Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 -уми ноябри соли 1994 қабул гардидааст, санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсии таҳкими давлатдорӣ ва рушди мамлакат мебошад. Дар ташаккули ин санади тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим бозидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади олии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони Федератсияи Россия, ИМА ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифтааст, яке аз панҷ беҳтарин дар байни давлатҳои узви созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Он асосҳои ҳуқуқии давлат, тамомияти кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин асосҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян менамояд ва заминаи ташкили қонунгузории мувофиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ гардида, ҳадафи худро ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон новобаста аз миллат, минтақа, забон ва дин гузошт.
Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо истиқлолияти Тоҷикистонро мустаҳкам кард, балки барои рушди ҳамоҳангии ҷомеа тибқи стандартҳои байналмилалӣ замина гузошт. Конститутсия инчунин барои рафъи таҳдидҳои истиқлолият шароити ҳуқуқӣ фароҳам овард ва аз тақсимшавӣ дар кишвар пешгирӣ карда, заминаи мустаҳкам барои расидан ба ваҳдати миллӣ гардид.
Қабули Конститутсия дар давраи мураккаби сиёсӣ барои расидан ба ризоияти миллӣ, ҳаёти орому осоиштаи халқҳои ҷумҳурӣ ва фаъолияти муқаррарии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он талаб карда шуд. Илова бар ин, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ ба таври ниҳоӣ ва расмӣ мустаҳкам намуда, бо ин роҳ истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври ҳуқуқӣ муқаррар намуд. Конститутсияи соли 1994 кафолати минбаъдаи ҳифз, рушд ва таҳкими истиқлолият аст.
Хусусияти дигари Конститутсия ин аст, ки меъёрҳои он дар муқоиса бо дигар қонунҳои замони шӯравӣ халқро ҳамчун ягона манбаи ҳокимият меҳисобанд, ки метавонад дар ҳаёти сиёсии давлат иштирок кунад ва фикри худро инъикос кунад. Таъкид гардид, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ва рушди соҳибкориро кафолат медиҳад.
Дар Сарқонун таъкид шудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як аъзои ҷомеаро, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқод, эътиқоди сиёсӣ, маориф, вазъи иҷтимоӣ ва моликияташро кафолат медиҳад. Он баробарии байни мард ва занро кафолат дода, меъёрҳои он барои рушди ташаббуси шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Муҳимтар аз ҳама, инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст.
Дар бораи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан ронда, мо бори дигар аҳамияти онро дар таҳкиму ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ, истиқрори сулҳу ризоият дар кишвар, бунёду рушди давлати демократӣ тавассути меъёру принсипҳои бунедии он дарк мекунем.
Муҳим ин ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ аст ва доимо такмил дода мешаванд. Дар давраи истиқлолият ба Конститутсияи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Тартиб, сохтори идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асосҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёт, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, афзалияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеа маҳз аз меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда бармеоянд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.
Ҳамин тариқ, бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ буда, ба талаботи замон ҷавобгӯ аст ва манфиатҳои асосии халқи тоҷикро ифода менамояд.
ДАВЛАТОВА ФАРИДА - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва
Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

