасдиқи нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок барои солҳои 2023-2030 оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи энергияи барқароршаванда буд [10].

Хулоса, роҳҳи ҳалли мушкилоти оламфарогир ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирӣ ба шумор меравад. Иқтидори “энергия сабз” ва саноати калон ва хурду миёна аз кӯмакҳои молиявии аъзои ИДМ вобастагии калон дорад. Истифодаи барномаҳои рушди байналмиллалӣ, инчунин дастгирии муассисаҳои молиявӣ ва фондҳои байналмилалӣ дар ҷалби сармоягузории “сабз” нақши муҳим доранд. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз омилҳои асосии гузариши бомуваффақият ба иқтисоди сабз маблағгузории он мебошад. Воқеан, бахши молиявӣ яке аз нерӯҳои пешбарандаи рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Бо идоракунии қавӣ ҳатто кишварҳои дорои захираҳои молиявии маҳдуд метавонанд онҳоро самаранок истифода баранд. Истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ боиси навоварӣ дар бахши молиявӣ мегардад, ки дар навбати худ ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад [6]. Маҳз молиявии “сабз” метаванад, дар татбиқи лоиҳаҳои “сабз” –и пешгирифтаи аъзои ИДМ кӯмак хоҳад кард.

Бисёре аз кишварҳои ИДМ стратегияҳои миллиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим ва рушди устувор таҳия намуда, барои лоиҳаҳои “сабз” муҳити мусоид фароҳам меоранд. Ин самт, афзоиши огоҳии афзоянда дар бораи тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои устувории экологӣ дар байни аҳолӣ ва корхонаҳо талабот ба ҳалли “сабз”-ро афзоиш медиҳад. Номукаммалии қонунгузорӣ, набудани қоидаҳои возеҳ ва устувор ва монеаҳои бюрократӣ барои сармояи “сабз” хатар эҷод менамояд ва зарурати ҷалби сармояи хусусӣ ва мавҷудияти пасти маблағгузории дарозмуддат мушкилоти асосӣ мебошад.

Барои суръат бахшидан ба рушди сармоягузориҳои “сабз” дар ИДМ беҳтар намудани фазои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, таҳияи механизмҳои маблағгузорӣ ва баланд бардоштани малакаи кадрҳо зарур аст. Кӯшишҳои муштараки давлатҳои аъзо, соҳибкорон ва робитаҳои байналмилаӣ метавонад дар амалӣ намудани иқтидори бузурги минтақа барои “иқтисоди сабз” мусоидат намояд.

Ҳамин тавр, бо дарназардошти қайдҳои боло пешниҳод карда мешавад:

1. Дар Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 дар самти амалисозии сиёсати сармоягузории “сабз” пешниҳод карда мешавад, ки дар доираи ИДМ бонки молиявии “сабз” ташкил карда шавад.

2. Ташкили конференсияҳо ва семинарҳо бо иштироки мутахассисон дар соҳаи технологияҳо ва лоиҳаҳои “сабз” мебошад, саривақтӣ мебошанд.

Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

АДАБИЁТ:

1. Банк Развития Казахстана разместил «зеленые» облигации на AIX . Манбаъи электронӣ https://aifc.kz/ru/novosti/bank-razvitiya-kazahstana-razmestil-zelenye-obligaczii-na-aix/ (Санаи муроҷиат:05.08.2025)

2. Бобоев, Ф. Ҷ. Таҷрибаи байналмиллалии татбиқи маблағгузории сабз / Ф. Ҷ. Бобоев // Политехнический вестник. Серия: Интеллект. Инновации. Инвестиции. – 2022. – №. 4(60). – P. 80-84. – EDN RGKBEN.

3. Зеленый прорыв: Азербайджан стал одним из лидеров по привлечению инвестиций в ВИЭ. Электронный источник: https://media.az/economy/zelenyj-proryv-azerbajdzhan-stal-odnim-iz-liderov-po-privlecheniyu-investicij-v-vie?utm_source=chatgpt.com

4. Концепция председательства Республики Таджикистан в Содружестве Независимых Государств в 2025 году. Электронный источник: https://eccis.org/img/news/28765/6772be667db92.pdf (Дата обращения:12.09.2025)

5. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва «Бонки Эсхата» ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ оғоз намуданд. Манбаъи электронӣ: https://khovar.tj/2022/07/korporatsiyai-bajnalmilalii-moliyav-va-bonki-eshata-i-ati-dastgirii-so-ibkorii-hurd-dar-to-ikiston-ba-amkor-o-oz-namudand/ (Дата обращения:15.07.2025)

6. Махмадали, Б. Н. Зеленое финансирование в поддержку предпринимательства в Республике Таджикистан / Б. Н. Махмадали, Ш. Икроми // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. – 2022. – № 3(92). – С. 77-84. – DOI 10.24412/2411-1945-2022-3-77-84. – EDN QBFYNO.

7. Обидов, К. Р. Баъзе ҷанбаҳои рушди "маблағгузории сабз" дар Тоҷикистон / К. Р. Обидов, Ш. А. Гурезова // Паёми молия ва иқтисод. – 2024. – №. 4(43). – P. 171-177. – EDN ELZFBU.

8. Россия может привлечь в климатические проекты до 600 млрд рублей. Электронный источник: https://www.vedomosti.ru/esg/ecology/news/2022/01/28/906795-rossiya-mozhet-privlech-v-klimaticheskie-proekti-do-600-mlrd-rublei?utm_source=chatgpt.com (Дата обращения:09.08.2025)

9. Самадова, З. А. Маблағгузории «сабз» ҳамчун Ҷузъи Ҷудонашавандаи иқтисодиёти «сабз» / З. А. Самадова // Фурӯғи илм. – 2024. – №. 4. – P. 153-159. – EDN LBWCIU

10. Страны СНГ утвердили концепцию по «зеленой энергетике» до 2030 года. Электронный источник: https://e-cis.info/news/566/110168/ (Дата обращения:09.08.2025)

11. Эмомалӣ Раҳмон - ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ. Маҷмуаи маърӯзаҳои конференсияи илмӣ- амалӣ//Зери таҳрири умумии Ҳайдарзода Р.Ҷ.-Душанбе: ҶДММ “Фаридунзода”. -2025.- 288с. Соҳиби Б. Сиёсати глобалии Тоҷикистон ба хотири ҳалли қазияи обшавии пиряхҳо.Саҳ- 224

12. 100 MW Solar PV Agreement Marks Masdar’s First Entry into Turkmenistan. Electronic source. https://masdar.ae/en/news/newsroom/masdars-first-entry-into-turkmenistan (Date of access:25.08.2025)

13. Armenia's Transition to Clean Energy and Power Transmission Grid Upgrades to Benefit from World Bank Support. Electronic source. https://www.worldbank.org/.../armenia-s-transition-to... (Date of access:08.07.2025)

14. Belarus to Enhance Energy Efficiency with Support from the World Bank. Electronic source https://www.worldbank.org/.../belarus-to-enhance-energy... (Date of access:08.07.2025)

15. IFC инвестирует в первые в Кыргызской Республике облигации устойчивого развития для поддержки зеленых и социальных проектов. Электронный источник: https://www.ifc.org/ru/pressroom/2025/ifc-invests-in-kyrgyz-republic-s-first-sustainability-bond-to-support-green-and-so (Дата обращения:09.10.2025)

16. Investments in green energy should not be imposed from outside — Russian minister. Electronic source https://tass.com/economy/1878007?utm_source=chatgpt.com (Date of access:15.09.2025)

17. Uzbekistan was the first in the CIS to place "green" bonds on the London Stock Exchange Orient Link: Electronic source https://orient.tm/.../uzbekistan-was-first-cis-place... (Date of access:15.09.2025)