Перейти к основному содержанию

озмун барои пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак

дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар заминаи Ёддошти тафоҳуми тарафайн аз моҳи августи соли 2017 ва Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои зерини илм ва технология озмун эълон менамоянд:

- мониторинг ва идоракунии захираҳои об, технологияҳои сарфаи об ва бехатарии оби нӯшокӣ;

- таҳия ва истифодаи технологияҳои энергияи атомӣ, гидроэнергетика, энергияи шамол ва офтоб;

- моделсозӣ ва тарҳрезии додаҳои калон, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои 5G, технологияҳои зондкунии фосилавӣ, маводшиносӣ, татбиқи технологияҳо дар саноат ва кишоварзӣ;

- мониторинги таъсири тағирёбии иқлим ва таҳияи вокунишҳо;

- технологияҳои муосири кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии озуқаворӣ ва чорводории муосир;

- экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи гуногунии биологӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирии ифлосшавӣ ва бехатарии муҳити зист;

- пешгирӣ ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла хатари офатҳои метеорологӣ, геологӣ, ҳашароти зараррасон ва бемориҳо;

- биофармасевтика, пешгирӣ ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ ва техникаи тиббӣ;

- таҳқиқот, коркард ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

- мушоҳидаҳои астрономӣ.

Дар озмун метавонанд муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намоянд.

Озмун барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои авзалиятноки илм ва технология дар се марҳила гузаронида мешавад. Талабот барои таҳияи лоиҳаи дархостӣ ва шаклҳои дархостии марҳилаҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Дар марҳилаи аввал лоиҳаҳои дархостӣ бояд мутобиқ ба шакли дархостии ШД № 1 (замима мегардад) то 5 июни соли 2024, соати 17:00 ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 33, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, утоқи 44.

Шахси масъул барои қабули лоиҳаҳо: Мирвайсов Маъмур - мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷиткистон.

Тел.: (+992 37) 2215315 (+992) 934322277. E-mail: mirvaise@gmail.com

ТАЛАБОТ БАРОИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ДАРХОСТӢ

Дар озмуни лоиҳаҳои муштарак оид ба самтҳои афзалиятноки илм ва технология метавонанд муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намоянд.

Озмун барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология дар се марҳила гузаронида мешавад.

Лоиҳаҳои дархостӣ дар марҳилаи аввал бояд тибқи талаботи зерин пешниҳод карда шаванд:

1. Шарҳи мухтасари лоиҳа (муҳиммият, мақсаду вазифаҳои лоиҳа ва натиҷаҳои интизорӣ).

2. Маълумотнома оид ба роҳбар ва иҷрокунандагони лоиҳа.

3. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шарики лоиҳа аз ҷониби муассисаи илмии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати ҳамкорӣ дар доираи лоиҳа (пешниҳоди ёддошти тафоҳум ё шартнома).

Ҳангоми таҳияи лоиҳа неруи зеҳнӣ, инфрасохтори муассисаи илмӣ, вақти кормандон барои иҷрои лоиҳа ва ҷалби воситаҳои заруриро барои татбиқи лоиҳа дарҷ намудан зарур аст.

Роҳбари лоиҳа бояд дорои дараҷаи доктори илм бошад ва дар самти лоиҳа собиқаи корӣ дошта бошад.

Маблағгузорӣ ва муҳлати иҷрои лоиҳа

Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки дастгирӣ меёбанд ба муассисаҳои илмие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой иштирок мекунанд дар ҳаҷми на камтар аз 1 млн юан (тақрибан 160 000 доллари ИМА) маблағгузориро пешбинӣ намудааст. Муассисаҳои илмие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштарак иштирок мекунанд бояд сарчашмаҳои иловагии маблағгузориро дарёфт намоянд ё барои амалӣ намудани лоиҳа тарафи сеюмро ҷалб намоянд.

Муҳлати татбиқи лоиҳа 2 солро фаро мегирад.

Лоиҳаҳои дархостӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.

Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ карда намешаванд.